Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Голи Рустам ба мунтахаби наврасони Тоҷикистон пирӯзӣ овард


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар бозии дӯстона бар тими наврасони Умон (U-16) бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Рустам Соиров дар дақиқаи 74-ум ба самар расонд.

Ин бозӣ дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни бозигарони то 16-сола 24-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дувуми дӯстона миёни тимҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Умон рӯзи ҷумъаи 27-и апрел дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 18:00 шуруъ мешавад.

Дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Умон моҳи сентябри имсол дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони то 16-сола, ки аз 20-уми сентябр то 7-уми октябр дар Малайзия барпо мегардад, ширкат меварзанд.

Рақибони дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳҳо 26-уми апрел маълум мешаванд. Дар ҷараёни қуръакашӣ чаҳор гурӯҳ ташкил мешавад, ки ҳар як гурӯҳ аз чаҳор даста таркиб меёбад. Аз рӯи натиҷагирии сабқати гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба чорякфинал мебароянд ва минбаъд мусобиқа аз рӯи системи олимпӣ сурат мегирад, яъне дастаи мағлубшуда аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум мешавад.

Бояд гуфт, ки чаҳор дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-17), ки дар Перу доир хоҳад шуд, роҳхат мегирад.

Ёдовар мешавем, дар даври интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони то 16-сола, ки моҳи сентябри соли гузашта дар Ҳисор баргузор шуда буд, дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Умон ба як гурӯҳ шомил буданд. Футболбозони навраси тоҷик бар ҳамсолони худ аз Умон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.

XS
SM
MD
LG