Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳ ва Беҳрӯз - барандагони ҷоизаҳои президенти Узбекистон


Комроншоҳи Устопириён ва Беҳрӯзи Хоҷазода, паҳлавонони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи VII байналмилалӣ оид ба гуштии кураш барои ҷоизаҳои президенти Узбекистон ба хотираи Амир Темур, ки рӯзҳои 21-22-юми апрел дар Шаҳрисабз барпо гардид, ғолиб шуданд.

Комроншоҳ дар вазни 90 кило ва Беҳрӯз дар вазни 73 кило ҷойҳои аввалро касб намуданд. Ҳарду ба ҷуз ҷому медалҳои тилло бо ҷоизаҳои президенти Узбекистон ба маблағи се ҳазордолларӣ, инчунин ҷома, тоқӣ ва рӯймоли миёнбанд сарфароз гаштанд. Ба ғайр аз Комроншоҳу Беҳрӯз, Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ боз Акмал Муродов намояндагӣ кард. Ӯ дар вазни 81 кило бо медали биринҷӣ ва 750 доллари амрикоӣ мукофотонида шуд.

Чунонки Оҷонсии миллии иттилоотии «Туркистон-пресс» хабар додааст, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштии кураш барои ҷоизаҳои президенти Узбекистон ба хотираи Амир Темур, ки барои ҳафтумин бор дар варзишгоҳи “Ҳисор”-и Шаҳрисабз баргузор шуд, варзишгарон аз наздики 30 кишвар ширкат доштанд.

Варзишгарон аз рӯи вазнҳои 73, 81, 90 кг ва вазни мутлақ байни мардон, инчунин дар ду вазн - 57 ва 78 кг - миёни занон рақобат карданд. Ҷавоизи умумии ин мусобиқаи байналмилалӣ 50 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод. Варзишгари Узбекистон Шералӣ Ҷӯраев, ки дар вазни мутлақ ғолиб омад, бо ҷоизаи президенти Узбекистон - 10 ҳазор доллари ИМА – мукофотонида шуд.

Ин мусобиқа ҳар чаҳор сол як маротиба гузаронида мешавад. Дар солҳои мухталиф дар вазни мутлақ паҳлавонони Узбекистон Баҳром Авазов ва Абдулло Тангриев дуборӣ, Абдуқодир Пирматов, Самиҷон Убайдуллоев ва Шералӣ Ҷӯраев якборӣ ҷоизаи аслиро ба даст овардаанд.

Ба ин намуди варзиш президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов таваҷҷуҳи зиёд дошт ва маҳз бо талошҳои ӯ гуштии кураш дар ҷаҳон маъруфият пайдо кардааст. Ҳоло 129 кишвари панҷ қитъаи олам аъзои Созмони байналмилалӣ оид ба кураш мебошад. Мусобиқоти байналмилалӣ оид ба кураш барои ҷоизаҳои президенти Узбекистон дар Шаҳрисабз ба хотираи Амир Темур ва дар Сурхондарё ба хотираи Ҳаким Тирмизӣ мунтазам баргузор мешавад.

Оид ба гуштии кураш мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳон ва қораи Осиё доир мегардад. Паҳлавонони тоҷик Рустам ва Расул Боқиевҳо, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудаанд.

Бояд гуфт, ки гуштии кураш барои аввалин бор ба барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки имсол дар Индонезия доир мешаванд, дохил шудааст.

XS
SM
MD
LG