Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фақат мусибат дидам". Зане, ки бо се бародар издивоҷ кард ва онҳоро куштанд. ВИДЕО


Тоҷбибӣ, як зани афғон аз вилояти Кунар, ки се шавҳараш аз сӯи Толибон кушта шудаанд.
Тоҷбибӣ, як зани афғон аз вилояти Кунар, ки се шавҳараш аз сӯи Толибон кушта шудаанд.

Бо идомаи музокироти ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар Қатар ҳазорон хонаводае, ки азизонашонро дар ҷанги тулонӣ талаф додаанд, умедворанд, дар ниҳоят ба кишварашон сулҳ меояд. Дар байни онҳо як зане ҳаст, дар вилояти дурдасти Кунар, ки се шавҳарашро дар ҷанг куштаанд ва бо чанд фарзанд танҳо мондааст. Шавҳарони Тоҷбибӣ, ки ҳарсе дар Артиши миллии Афғонистон хизмат мекарданд, дар ҷанг ба ҳалокат расидаанд.

Тоҷбибӣ чаҳор шавҳар кардааст, сетоашро куштаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Тоҷбибӣ се шавҳар кардааст ва ҳарсе дар ҷанги 19-солаи Афғонистон кушта шудаанд. "Ҳарсеашон шаҳид шуданд. Барои ман ин як мусибат аст",-мегӯяд ӯ. Ҳарсе шавҳараш сарбозони артиши миллӣ ва бародарон буданд.

Шавҳари нахустини Тоҷбибӣ Фотеҳ Раҳмонро дар як ҷанги соли 2004 куштанд. Бар асоси анъанаи паштунҳо, Тоҷбибиро ба бародари шавҳараш Раҳимулло доданд. Ӯ соли 2013 кушта шуд. Баъди ин Тоҷбибӣ бо Муҳибулло издивоҷ кард. Муҳибулло соли 2017 фавтид.

Тоҷбибӣ бо 5 фарзандаш дар фақру бенавоӣ ва дар ноҳияи Марвораи вилояти Кунар зиндагӣ мекунад. Тоҷбибӣ ҳоло ҳамсари бародари чаҳорум Аминулло аст ва ӯ ҳам дур аз хонавода дар сафи артиши хизмат мекунад.

Тоҷбибӣ мегӯяд, фарзандон мехоҳанд, волидайн бо онҳо бошад. Чунин зиндагӣ сахт аст.

Муҳаммад писари калонии Тоҷбибӣ падари фавтидаашро пазмон шудааст. "Ӯ маро бисёр дӯст медошт. Ҳарчӣ ки мехостам бароям мехарид. Ҳоло на кафш дорам, на либоси дуруст. Ба мактаб ҳам намеравам",-мегӯяд Муҳаммад Исрор.

Хусури Тоҷбибӣ Муҳаммад Раҳмон дар ғаму ғусса месӯзад. Ҷанг се писарашро аз ӯ гирифт, писари панҷумаш маъюб аст.

Муҳаммад Раҳмон мегӯяд, "яке аз онҳо тақрибан нобиност. Сетои дигарро куштанд. Ҳукумат мегӯяд, ки ба мо ҳар 6 моҳ кумак мекунад, вале имсол ба мо ҳеҷ чиз надодаанд".

Вале мақомот мегӯянд, ин оила музди сарбозони кушташударо мегирад. Муҳаммад Саид Иқбол раиси вилояти Кунар гуфт, "Имтиёзҳояшонро додаем. Онҳо мисли дигар хонаводаҳои сарбозони шаҳид корти махсус доранд ва мисли ҳамаи онҳо имтиёз мегиранд".

Тоҷбибӣ ҳанӯз умедвор аст, ки фарзандонаш мактаб бихонанд ва дуо мекунад, ки сулҳ ҳарчӣ зудтар ба ватанаш биёяд.

XS
SM
MD
LG