Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бе омори дақиқ муқобила бо коронавирус душвор аст"


Русия
Русия

Гурӯҳе аз муҳаққиқон дар Санкт-Петербург талош доранд, муайян кунанд, ки то куҷо тибби Русия барои муқобила бо пандемияи коронавирус омода буд? Ва пушти рақамҳое, ки мансабдорон пешниҳод мекунанд, чӣ меистад?

Рӯзи 8-уми апрел губернатор ё волии Санкт-Петербург, Александр Беглов, дар мулоқоте бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ва раҳбарони ноҳияҳо эълон кард, ки ин шаҳр 1784 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ дорад ва ба 1618 дастгоҳи дигар зарурат ҳаст. Вале ин ки дар шаҳр ва дар маҷмуъ дар кишвар, чӣ теъдод табиби анестизеолог ё мадҳушкунанда ва духтурони реаниматолог ё эҳёгар фаъолият доранд, маълум нест.

Талошу ҷустуҷӯҳои тӯлонии ҷомеашинос ва номзади илм дар Донишгоҳи Аврупоии Санкт-Петербург Елена Богданова барои пайдо кардани ин омор натиҷа надод. Вай дар як суҳбат бо хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ дар бораи набудани омори дақиқ дар робита ба фавту беморӣ ва мушкилоти дигари соҳаи тиб дар давраи пандемия гуфт.

"Аз нигоҳи ман ё чунин омор вуҷуд надорад ва ё ин омор барои оммаи васеъ дастрас нест. Дар кишвари мо дар маҷмӯъ дастрасӣ ба нишондиҳандаҳои оморӣ мушкил аст. Солҳои ахир ман дар лоиҳаҳои гуногуни пажӯҳишӣ дар самти тиб ширкат кардам ва то шурӯи пандемия оморҳо дар ин соҳаро пайгирӣ мекардам. Аз кори ин соҳа огоҳ ҳастам. Ягон омори дақиқ надоранд. Бе омору маълумоти дақиқ, муқобила бо эпидемия хеле душвор аст", - афзуд ӯ.

– Шумо мехоҳед бигӯед, ки на танҳо олимону хабарнигорон, балки худи масъулон ҳам омору иттилои дақиқ надоранд?

Елена Богданова
Елена Богданова

– Ба назари ман ҳамин тавр аст. Ман ин вазъ ва дастуру супоришҳои президент ва мушовирони ӯро аз рӯзҳои аввали пандемия назорат дорам. Аз рӯзҳои аввал эҳсос мешуд, ки дар боло касе намедонад, ки амалан дар куҷо ва чӣ қадар таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ ва дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ вуҷуд дорад. Дар вилояти Ленинград камбуди пизишкон мушоҳида мешавад. Яъне, агар ҳам ҷое нишондиҳандаҳои оморӣ вуҷуд дорад, наметавон гуфт, ки он вазъияти воқеиро бозгӯ мекунад.

– Оё имкон дорад, ки омор таҳриф шавад ва аслан ин чӣ гуна рух дода метавонад?

– Як системаи мураккаби ҳисобкунӣ, он ҳам ба воситаи имтиёз ва фишор вуҷуд дорад. Барои духтур беҳтар аст, ки 500 бемори дигарро иловагӣ ба уҳда бигираду корро аз даст надиҳад. Пажӯҳиши мо муайян кард, ки ба сари ҳар 6-7 ҳазор нафар як духтури минтақавӣ рост меояд. Мутаассифона, духтурон на ҳамеша ҳамшираи шафқат доранд ва маҷбур мешаванд, ин вазифаро ҳам худашон анҷом диҳанд ва ё аз касе кумак пурсанд.

– Вале агар духтур ба чунин кору зиндагӣ розӣ нашавад ва бигӯяд, ки ман фақат бо фалон минтақа ё беморони камтар кор мекунам, дар ин сурат бо ӯ чӣ гуна бархӯрд мешавад?

– Фикр мекунам, дар муҳите, ки тамоми гурӯҳ беш аз меъёр кор мекунад, чунин духтур дер намемонад. Барои онҳо аксаран изофапулӣ дода мешавад, аммо он аслан ба кори пурзаҳмати духтурон мувофиқ нест. Агар пизишк ба ҷойи як минтақа дар ду минтақа кор кунад, ба ҳеч ваҷҳ ба ӯ ду маош дода намешавад. Хулоса, ба таври даҳшатнок камбуди шадиди табибон, бахусус мутахассисон дар бемористонҳои минтақавӣ ба назар мерасад. Ҳар қадар аз марказ ва шаҳрҳои калон дуртар равӣ, ба ҳамон андоза дастрасӣ ба табибу мутахассис камтар мешавад.

– Дар масъалаи теъдоди дастгоҳи ИВЛ ё нафасдиҳии сунъӣ чӣ андеша доред? Дар ин бора мисле ки масъулин омор доранд.

– Бале, омор ҳаст. 8-уми апрел Александр Беглов, волии Санкт-Петербург эълон кард, ки шаҳр бо 1784 дастгоҳи ИВЛ таъмин аст ва ба 1618 дастгоҳи иловагии дигар зарурат дорад. Вале рӯзи 10-уми апрел муовини губернатор гуфт, дар шаҳр 214 чунин дастгоҳ мавҷуд аст ва дар сурати зарурат онҳо метавонанд ин теъдодро то ба 1780 адад бирасонанд. Ин барои ман аслан нофаҳмо буд. Вақте мо ҳам вориди эпидемия шудем, хеле ҳарос доштам. Эҳсос доштам, ки низоми тандурустии мо дар мубориза бо эпидемия тобовар нест.

– Ҳоло маълум нест, ки мо кай ин эпидемияро пушти сар мекунем ва бо чӣ гуна талафот?

Духтур масъул аст, ки ба манфиати бемор тасмим бигирад ва муолиҷаро ба роҳ монад. Духтур метавонад аз давлат чизе талаб кунад, ки ба манфиати бемор аст, вале дар мо муҳим ин аст, ки духтур беморхона, сардухтур ва худу ҳамкоронро зери гап намонад.


– Мутахассисоне, ки бо омор кор мебаранд, мегӯянд, теъдоди қурбониёни ин бемориро дертар ҳисоб хоҳанд кард. Ман ба оморҳои расмии маргу мир дар Петербург бовар надорам. Дар робита ба омори гирифтони COVID-19 зоҳиран худашон ҳам иттилоъ надоранд. Аз аввал дар мавриди гирифтни тест ин имкониятро аз даст доданд. Фикр мекунам, омори фавти одамонро пинҳон медоранд. Дар ин маврид далелҳои воқеӣ ҳам вуҷуд доранд. Ба омори марги пизишкон дар кишварҳои мухталиф мешавад як назар кард ва бо қиёс ба теъдоди умумии фавтидаҳо муайян намуд, ки чанд дар садро табибон ташкил медиҳанд. Дар баъзе ҷойҳо ин омор ба 0,5 ва дар баъзе нуқтаҳои дигар 0.6 дар сад мерасад, аммо дар ягон ҷо бештар аз 1% дар сад нест.

– Яъне қурбониёни COVID-19 дар Петербург бояд дар ҳудуди 400 нафар бошад? Агар дуруст аст, шумори духтурони фавтида 8 ё 9 нафар гуфта мешавад?

– Ин омор аз рӯйхати таҳиякардаи худи духтурон гирифта шудааст. Дар он на танҳо духтурон, балки тамоми кормандони тиб, ҳам ҳамшираҳои шафқат ва ҳам санитаркаҳо оварда шудаанд. Дар бораи фавти ҳамшираҳои шафқат, ки як мушкили азим аст, касе наменависад. Эпидемия тамоми камбуд ва сустии соҳаи тандурустиро рӯшан кард. Ин мушкилот дар тамоми кишварҳо вуҷуд дорад. Маълумот кам аст, тамоми талош ба он равона шудааст, ки иттилоъ пинҳон нигоҳ дошта шавад. Барои ман ҷолиб аст, бидонам, ки оё мешавад маргро пинҳон кард? Дар омор мешавад онро барои муддате рӯйпӯш кард, аммо аз хешу наздикони бемор пинҳон кардани он номумкин аст. Ман феҳрасти кормандони фавтидаи соҳаи тибро аз аввал назорат мекунам. Аввал дар он аз 10 то 15 ном илова мешуд, вале баъдан ин омор якбора ба 4-5 нафар расид. Ҳадс мезанам, ки ин бе дахолати касе нашудааст. Дар бораи ин рӯйхат дар ҳама ҷо навиштанд ва ман фикр мекунам, ки ба табибон фишор оварда шудааст. Ман ба кам шудани якбораи қурбониён бовар намекунам. Мо ҳоло дар як марҳилаи эпидемия қарор дорем, ки шумори қурбониён баръакс зиёд мешаванд.

– Чаро Шумо дар бораи Санкт-Петербург чунин фикр доред? Дар Маскав вазъ дигар аст?

– Маскав аз аввал шаҳри аслии эпидемия дониста мешуд. Фикр мекунам, дар онҷо омор нисбатан кам таҳриф мешавад. Шояд сабаб он бошад, ки он ҷо масъулин оморро дар даст доранд. Дар музофот ва шаҳракҳо касе чизе намедонад. Дар сатҳи идорӣ ин ҷо мушкилоти зиёде вуҷуд дорад. Як мушкил ин набуди имконият барои супурдани тест дар шаҳрҳои сераҳолӣ ва минтақаҳои дурдаст аст. Масалан, системаҳои озмоишӣ дар деҳаҳо ҷойгир карда шудаанд, аммо мушкили интиқоли озмоишҳо аз ноҳия ба марказ вуҷуд дорад, зеро мақомот интиқоли ин маводро ба берун аз минтақа манъ кардааст. Дастурҳо муқобили ҳам ҳастанд.

– Аз ин ҳама таҳлилу мушоҳидаҳо ба чӣ хулоса омадед?

– Бояд дар бораи мушкилоти соҳаи тандурустӣ бештар навишт ва диққати ҷомеаро ба он ҷалб кард. То шурӯи эпидемия ин мушкилот бомуваффақият аз чашми ҷомеа пинҳон карда мешуд. Ҳарчанд аҳолии дур аз шаҳрҳои калон дар ин бора хуб медонистанд.

Анна Темкина
Анна Темкина

Ҷомеашиноси дигар, Анна Темкина, профессори Донишгоҳи Аврупоии Санкт-Петербург солҳои зиёд аст, ки дар масъалаи мушкилоти соҳаи тандурустӣ кор мебарад. Ӯ ҳангоми пажӯҳишҳои худ чанд мушкили соҳаро ошкор кардааст.

– То шурӯи пандемия мо пажӯҳишҳои зиёде анҷом додем. Аз беморхонаҳои зиёде дидан кардем ва бо кори шуъбаву духтур ва ҳамшираҳои шафқат ошно шудем. Маълумоти зиёде ҷамъ овардем. Ҳанӯз то пандемия дар ҳама сатҳҳои низоми тандурустӣ бисёр номуайянӣ ва мухолифатро дидем, аз нигоҳи сотсиологӣ инро мешавад шикасти соҳа арзёбӣ кард. Соҳаи тандурустӣ аз боло ба поён танзим мешавад. Ҳар як беморхона ва ё дармонгоҳ ва ҳар корманди тиб аз ҷониби чанд ниҳоди танзимкунанда назорат мешавад ва дастур мегирад. Мушкил дар он аст, ки ин дастурҳо аз ниҳодҳои мухталиф ворид мешавад ва аксаран бо ҳам мухолифат мекунанд. Дар тибби Ғарб ҳам мушкилот ҷой дорад, аммо он ҷо духтурон дар ҷомеа мавқеъ ва нуфузи қавӣ доранд. Духтур масъул аст, ки ба манфиати бемор тасмим бигирад ва муолиҷаро ба роҳ монад. Духтур метавонад аз давлат чизе талаб кунад, ки ба манфиати бемор аст, вале дар мо муҳим ин аст, ки духтур беморхона, сардухтур ва худу ҳамкоронро зери гап намонад. Манфиати бемор ҳам ба назар гирифта мешавад, аммо барои таъмини ӯ бо маводу лавозимоти заруриву замонавӣ бояд санадҳои ҳуҷҷати зиёдеро таҳия ва имзо карду инизор шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG