Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 кушта ва 15 захмӣ дар ҳамла ба раҳгузарон дар Торонто


Пулиси Торонтои Канада мегӯяд, ки рӯзи душанбе бар асари кӯбидани як микроавтобус ба пиёдагардон дар яке аз кӯчаҳои марказии ин шаҳр, 10 нафар ба ҳалокат расида, 15 нафар захмӣ шудаанд. Пулис ҳамчунин мегӯяд, ки вазъияти ҳадди ақал 5 нафар аз захмиёни ин ҳодиса вазнин аст.

Ба гузориши хабаргузориҳо, пулис гуфтааст, ки ронандаи 25-сола Алек Минассян боздошт шудааст. Ин ҳодиса соати 1:26 дақиқаи баъд аз зӯҳр ба вақти маҳаллӣ рух дода ва пулис 26 дақиқа пас аз оғози ин ҳамла ронандаро боздошт кардааст. Шоҳидон гуфтаанд, ки ронанда ибтидо вориди пиёдарав шуд ва бо иддае аз мардум бархӯрд, сипас ба роҳи калон баргашт ва каме пештар бори дигар вориди пиёдарав шуд ва ба раҳгузарон кӯбид.

Мақомҳои ҳукумати Канада гуфтанд, таҳқиқот дар бораи омили ин ҳамла оғоз шуда ва ҳанӯз наметавон дар бораи ангезаи он суҳбат кард. Бинобар ин, ҳанӯз маълум нест, ки оё ин ҳамла террористӣ будааст ё на.

Дар ҳамин замина, Алӣ Шокир, як шоҳиди айнӣ ба НБС Нюз гуфтааст, микроавтобуси сафед ҳамин тавр дар ҳоле, ки пиёдагардонро пас аз дигаре зер мекард, дар ҳоли ҳаракат буд. Воқеан мисли як хоб буд."

Майк Пенс, муовини аввали раиси ҷумҳури Амрико дар "Твиттер"-и худ гуфтааст, бо ҳамроҳи раиси ҷумҳури ИМА вазъияти ҳамла ба раҳгузарони бегуноҳ дар Торонторо аз наздик зери назар доранд.

Торонто рӯзи душанбе мизбони нишасти ҳафт вазири хориҷии гурӯҳи G-7 аст. Ҷои ин нишаст дар меҳмонхонаи "Интерконтинентал" аст ва аз маҳали ҳодиса наздик ба 30 километр, фосила дорад. Вазорати умури хориҷии Канада эълон кардааст, ки ҳеҷ тағйире дар барнома ворид нашудааст ва нишасти вазирони умури хориҷӣ баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG