Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ӯ метавонист тоҷикро соҳиби Ҷоизаи Нобел гардонад"


Абдуфаттоҳ Ҳотамов

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Ҷойгоҳи Абдуфаттоҳ Ҳотамов дар низоми маорифи кишвар вижа аст. Бале, ӯ вазири маориф набуд, аммо ислоҳотеро дар ин бахш анҷом дод, ки ба эҳтимоли қавӣ ягон мансабдор накардааст.

Гуфтан мумкин, шахсе буд, ки мушкилоти маорифи кишварро мӯ ба мӯ медонист, вале аз низоми маориф интиқод намекард. Назарашро беғаразона мегуфт. Ин гуна ибрози назарҳо ҳам барояш осон намеафтод, чун ӯро намефаҳмиданд.

Бо таъсиси “Ҳотам ва ПВ.” хост, он ҳама нуқсони соҳаи маорифро дар маҳдудаи ҳамин дабистон бартараф кунад ва муваффақ ҳам шуд.

Имрӯз ин гимназия аз беҳтарин муассисаҳои таълимии кишвар аст, ки шогирдонаш дар озмунҳои ҷаҳонӣ низ ширкат кардаву бо дастовезҳои муносиб, бо медалҳо бармегарданд. Онҳо дар ширкатҳои сатҳи ҷаҳоние, чун Google кор мекунанд. Дар ширкату муассисаҳои дигари номдор ҳам...

Бо ӯ борҳо сӯҳбат доштам ва суҳбаташон бароям ҳамеша хотирмон анҷом мешуд. Устод, дар ҳақиқат ҳамсуҳбати ҷолиб ба ҳисоб мерафт. Мисли аксарият андеша намекард. Муваффақияти устод Ҳотамов дар он буд, ки ба ҳама суолҳо ва масъалаҳои маориф ҷавоби худро дошт. Ӯ на танҳо ташаббускор ва чораандеш, балки як навовар ва мушкилкушо ҳам ба ҳисоб мерафт.

Агар вазифаи аслии маориф тарбияи насли солимфикр, бомаърифат, нексиришт ва накӯкор бошад, пас, ба назари инҷониб, устод Ҳотамов гӯё барои дарозмуддат ҳалли ҳама мушкилоти кишварро бар дӯш дошт.

Боре аз эшон пурсидам, ки чаро ба ягон мукофоти давлатӣ ӯро қадр накардаанд? Мисли ҳамеша самимӣ посух дод:

- Аввалан, барои гирифтани мукофоти давлатӣ кӯшиш кардани ман аз рӯи одоб нест. Баъдан, чунин намеҳисобам, ки сазовори ягон мукофоти давлатӣ бошам, зеро то ҳоло ҳеч кори арзишмандеро барои мардум накардаам. Сониян, умуман, ба назари ман, шумораи муаллимони дорандаи мукофоти давлатӣ ангуштшуморанд, агарчи шояд саҳв кунам. Гумон мекунам, ки мову Шумо бояд фарзандони шоистаи миллатро донем ва ҳаёту фаъолияти онҳоро барои тарбияи насли наврас истифода намоем. Маҳз ҳамин аст, яке аз мақсадҳои асосии бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонидани фарзандони шоистаи миллат...

Аммо аз ҳар ғалабаи шогирдонаш дар озмунҳои байналмилалӣ шодиву кӯдаквор ифтихор мекард ва мегуфт, ки ҳар як барандаи медали олимпиадаи илмӣ, агар самти фаъолияташро тағйир надиҳад, барои башарият дастовардеро пешниҳод менамояд ва кори назаррасеро ба анҷом мерасонад.

Ҳотамов ба ин назар буд, ки ҳар шахсе, ки Тоҷикистонро барои ҷаҳониён муаррифӣ мекунад, хоҳ дар мусобиқаи варзишӣ бошад ва хоҳ дар мусобиқаҳои илмӣ, новобаста аз синну сол, ӯ бояд ҳамчун фарзанди қаҳрамон дониста шавад ва мувофиқи ҳамин ном қадрдонӣ гардад.

Маротибаи дигар аз ӯ пурсидам, ки ин қадар талош мекунед, аммо бовар доред, ки барномарезони мо бо ҳамтоёни худ аз мамолики Ғарб рақобат карда тавонанд? Бо табассуми зебанда ҷавоб дод:

- Чаро не? Барои воқеияти имрӯз фарқ надорад, ки Шумо фарзанди кадом сарзамин ҳастед, ба Интернет дастрасӣ дошта бошед, кофӣ аст. Дастпарвари литсейи мо, ғолиби мутлақи олимпиадаи байналмилалӣ аз илми нанотехнология Хурсанд Ёров низ баъди ин муваффақияташ изҳор дошта буд, ки ояндаи пешрафти илм ҳамагуна марзу монеаҳоро аз миён мебардорад. Аз гуфтани як нуктаи дигар ҳам ман тарс надорам. Агарчи шояд хеле хушбинона ё соддалавҳона ба назар расад. Ба назари ман, Тоҷикистон имкон дорад, ки дар Осиёи Марказӣ ҳамчун маркази инноватсионӣ обрӯву эътибор пайдо кунад. Агарчӣ дар ин самт имрӯз пеш аз ҳама Қазоқистон таваҷҷӯҳ дораду ҳамасола барои ин миллионҳо доллар сарф мекунад. Вале натиҷаи кӯшишҳои шогирдони мо аз он далолат медиҳанд, ки чунин имкониятро пеш аз ҳама мо дорем. Як далели дигар. Бубинед, дастпарвари литсейи мо Муҳаммад Шоев, ки дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон – Донишгоҳи технологии Токио таҳсил менамояд, дар натиҷаи мушоҳидаҳояш ба чунин хулоса расидааст, ки сатҳи саводи дастпарварони литсейи мо аз аксари донишҷўёни донишгоҳи Ҷопон, махсусан худи ҷопониҳо баландтар аст. Чунин хулосаро ӯ дар миёни донишҷўёне кардааст, ки дар илми барномасозиву технология дар ҷаҳон мавқеи хосеро соҳибанд...

Дар ҳақиқат ҳам, шогирдони “Ҳотам ва ПВ” ҳамагӣ чанд соли ахир аст, ки дар озмунҳои байналмилалии фаннӣ иштирок мекунанд ва ҳамеша бо дастовардҳо бармегарданд. Барои мисол аз мамолики сарватманди араб иштирокчиёне ҳастанд, ки солҳо боз ширкат доранд, аммо натиҷаеро соҳиб нашудаанд. Ҳарчанд онҳо омодагии хуб мебинанд, устодонро аз Аврупову Амрико барои таълим даъват мекунанд, барои иштирок дар озмунҳо хароҷоти зиёд менамоянд. Вале бенатиҷа.

Сабаби инро аз Ҳотамов пурсидам.

- Ба фикри ман як сабаб дорад. Дуруст, шогирдонашон донишу кӯшиш доранд, вале қобилияти фикрронияшон ташаккул наёфтааст. Яъне бартарияти дастпарварони мо, пеш аз ҳама ҳамин аст, ки онҳо қобилияти фикри мустақилонаро доранд. Бубинед, аксари шогирдони мо аз бархе устодони худ баъзе чизҳоро хубтар медонанд, чунки онҳо мустақилона бисёр меомӯзанд. Ё инро ба назар гиред, ки аз устодони мо касе нанотехнолог нест, вале мо дар ин самт шогирдоне дорем, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Ин ҳама натичаи шавқу завқи шогирдон аст, ки онро литсей дар вуҷудашон бедор намудааст, - ҷавоб дод ӯ.

Боре аз муаллим пурсидам, ки намешавад андешаву бардоштҳои ҷолиби худро дар қолаби як консепсия ба вазорати маорифи кишвар пешниҳод намояд, то дар сартосари Тоҷикистон амалӣ гарданд?

Гуфт ин корро бо роҳи дигару муассиртар – таъсиси Маркази барномарезӣ ва технологияҳои ҷадид дар назди “Ҳотам ва ПВ” амалӣ карданист.

- Дар он сурат, наврасону ҷавонон барои машғул шудан ба ин илм имконияти бештар пайдо менамоянд. Онҳо аз ҳисоби фаъолияти барномарезии худ метавонанд даромади хуби молиявӣ ба даст оранд, ки омили муҳимест. Дар чунин ҳолат, миёни наврасону ҷавонон мусибиқа оғоз мегардад: «кӣ фаъолтар?», «кӣ донотар?» ва дар ниҳоят кӣ доротар?».

Дар сӯҳбати дигарамон аз эшон пурсидам, ки оё дар ояндаи дур имкон дорад, ки аз Тоҷикистон касе Ҷоизаи Нобелро ба даст орад?

Посухи ӯ дар ҳақиқат таккондиҳанда буд. Гуфт, агар мо фаъолияти донишгоҳи илм ва техникаро оғоз намоем, баъди тақрибан 15 сол ин оянда фаро мерасад. “Ҳатто худи имрӯз ман дар симои чанд дастпарвари литсейи худ чунин ашхосро мебинам” бо итминон гуфт Ҳотамов.

Мутаассифона ин ҳама орзуву ниятҳо нотамому нимкора монд. Сохтмони нави литсей ҳам.

Бовуҷуд, Ҳотамов нафаре буд, ки тавонист дар бахши маорифи кишвар инқилоб барпо кунад, волидонро ба таълими фарзандонашон махсусан дар самти фанҳои дақиқ таҳрик диҳад.

Пас чаро ба номаш ҷоизае дар ин бахш таъсис надиҳем? Ё шояд идрорпулие ба хонандагону донишҷӯёне ташкил намоем, ки дар озмунҳои байналмилалӣ ғолиб меоянд, ё дар донишгоҳҳои пешрафтаи дунё таҳсил доранд?

Ба фикрам, ин ҳам қадрдонии як шахсияти миллист ва ҳам таҳрик додани насли нав ба омӯзиши бештар...

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (9)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG