Пайвандҳои дастрасӣ

ИА: Дар Тоҷикистон тамоюли манфии маҳдудияти озодиҳои шаҳрвандӣ ҷараён дорад


акс аз бойгонӣ

Дар Брюссел мулоқоти шашуми аъзои Кумитаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо баргузор шуд. Дар ин ҷаласа, ки рӯзи 9 март барпо гардид, ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки стратегияи баъдии Иттиҳодияи Аврупо бояд ба таври вижа сари масоили пешбурди ислоҳот, бозтар шудани ҷомеа, эҳтиром ба ҳуқуқи башар, пуштибонӣ аз ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва масоили дигар тамаркуз кунад.

Аз Тоҷикистон дар ин нишаст Завқӣ Завқиев, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо иштирок кардааст. Дар иттилоияи Иттиҳодияи Аврупо, ки рӯзи 12-уми март ба дасти Радиои Озодӣ расид, гуфта шудааст, ки ҷонибҳо “ислоҳоти демократӣ ва ҳуқуқи бунёдиро ҳамчун бахши муҳими ҳамкориҳои ИА ва Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд”.

Музокироти Брюссел дар ҳоле баргузор шуд, ки созмони байналмилалии Human Rights Watch натиҷаҳои музокироти сатҳи баланди мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистонро дар масоили ҳуқуқи башар, ки октябри соли 2017 дар Душанбе ҷараён гирифт, интиқод карда буд.

Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки дар Тоҷикистон як тамоюли манфии маҳдуд шудани фазои озодиҳои шаҳрвандӣ ҷараён дорад. “Иҷозаи пахши садоҳои мухталиф ва назарҳои сиёсиву демократӣ дар кишвар ба манфиати эътидоли дарозмуддат ва рушди иқтисодӣ мебошад”, гуфта шудааст дар иттилоияи ИА.

Кумитаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо таъкид кардааст, ки расидагӣ ба чолишҳои беруна ва дохилии амниятӣ бояд ба таври муносиб сурат бигирад. Мувофиқа шудааст, ки дар ин масоил ҳамкориҳо идома ёбад. Иттиҳодияи Аврупо аз баргузории конфронси муқобила бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз ифротгароиву хушунат истиқбол кардаст. Ин конфронс қарор аст моҳи май дар Душанбе баргузор шавад.

Дар ҷараёни кори ҷаласаи шашуми Кумитаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо инчунин масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ шуд. Иттиҳодияи Аврупо ба пуштибонии сиёсати макроиқтисодии мӯътадил ва ҳам пешравӣ дар мудирияти молӣ таъкид кардааст.

Аз Тоҷикистон даъват шудааст, ки ба хотири ҳамгироии иқтисоди ин кишвар бо иқтисоди ҷаҳонӣ дар фикри беҳбуди фазои тиҷоратӣ, мудирияти дурусти иқтисодӣ, ҷалби ширкатҳои бештари тиҷоратӣ ва сармоягузории мустақими хориҷӣ бошад.

Интиқоди фаъолони ҳуқуқи башар аз ИА

Музокироти Брюссел дар ҳоле баргузор шуд, ки созмони байналмилалии Human Rights Watch натиҷаҳои музокироти сатҳи баланди мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистонро дар масоили ҳуқуқи башар, ки октябри соли 2017 дар Душанбе ҷараён гирифт, интиқод карда буд. Дар остонаи ин нишаст созмони байналмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон Human Rights Watch аз Иттиҳодияи Аврупо хост, ки ба Тоҷикистон фишор оваранд, то дар ин кишвар саркӯбҳои сиёсӣ хотима ёбанд.

Вале баъди анҷоми музокироти баландпоя дар Тоҷикистон бо иштироки Питер Буриан, намояндаи вижаи ИА барои Осиёи Марказӣ танқид кард. Пажӯҳишгари ин созмон Стив Свердлов мақомоти аврупоиро дар мавқеи нармашон нисбат ба Тоҷикистон танқид карданд, дар ҳоле, ки бояд, ба гуфтаи ин созмон, барои мурооти ҳуқуқи инсон дар ин кишвар, озод шудани зиндониҳои сиёсии мисли Бузургмеҳр Ёров талош варзанд. Ҳуқуқшиноси мустақил баъди боздошти аъзои раёсати ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дастгир шуд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон гуфтанд, ки омодагии ҳуқуқшинос барои ҳимоят аз ҳуқуқи боздоштшудаҳои ҲНИТ боиси маҳкумияти ӯ ба 28 соли зиндон шуд.

Вале мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, ҳукми ӯ ҳеҷ ангезаи сиёсӣ надорад ва ӯ барои нақзи моддаҳои Кодекси ҷиноӣ дар бахши “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ”, “беэҳтиромӣ ба намояндаи додгоҳ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият" ба зиндон маҳкум шуд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон аз ғарб, аз ҷумла Иттиҳодияи Аврупо тақозо кардаанд, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи озодии баён, фаъолияти озоди созмонҳои ҷамъиятӣ ва матбуоти мустақил дар Тоҷикистон садо баланд кунанд.

Таърихчаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИА

Кумитаи ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон ташаккулест, ки соле як бор дар ҳудуди Душанбе ё Брюссел баргузор мешавад. Дар чаҳорчӯби ин кумита масоили марбут ба ҳамкориҳои ду ҷониб баррасӣ мешаванд. ИА мегӯяд, ки бар асоси барномаи рушди ИА ва Тоҷикистон дар солҳои 2014-2020 ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва рушди деҳот дар Тоҷикистон 251 миллион евро ихтисос дода мешавад. Аз соли 1992 ба ин сӯ ИА ба Тоҷикистон тахминан 35 миллион доллар кӯмак мекунад.

Инчунин, ИА Тоҷикистонро дар татбиқи ислоҳоташ дар системаи идоракунӣ, сиёсати тиҷоратӣ ва идоракунии молияи давлатӣ дастгирӣ мекунад. ​

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG