Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гӯшанишинии дастаҷамъона. Осебпазирии муҳоҷирони тоҷик аз коронавирус дар Русия


Муҳоҷирон дар Русия. 3-юми апрели 2020
Муҳоҷирон дар Русия. 3-юми апрели 2020

Давраи "карантин" дар Русия на танҳо ба ҷайби муҳоҷирон зарба мезанад, балки ба саломатии онҳо низ хатар дорад.

То нафаси охирин

Муҳаммад, муҳоҷири тоҷик, ҳамроҳ бо хонаводааш дар ноҳияи Копотняи шаҳри Маскав зиндагӣ мекунад. Шаби 10-уми апрел, баъди ҳашт рӯзи дард аз ҳарорати баланд ва сурфа, саранҷом тавонист падари солхӯрдаашро дар бемористон бо аломатҳои олудагӣ ба коронавирус бистарӣ кунад.

"Чанд рӯзи охир ҳарорати бадани ӯ то 40 дараҷа мерасид, мо се бор Ёрии таъҷилиро даъват кардем, вале онҳо танҳо дору менавиштанду бас. Дар рӯзи аввал ваъда доданд, ки фардо тести коронавирус мегиранд, аммо наомаданд, падарамро ҳам ба беморхона бурдан нахостанд", - нақл кард муҳоҷири тоҷик.

Талошҳои мустақили ӯ барои бистарӣ кардани падараш дар беморхона низ номуваффақ анҷом ёфтанд ва танҳо баъди даъвати чоруми Ёрии таъҷилӣ табибон розӣ шуданд беморро ҳамроҳашон бибаранд. Худи Муҳаммадро баъди супоридани тести коронавирус дар карантин қарор доданд. Дар як хонаи дуҳуҷраӣ ҳамроҳи вай боз 7 нафари дигар зиндагӣ мекунад.

Пештар хабаргузории "Интерфакс" навишта буд, ки Департаменти тандурустии Маскав ба шаҳрвандоне, ки беморияшон сабуктар аст, иҷоза додааст, дар шароити хона табобат кунанд. Ин меъёр ба бемороне дахл дорад, ки ҳарорати баданашон пойинтар аз 38,5 дараҷа аст ва мушкилии роҳи нафас надоранд. Аммо ба муҳоҷирони тоҷике, ки баъзан дар хонаҳои иҷораи танг то 10 нафар ва зиёдтар зиндагӣ мекунанд, чунин шеваи "гӯшанишинӣ" на танҳо дар дохили хона, балки берун аз он ҳам сироят ва густариши бештари вирус таҳдид мекунад.

Бо ин ҳол, тавре муҳоҷирон мегӯянд, табибони Ёрии таъҷилӣ на ҳамеша ба ин далелҳо таваҷҷуҳ мекунанд.

Намехоҳанд ё имконият надоранд?

Нафиса, духтари муҳоҷири дигар аз Тоҷикистон, ки ҳоло дар яке аз беморхонаҳои Маскав бемор асту табобат мегирад, ҳамин гуна вазъи монандро ба мо нақл кард. Ба гуфтаи вай, Ёрии таъҷилӣ ду бор аз бистарӣ кардани падараш худдорӣ кард ва танҳо бо сӯзандору иктифо карданд, аммо чун вазъаш бад шуд, аз вай тест гирифтанду ба беморхона бурданд ва хонаводаро таҳти қарантини хонагӣ қарор доданд.

Иззат Амон, вакили мудофеи тоҷик, ки ба ин мушкилиҳои муҳоҷирон сару кор гирифтааст, тахмин мезанад, ки чунин муносибат ба далели надоштани шаҳрвандии Русия аст. "Онҳо дар ин бора ошкоро намегӯянд, вале чун насаби ғайрирусиро мебинанд ё тавассути телефон машварат медиҳанд ва ё омада доруҳоро таъин мекунанду маълумотнома дар бораи фаро гирифтан ба карантин медиҳанд”, - мегӯяд ӯ.

Вале раиси кумитаи “Мусоидати шаҳрвандӣ”, вакили дифои рус Светлана Ганнушкина, ин гуна тасмимҳоро ба набуди ҷойи холӣ дар беморхонаҳо марбут медонад.

"Бемористонҳо пуранд ва касоне, ки беморияшон шадид нест, бояд карантинро дар хона пушти сар кунанд. Фарде, ки қодир ба нафас кашидан аст, беҳтар аст, дар хона табобат шавад. Дар мо нафаре буд, ки ба беморхона бурданд ва муоинааш кардаанд ва ба хонааш бозпас фиристоданд. Шахси дигареро, ки дар хонааш меҳмон буд, ҳоло бо ӯ таҳти карантин қарор доданд", - мегӯяд ин вакили мудофеъ.

Муҳоҷирон дар Русия. 3-юми апрели 2020
Муҳоҷирон дар Русия. 3-юми апрели 2020

Машруъсозӣ роҳи наҷот

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон ва вакилони мудофеъ муҳоҷиронро яке аз осебпазиртарин қишрҳои аҳолӣ ном мебаранд, ки маҷбуранд дар шароити худинзивоии оммавӣ зинда бимонанд, ки ба ин васила ҳам барои худ ва атрофиён хатар эҷод мекунанд.

Валентина Чупик, раҳбари созмони ғайритиҷоратии "Тонг Жахони", ки ба муҳоҷирон ёрӣ мерасонад дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯйи зарурати бекор кардани санҷиши муҳоҷирон ва сабти номи муҳоҷирон дар давраи карантин таъкид кард.

"Ин ба муҳоҷирон кумак мекунад, ки зинда бимонанд, зеро онҳо ҳоло дар дуроҳае қарор доранд, ки ё бояд пули патентро бисупоранд ё нон бихаранд. Зеро онҳо ё ҷойи кор надоранд ё доранду ҳоло маош намегиранд. Ин ба муҳоҷирон ёрӣ мерасонад, ки таҳти ҳамлаи пулис қарор нагиранд, ҳоло пеши ман садҳо муроҷиати муҳоҷирон аст, ки пулис онҳоро барои вайрон кардани шароити худинзивоӣ боздошт мекунад. Ин ҳамчунин ба худи русҳо ҳам фоидаовар аст, зеро мусоидат мекунад, ки онҳо аз амнияти бештар бархӯрдор шаванд, чун дар сурате ки муҳоҷиронро аз харҷу санҷишҳои нодаркор халос кунанд, онҳо низ ба худинзивоӣ мепардозанд", - мегӯяд Чупик.

Ӯ ба таҷрибаи кишварҳое чун Португалия ишора мекунад, ки муҳоҷиронро дар давраи ҳамагирӣ аз нигоҳи ҳуқуқи иҷтимоӣ ба шаҳрвандони ин кишвар баробар карданд ва ё ба Ҷумҳурии Чех, ки муҳоҷирон ҳамон мақомеро, ки то эълони карантин доштанд, ҳифз намудаанд.

Зимнан, The Wasington Post ҳанӯз дар моҳи март иттилоъ дода буд, ки мақомоти муҳоҷирати Амрико муваққатан шиносоӣ ва боздошту ихроҷи муҳоҷиронеро, ки дар кишвар ғайриқонунӣ қарор доранд, мутаваққиф мекунанд. Маълум аст, ки ин гуна иқдомот ҳамчунин барои таъмини бехатарии шаҳрвандони худашон ҳам гирифта шудааст.

На ҳама чораҳо андешида шудаанд

ВКД дохилии Русия аз 19-уми март ҳамчунин қарори тамдиди муҳлати будбоши муваққатӣ, патент, раводид ва иҷозаи корро барои хориҷиён ва муҳоҷирони меҳнатӣ содир намуд, вале пардохти моҳона барои патентро чун пештар бетағйир гузошт.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторӣ, президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов ва ҳамчунин ҳукумати Узбекистон аз Русия дархост кардаанд, ки дар пардохти андозҳо барои муҳоҷирон “таътил” бидиҳанд ва муҳлати эътибори патенти онҳоро дар давраи карантин тамдид намоянд. Вале то кунун Маскав ба ин дархостҳо посухи расмӣ надодааст.

Тибқи маълумоти охирин дар Русия беш аз 11 ҳазор ба коронавируси COVID-19 сироят шудаанд. Дар ин кишвар ба далели густариши вирус то охири апрел рӯзҳои ғайрикории пардохтшаванда эълон шудааст. Дар ҳамин ҳол муҳоҷирони меҳнатӣ тақрибан аз ин имтиёз маҳруманд ва маҷбуранд ба баҳои ҷони худу наздиконашон дар талоши дарёфти маблағ ҷони худ ва атрофиёнашонро зери хатар бимонанд.

XS
SM
MD
LG