Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобати тимҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Умон


Дастаи мунтахаби нарасони футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони то 16-сола имрӯз, 24-уми апрел, бо тими наврасони Умон бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 18:00 шуруъ мешавад.

Дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Умон моҳи сентябри имсол дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони то 16-сола, ки аз 20-уми сентябр то 7-уми октябр дар Малайзия барпо мегардад, ширкат меварзанд.

Рақибони дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳҳо 26-уми апрел маълум мешаванд. Дар ҷараёни қуръакашӣ чаҳор гурӯҳ ташкил мешавад, ки ҳар як гурӯҳ аз чаҳор даста таркиб меёбад. Аз рӯи натиҷагирии сабқати гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба чорякфинал мебароянд ва минбаъд мусобиқа аз рӯи системи олимпӣ сурат мегирад, яъне дастаи мағлубшуда аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум мешавад.

Бояд гуфт, ки чаҳор дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-17), ки дар Перу доир хоҳад шуд, роҳхат мегирад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дувуми дӯстона миёни тимҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Умон низ рӯзи ҷумъаи 27-и апрел дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор барпо мегардад.

Ёдовар мешавем, дар даври интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони то 16-сола, ки моҳи сентябри соли гузашта дар Ҳисор доир шуда буд, дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Умон ба як гурӯҳ шомил буданд. Футболбозони навраси тоҷик бар ҳамсолони худ аз Умон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.

XS
SM
MD
LG