Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Душанбеи дигар"-и Рустами Эмомалӣ


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо писараш. Акс аз моҳи декабри 2017

Шаҳрдори Душанберо имрӯзҳо таҷлили Рӯзи пойтахт бештар машғул медорад, ё иҷлосияи Маҷлиси Миллӣ?

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

"Рӯзи пойтахт", ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ҳар сол шанбеи сеюми апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд. Як рӯз пеш аз ин, дар Душанбе иҷлосияи аввалини Маҷлиси Миллӣ даъват шудааст. Иҷлосияе, ки интизор меравад таърихӣ бошад. Ба курсии Раиси Маҷлиси Миллӣ кӣ мешинад, аз саволҳои муҳимтарин дар ошхонаи сиёсии Тоҷикистон мебошад.

Ба ин мавзӯъ дертар бармегардем.

Ҳоло беҳтар аст аз “Рӯзи пойтахт” бигӯем...

Имсол ҳам, тибқи хабарҳои аллакай паҳншуда, чун анъана дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва барномаҳои мухталифи фарҳангию варзишӣ баргузор мегарданд. Гӯё ҳама мисли пешин. Ҳарчанд мубаллиғони шаҳрдори нав сахт мутмаинанд, ки ӯ “Душанбеи дигар” сохтааст. Инро то куҷо воқеият гуфтан мумкин?

Чанд сол пеш журналисти хубу донишмандамон Абдуқодири Абдуқаҳҳор, ки феълан роҳбарии китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутиро ба ӯҳда дорад, дар паёми табрикиаш вобаста ба “Рӯзи пойтахт” як нуктаи муҳимро зикр намуд. Ӯ навишт, ки гӯё як зани пир бо садои шунаво гуфтааст, чун шаҳрдори нав бахшида ба “Рӯзи пойтахт” мусофиркашҳои давлатиро танҳо як рӯз барои хидмати бепул ба мардум муваззаф кардааст, тасмим дорад ба дидани хешовандон биравад.

Ин навиштаи Абдуқодир метавонад як лутф бошад, аммо ҳатман дар худ воқеиятҳои зиндагии моро ифода созад: оре, мутаассифона, ҳатто дар пойтахти Тоҷикистон нафароне ҳастанд, ки ҳатто барои роҳпулӣ маблағ намеёбанд! Ин ки ҳар як шаҳр, хоса пойтахт чеҳраи як мамлакат аст ва зиндагӣ дар он арзон ҳам несту на ҳар кас бояд сокини он бошад, ҳарфи нав нест. Шаҳрдори пешин Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳам ин нуктаро гоҳ - гоҳ зикр менамуд. Мавқее, ки ман ҳамеша ба он мувофиқ набудаму нестам!

Аввалан аз нигоҳи қонун, чун на танҳо қонунҳои миллӣ, балки қонунҳои байналмилалӣ низ макони будубоши мардумро дар ихтиёри комили ӯ гузоштааст.

Баъдан аз нигоҳи мантиқ: деҳаву шаҳру навоҳии дигарро низ обод ва барои зиндагии шоистаи мардум мусоид бояд намуду ҷои кор фароҳам овард, то мардум ба пойтахт "ҳуҷум" накунанд!

Таври маълум, Душанбе то соли 1991 мақоми дигар дошт: як шаҳри фарҳангӣ! Дар ин шаҳр, ба қавле, гулчинҳо мемонданд. Аммо рухдодҳои солҳои 90 мардумро иҷборан ба Душанбе овард.

Як гурӯҳеро барои ҳимояи ҷони худу пайвандон ба сифати гуреза. Бархе дигарро баъди ҷанг барои дарёфти як бурида нон, чун ба ҳар ҳол, дар пойтахт ҳамоно бархе аз нишонаҳои давлатдорӣ ҳифз шуда буданду агарчӣ корхонаҳо пурра фаъол набуданд, бозорҳои гардон ризқи мардумро то ҷое таъмин мекарданд. Оё ёд надорем, ки анқариб дар ҳар кӯчаи пойтахт он замон дӯконҳои бешумору бетартиб ва бозорҳои пуродами ғажду ифлос доштем?

Ин баъд буд, ки то ҷое бозору дӯконҳо ба тартиб омаданд. Аммо он вақт пойтахт тақрибан мақоми фарҳангии худро аз даст дод ва ба шаҳре табдил ёфт, ки мардуми минтақаҳои гуногун насиба дармеёфтанд. То андозае, Душанбе маънии комил ё ҳаммаънои Тоҷикистон гашта буд...

Аз байн рафтани унсуру меъёрҳои шаҳрнишинӣ дар пойтахт ба ҳамин иртибот мегирад. Вақте дар ҷаласаҳои зиёди шаҳрдори собиқ иштирок мекардам, гоҳе ҳайрон мемондам, ки чаро Убайдуллоеви принсипноку қотеъ дар бархе масоили иҷтимоӣ қатъият нишон намедиҳад. Ҳоло тахмин мезанам, ки чаро. Шояд ӯ ин мардум ва бардошти онҳоро хубтар медонист!

Рустами Эмомалӣ омад. Писари Эмомалӣ Раҳмон, ки ба қавли падараш то ин ки ӯро ба ин мансаб таъин намояд, хеле фикр кард: ҳам роҳбариашро дар идораҳои гуногун дид, ҳам сер аст, ҳам касе ба ӯ фишор оварда наметавонад...

Инак, сеюмин “Рӯзи пойтахт” аст, ки писари президент таҷлилашро қарор медиҳад. Ҳоло, агар ба навиштаҳои бархе бовар кунем, шаҳрдори нав бо "дасту бозуи Рустамона ба реформа сар кардааст". Пеш аз он ки ба баррасии ин, ба истилоҳ, ислоҳотҳо пардозем, бояд муруре намоем ба "насиҳати Эмомалӣ Раҳмон ба писараш", ки 15-уми феврали соли 2017, баъди як моҳи таъиноташ дар ҷаласаи ба истилоҳ фаъолони пойтахт изҳор намуд. Аслан ин нишастро мулоқот бо фаъолони пойтахт номидан ҳам, як қадар шитобкорӣ мебуд. Он бештар ба ҷаласаҳои ҳукумати марказӣ монанд буд, ки мансабдорони сатҳи баланд иштирок мекунанд. Албатта, дар ин нишаст вакилони шаҳрӣ ва роҳбарони бархе аз муассисаҳои пойтахт ва ҳам зумрае аз соҳибкорони Душанбе ҳам ҳадафмандона иштирок доштанд. Вале, ҳадди ақал ҳузур пайдо накардани, аз ҷумла шаҳрдори собиқ Убайдуллоев дар ин мулоқот саволеро то дер дар маҳфилҳо беҷавоб гузошт, ки "фаъоли Душанбе, яъне кӣ?"

Президент ба шаҳрдори нав ва командаи ӯ чанд насиҳат кард:

  • "Дар муомилаву муошира ҳеҷ гоҳ ба дағалӣ роҳ надиҳед, забони покиза дошта бошед".
  • "Дар вақтҳои ғайрикорӣ ба кӯчаҳову маҳаллаҳо равед, назди мардум равед. Шарт нест, ки дар толорҳо маҷлис кунед. Агар ба як кӯча рафтед, 3-4 мӯсафед баромад аз пешатон, наздашон шишта сӯҳбат кардед, хонаи ягонтоаш агар даромадӣ. Обедро дар хонаи соҳибкор накун, ресторан нарав. Дар хонаи як иштирокчии ҷанг, як кампир, як бевазан бирав, аз ҳама чизи беҳтарине, ки дар сандуқаш бошад, меораду дар пешат мемонад. Ифтихор мекунад, ки раиси шаҳр хонаи ман даромадааст".
  • "Чӣ қадар серталаб бош! Супоришҳоятро назорат кун! Ту ҷавон ҳастӣ,бениҳоят ҷавон ҳастӣ. Ман дар синну соли шумо директори совхоз таъйин шуда будам. Инҷо шаҳр аст, проблемаҳояш ҳам бисёр аст. 24 соат камӣ мекунад. Лекин бо мардум кор кун, бо соҳибкорон кор кун".
  • "Ту гушна нестӣ. Туро ягон кас фишор оварда наметавонад. Туро ягон кас гуфта наметавонад, ки инро гирифта ба инаш деҳ ё ба онаш деҳ. Ман барои ҳамин туро инҷо таъйин кардам. Агар каси дигар мешуд, таъйин намекардам. Агар ягон каси дигар, ягон вазирро таъйин мекардам, 5 соли дигар ягон кор карда наметавонист."
  • "Ба мардум нарху наворо арзон кун, таъминоташро хуб кун дар сатҳи баланд, дуои некат медиҳанд. Нақлиёт хуб кор кунад, сари вақт ба хонааш равад, барқаш бошад, тамом!"

Рустами Эмомалӣ дар навбати худ бо изҳори сипос аз падари президенташ ваъда дод, ки "поквиҷдонона ва бо дасту дилу нияти пок ҷиҳати адои вазифаи ба дӯшам гузошташуда ва пешрафти пойтахти азизамон содиқона хидмат хоҳам кард".

Аз байн се сол гузашт. Инро мешавад ҳамчун як давраи фаъолиятҳои шаҳрдори нав баррасӣ намоем. Хоса бо ин ки эҳтимол пас аз 17-уми апрели соли 2020 дар курсии шахси дувуми давлат ҳам нишинад.

Аввалан, биёед бубинем, ки ӯ насиҳати падарашро дар мавриди наздик будан бо мардум то куҷо иҷро намуд? Ду интихоботи вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки Рустами Эмомалӣ ҳам номзад буд, метавонист дар иҷрои ин дастур имкони хубе бошад. Вале, тавре саҳифаҳои ҳизби ҳоким дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои ҳукуматӣ хабар медоданд, дар мулоқот бо интихобкунандаҳо шахсони боэътимодаш ширкат доштанд, на худи номзад. Гурӯҳе аз донишҷӯҳоро вазифадор карда буданд, ки аксу барномаҳои номзадро то интихобкунанда бирасонанд. Шабакаҳои телевизионии ҳукуматӣ акнун на танҳо мисли пешин фаъолиятҳои шаҳрдориро "мешапид", балки бархе аз онҳо барномаҳои хабарии худро аз ягон ахбори вобаста ба шаҳрдори нав оғоз мекард, ки ин дар Тоҷикистон тақрибан бесобиқа аст. Зеро телевизионҳои кишвар одатан ахбори худро аз фаъолиятҳои Президент, ё ҳеч чизе пайдо нашуд, аз ягон нуктаи паёми ӯ оғоз мекунанд. Дар бораи фаъолиятҳои шаҳрдории Душанбе бошад, тақрибан чизе намедоданд, агар "ҳуҷумҳои итиллоотӣ"-ашонро пеш аз рафтани Убайдуллоев сарфи назар кунем.

Бо ҳамин, барои таблиғи фаъолиятҳои Рустами Эмомалӣ минбарҳои нав - шабакаҳои телевизионӣ низ муҳайё гашт. “Ховар” ва расонаҳои дигари ҳукуматӣ ҳам дар сомонаҳои худ гӯшаи махсуси “Пойтахт” кушоданд ва ҳар хабари шаҳрдор дар сарсафҳа аст.

Албатта, баъзан бинандаи шабакаҳои ТВ ҳайрон мешуд, ки дар сафарҳои берун аз шаҳр, масалан бархе навоҳии вилояти Хатлон, ё Ҳисор Президентро ҳамроҳӣ кардани шаҳрдори нав чӣ маъно дорад?

Аслан ин гуна бархӯрд ҷои аҷобат надошт. Зеро Президент Раҳмон дар ҳамон ҷаласаи фаъолони пойтахт, ки анқариб тамоми шахсиятҳои муҳими ҳукумат ширкат доштанд, ба онҳо дастур дод, ки дигар ҳамагӣ бояд барои ҳалли мушкилоти пойтахт ба шаҳрдори наву ҷавон дасти кӯмак дароз намоянд. Баъдан ахборе ҳам паҳн шуд, ки ҳар шаҳру навоҳии мамлакат барои ободонии пойтахт муваззаф гаштаву минтақае барояшон ҷудо шудааст. Кори хуб, аммо чанд савол:

Аввал саволи ҳуқуқӣ: қонун дар ин маврид чӣ мегӯяд? Оё масраф кардани пулҳои буҷа, ки нишондоди муайян доранд, имконпазир аст? Агар ин иқдомот аз ҳисоби пули буҷа нест, пас аз кадом ҳисоб?

Дуюм, саволи мантиқӣ: оё сокинони мамлакат намепурсанд, ки ноҳияҳои худамон пур аз мушкилот асту мо чаро дар фикри пойтахт бошем?

Тасмимҳои шаҳрдори нав дар бораи иваз кардани номҳои бархе муассисаҳои Душанбе, манъ намудани ҳаракати "Старекс"-ҳо дар баъзе хиёбону кӯчаҳо, овардану фаъол кардани автобусу троллейбусҳо ва ахиран манъ намудани ба истилоҳ "таксиҳои сесомонӣ" бардоштҳои гуногун дошт.

"Шаҳри мудерн" кардани Душанбе ин як хоҳиш аст, ё кадом манфиатҳои дигареро дар худ дорад? Ё шояд далеле аз надонистани воқеиятҳои пойтахт аз ҷониби шаҳрдори нав бошад?

Аз ин ҷост, ки мардум дар вокуниш ба мушкилоти нақлиёти пойтахт мегӯянд, агар Рустами Эмомалӣ воқеан мехоҳад ин масъалаҳоро бо чашми худ бинад, пас, беҳтар аст худаш як бор ба нақлиёти ҷамъиятӣ савор шавад. Кореро, ки подшоҳон дар гузашта мекарданд. Воқеан, падари шаҳрдори нав 26 сол пеш танҳо барои он ба як шахсияти мардумӣ табдил ёфта буд, ки баромада аз байни мардуми одӣ буд. Ҳоло бошад, аз мушкилоту масоили мардум огоҳӣ дорад, ё не, мавриди баҳсҳост. Ба ҳар сурат, тибқи сӯҳбатҳои ширкатдорон дар ҳамон ҷаласаи ба истилоҳ фаъолони пойтахт, вақте ба тоҷири сохтмонҳои азими пойтахт - писари раиси Кумитаи андоз як эрод гирифт ва вақте ин соҳибкори ширкати бузург бисёр дипломатона изҳор намуд, ки ҳолат дигаргуна аст, худи Президент ҳам як қадар ба изтироб афтод, ки то ӯ маълумоти воқеӣ намерасидааст. Мутаассифона, ин пораи сӯҳбат дар пахши телевизиониаш ҷо наёфт. Аммо дар доираҳои таҳлилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гуфта мешуд, ки шояд ҷаноби Раҳмон дар тасмимгириҳояш аз ин пас хеле эҳтиёткорона муносибат мекунад ва маълумоти то ӯ расидаро бе таҳқиқ намегузорад.

Тасаввур намоед, ки ин ҳолат, ки маълумоти воқеӣ то сарвари кишвар намерасад, бо як нафаре пеш омадааст, ки низоми давлатдорӣ сохтааст ва ҳам дар гузашта аз воқеиятҳои мардум бевосита ошноӣ дошт. Аммо барои Рустами Эмомалӣ, ки аслан дар байни мардуми одӣ набуд, оё бардоштҳо аз воқеияти мардум душворӣ намекунад? Пас, тасмимҳояшро бояд дар заминаи чӣ гирад?

Яъне ӯ ҳоло набояд сахт гирифтори тавсифу таърифҳое бошад, ки аллакай тавре як журналист навишт, барояш бархе қаламбадастон баъди Президент ба ӯ арзонӣ доштанианд. Зеро барои ин "устоҳои қалам", ки ба ин восита зиндагии худро таъмин мекунанду аслан парвои мардуму мушкилоташон надоранд, қаҳрамон ҳеч муҳим нест. Нақл мекунанд чанд сол пеш як шоир барои қумандони машҳур достон менависад ва вақте ин қумандон онро "намехарад", ба он иловае кардаву ба дигарӣ "мебахшад":

Ба ҳарфе наарзад Саидшо Шамол,

Ман ин нома бурдам ба Қурбони Чол...

Ҳоло вазъият мисли он овон нест. Мардум ҳам ба суханҳои болохонадору зебо чандон бовар намекунанд, балки ба ҳамаву ҳама чӣ аз рӯи воқеиятҳо ва то куҷо ба зиндагии онҳо мувофиқ будани тасмимҳо баҳо медиҳанд. Аз ҷумла, дар пойтахте, ки ҳадс зада мешавад, барои Рустами Эмомалӣ бояд ҷавлонгоҳи муҳими сиёсӣ гардад...

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (34)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG