Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаллоқ ва ҳашт сол зиндон – ҳукми Муҳаммад Расулоф дар Эрон


Муҳаммад Расулоф
Муҳаммад Расулоф

Додгоҳе дар Эрон коргардони шинохта ва мунтақиди Ҷумҳурии Исломӣ Муҳаммад Расулофро ба ҳашт сол зиндон ва шаллоқ (тозиёна) маҳкум кард.

Вакили мудофеъ Бобак Покниё рӯзи 8-уми май дар паёме дар шабакаи “Х” (Твиттери собиқ) гуфт, инчунин, амволи шахси зери ҳимояташ мусодира хоҳад шуд.

Муҳаммад Расулофро барои “рафтори зидди амнияти миллӣ” гунаҳкор донистаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳои синамоӣ ҳукми додгоҳи Эронро танқид ва раҳоии Расулофро талаб карданд.

Анҷумани синамогарони мустақили Эрон дар баёнияе гуфт, ҳукми Муҳаммад Расулоф нишон медиҳад, ки “қонун дар дастгоҳи қазоии Ҷумҳурии Исломӣ танҳо абзоре барои интиқомгирӣ аз мухолифон аст.”

Муҳаммад Расулоф соли 2020 барои достонаш дар бораи ҳукми қатл ва зулм дар Эрон ҷоизаи олии ҷашнвораи синамои Берлинро соҳиб шуда буд.

XS
SM
MD
LG