Додгоҳи адлияи Иттиҳоди Аврупо рӯзи 8-уми май ҳукм кард, ки номи Исмоилова дар рӯйхати шахсони мавриди таҳрим бимонад.
Гулбаҳор Исмоилова ҳам ба мисли бародараш ва сарватмандони дигари тарафдори Кремлин баъд аз шурӯи ҷанги бедалели Русия алайҳи Украина ба феҳристи афроди зери таҳрим ворид шуд.
Додгоҳ дар қарораш гуфт, Исмоилова бояд инчунин хароҷоти мурофиаҳоро худаш бипардозад.
Моҳи феврал айнан чунин даъвои Алишер Усмонов, ки яке аз сарватмандтарин соҳибкорони Русия ва шахси наздик ба президент Владимир Путин ба шумор меравад, рад шуда буд.