Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амнияти озуқаворӣ дар давраи пандемия: Тоҷикистон чӣ кор мекунад?


Як марди деҳқон дар Турсунзода

Ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон дар давраи пандемияи корнавируси COVID-19 дар ҳоли озмоиши тавоноияш аст.

Коршиносони байналмилалӣ, бо ҳадафи коҳиш додани пайомадҳои манфӣ ба иқтисод, аз ҳукумат даъват мекунанд, ки бештар ба бахши кишоварзӣ диққатб диҳанд. Намояндаҳои мақомот мегӯянд, ки дар ин самт кор мекунанд. Коршиносони маҳаллӣ бар ин назаранд, ки посух ба ин даъватҳо танҳо бо барасии чунин мушкилот маҳдуд шудааст.

ВАҚТЕ ШАКАР ВА РАВҒАН ГАРОН ШУД...

Нархи хӯрокворӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли боло рафтан аст. Ҳафтаи гузашта Радиои Озодӣ аз 30% афзудани равғани офтобпараст ва шакар хабар дода буд, ки маҳсулоти ниёзи аввали мардум шумурда мешаванд.

Ба маълумоти Оҷонсии омори назди президенти Тоҷикистон сатҳи таваррум (инфлясия) дар бозори истеъмолии Тоҷикистон дар 9 моҳи ахир 5,1%-ро ташкил медиҳад. Хабаргузории “Азия-Плюс” рӯйхати маҳсулотеро овардааст, ки бино ба маълумоти расмӣ дар ин сол аз ҳама бештар гарон шудаанд. Дар рӯйхат дида мешавад, ки шакар 19,6%, маҳсулоти ордӣ 11,7%, мева 7%, равған 7%, картошка 5,7% ва гӯшт 5% гарон шудаанд.

Ҳарчанд ҳукумат мегӯяд, ки то охири сол метавонад таваррумро дар сатҳи 7% нигоҳ дорад, бино ба ҳисобҳои Бонки ҷаҳонӣ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон имсол ба 10% хоҳад расид.

Таъмини амнияти озуқаворӣ барои Тоҷикистон солиёни зиёд аст, ки ҳадафи стратегӣ дониста мешавад ва дар замони ҳамагирӣ доғтар шудааст. Ҳарчанд коршиносони наздик ба ҳукумат борҳо дар бораи расидан ба ин ҳадаф гуфтаанд, воқеияти бозорҳои Тоҷикистон ва вазъи бахши кишоварзӣ манзараи дигаргунаро нишон медиҳанд. Бино ба баҳогузории коршиносон, коҳиши даромадҳои воқеии шаҳрвандон дар натиҷаи поин рафтани интиқоли пул аз сӯйи муҳоҷирон, ҳамчунин манъи содироти маҳсулот аз сӯйи кишварҳои содиркунанда вазъро хеле печидатар кард.

ТАВСИЯҲО ВА ВОҚЕИЯТ

Ҳафтаи гузашта намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс ҳангоми ҷаласаи Шӯрои Машваратӣ доир ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ аз мақомоти кишвар бори дигар даъват кард, ки бахши аграриро рушд бидиҳанд (дар ҳамаи марҳилаҳо, аз кишоварзӣ то саноат) ва гузариш ба иқтисоди рақамиро таъмин намоянд. Ба гуфтаи вай, ислоҳот бояд ба барҳам задани монеъаҳои сари роҳи моликияти шахсӣ нигаронида шуда бошанд ва яке аз талошҳои муҳим дар ин самт бояд ислоҳоти молиётӣ (андоз) шавад.

Деҳқонони маҳаллӣ ислоҳоти андозро муҳим медонанд, вале онро ягона монеъа барои рушди бахши кишоварзӣ намедонанд.

Мирзошоҳи Акобир, деҳқоне, ки солиёни зиёд дар ноҳияи Рашт заминдорӣ мекунад, мегӯяд, ки баъд аз он ки хоҷагиҳои умумӣ ба инфиродӣ таҷзия шуданд хоҷагиҳои оилавӣ фоидаовар шуданд, аммо ин то замоне буд, ки мақомоти маҳаллӣ ба кори деҳқон дохолат накарданд.

“Ман борҳо шоҳид будам, заминҳоеро, ки гандум корида буданд, маҷбур карданд, ки ҷуфт бикунанду картошка бикоранд. Ин ки ин нафарон барои ин кор чӣ қадар масраф карда буданд, касеро ба ташвиш наовард”,-мегӯяд ин деҳқон.

Ба гуфтаи вай, ҳамчунин мушкили расонидани маҳсулот ба бозор бидуни миёнравҳо, бурдани маҳсулот ба беруни кишвар ва додани қарзҳои дарозмуддат ба кишоварзон низ вуҷуд дорад. Ҳамаи инро ӯ, дар якҷоягӣ, омили он медонад, ки мардумро барои машғул шудан ба заминдорӣ дилгарм намекунад.

Бино ба натиҷаҳои шаш моҳи соли 2020 ҳаҷми кишоварзӣ дар таркиби маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 17,4%-ро дар ҳоле ташкил дод, ки 70% аҳолӣ машғули ин бахшанд. Рақамҳо нишон медиҳанд, ки ин бахш ҳатто қодир нест онҳоеро бихӯронад, ки мустақиман машғули онанд.

НОРАСОИИ АРЗ-ТАҲДИДИ АСОСӢ

Шореҳи иқтисодӣ Пайрав Чоршанбиев мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир ҷумҳурӣ дар бахши маҳсулоти ғизоӣ аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ, ба ҷуз мева ва сабзавот ва маҳсулоти шириву тухм, дигар наметавонад ниёзҳои худро қонеъ кунад.

“Талабот ба дигар маҳсулоти ниёзи аввал (орд, равғани растанӣ, шакар, гӯшт, моҳӣ ва ғайра)-ро аз ҳисоби воридот таъмин мекунад. Барои ин ки ин ё он маҳсулотро ворид кунад, арз зарур аст. Дар гардиши савдои берунӣ солҳои охир ҳаҷми воридот аз содирот се баробар бештар аст, норасоии арз солона ба $3 млрд баробар аст. Норасоии арз аз ҳисоби интиқолҳои муҳоҷирон ҷуброн мешавад. Ба ин тартиб, амнияти озуқавории кишвар ҳанӯз ҳам аз пулҳои интиқолии муҳоҷирон сахт вобастагӣ дорад”,- мегӯяд Чоршанбиев.

Ӯ ба ин таъкид мекунад, ки мақомот дар ин самт барномаҳои гуногун қабул мекунанд, вале ин кофӣ нест. Аз ин рӯ, ҷумҳурӣ бояд ба таври қатъӣ аз бунёди биноҳои маъмурии пурдабдаба, иншооти фароғативу фарҳангӣ ва ёдгориҳо даст кашад ва маблағҳои мавҷудро барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ равона намояд, то талабот ба воридотро кам кунад.

ЧОРАҲОИ ҲУКУМАТ

Аз оғози сирояти коронавирус дар Тоҷикистон, апрели 2020, Ситоди ҷумҳурявии пешгирӣ аз паҳншавии он, содироти ҳама намуд маҳсулоти ғалладона ва лубиёӣ, аз ҷумла орд, гандум, биринҷ, наск, нахуд, тухм, картошка ва ҳамчунин ҳама намуди гуштро манъ кард.

Президент Эмомалӣ Раҳмон ба вазоратҳои саноат ва кишоварзӣ дастур дод, ки истеҳсол ва захираи маҳсулоти ниёзи аввалро афзоиш диҳанд, ҳамчунин майдони кишти картошка, ҷуворӣ ва анвои дигарро зиёд кунанд.

Сардори давлат мансабдоронро водор кард, ки ба мардум зарурати ташкили гармхонаҳо, аз ҷумла дар заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти саривақтии сабзавот, маҳсулоти ғалла ва полизӣ ва гирифтани ду-се ҳосилро бирасонанд.

Июни имсол қарори ҳукумат “Дар бораи барномаи амнияти озуқавории ҶТ барои солҳои 2020-2024” содир шуд, ки меҳвари асосии он расидан ба ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ буд.

Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода мегӯяд, ки амнияти озуқаворӣ замоне фаро мерасад, ки 70% кишвар битавонад худро аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ таъмин кунад. “Ҳукумат даъват кард, ки маҳсулотро захира кунед ва қитъаҳои заминро самарнок истифода баред. Соли ҷорӣ дар маҷмуъ соли ҳосилхез буд, вале ҳосил чӣ қадар шуд рӯзҳои наздик маълум мешавад”,-гуфт Латифзода.

Сиёсатмадор таъкид мекунад, ки ҳангоми баррасии Кодекси нави андоз ҳизби онҳо пешниҳод кардаст, ки андозбандии бахши кишоварзӣ бозбинӣ шавад, вале пешниҳоди онҳо пазируфта мешавад ё не ҳанӯз маълум нест.

Сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов, ки мушкилоти амнияти озуқавориро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, ки набуди манбаҳои қарздиҳӣ, болоравии нархи мавод, нуриҳои минералӣ, ҷамъоварии андоз ва таварруми умумӣ касби кишоварзиро зараровар кардааст ва муъҷиби муҳоҷирати оммавӣ ба берун аз кишвар ва буҳрон дар бахши амнияти озуқаворӣ шудааст. “Ҳоло бисёр чизро ворид мекунанд, маҳсулоти дохилӣ рақобат карда наметавонад. Ба ҷуз ин, ширкатҳои бузург дар рақобат манфиатдор нестанд”,-мегӯяд коршинос.

Ба бовари ҳамсӯҳбати мо, дар сурати баргузории ислоҳот дар бахши кишоварзӣ, кишвар метавонад ба таври қобили мулоҳиза аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ озуқавориро таъмин намояд.

АЗ ПАСИ РЕЙТИНГ

Ин ки оё мақомот метавонанд алоқаи мардумро ба бахши кишоварзӣ бештар кунанд ва ба ҳадафҳои гузошташуда дар бахши таъмини амнияти озуқаворӣ бирасанд, суол боқӣ мемонад.

Ҳанӯз дар шохиси “Амнияти ҷаҳонии озуқаворӣ» (The Global Food Security Index), ки ҳамасола маҷалаи бритониёии The Economist таҳия мекунад, Тоҷикистон соли 2019 мақоми 93-юмро дар миёни 113 кишвар дар паҳлуи Лаову Нигериё гирифта буд. Шохис аз се ҷузъи асосӣ иборат буд: сатҳи дастрасӣ ва талабот ба маҳсулоти хӯрокӣ; мавҷудият ва кифоягии маҳсулоти хӯрокӣ; сатҳи кайфият ва бехатарии маҳсулоти хӯрокӣ.

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG