Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп мехоҳад барои қатъи нооромиҳо аз нерӯ истифода кунад


Суханронии Доналд Трамп рӯзи 1 июн дар Вашингтон
Суханронии Доналд Трамп рӯзи 1 июн дар Вашингтон

Президенти ИМА Доналд Трамп мегӯяд, ки барои поён додан ба бетартибӣ ва яғмогариҳо, ки пас аз марги марди сиҳёпӯст ба дасти пулис дар чандин шаҳри Амрико сар заданд, аз ҳамаи имкониятҳо, ба ҷумла нерӯҳои мусаллаҳ истифода хоҳад кард.

Раҳбари ИМА гуфт, агар сарони аёлатҳо ин корро накунанд, ӯ худаш ба шаҳрҳои ноором артиш хоҳад фиристод. "Мо ба ошӯб ва бебандубориҳое, ки дар кишвар паҳн шудаанд, хотима мегузорем. Мо ҳамин ҳоло онҳоро қатъ мекунем," гуфт Трамп дар изҳороте барои матбуот дар "Боғи садбаргҳо"-и Кохи Сафед рӯзи 1-уми июн.

Трамп гуфт, ба ҳамаи аёлатҳо дастур додааст, ки барои ҷорӣ кардани тартибу низом аз нерӯҳои Горди миллии ИМА истифода кунанд. Бино бар қонунгузории Амрико, президент метавонад дар ҳолатҳои фавқулода нерӯҳои мусаллаҳро дастбакор кунад. Чунин фармон одатан, барои кумак ба амрикоиҳо ҳангоми офатҳои табиӣ мумкин аст, вале иҷрои он ҳамчунин ба иродаи ниҳодҳои федерол ва ҳукуматҳои маҳаллӣ бастагӣ дорад.

Президенти ИМА инчунин вандализм ва ғоратгариҳоро, ки 31-уми май дар Вашингтон ва дигар бахшҳои Амрико дар робита бо эътирозҳо аз марги марди африқоитабор Ҷорҷ Флойд ҳангоми боздошташ рӯзи 25-уми май дар Миннеаполиси аёлати Миннесота рух дод, шадидан маҳкум кард.

Тазоҳурот баъд аз он оғоз гирифт ва паҳн шуд, ки бино бар навори видеоӣ корманди пулис дар дастони марди сиёҳпӯст завлона мезанад ва барои беҳаракат нигаҳ доштани ӯ бо зонуяш сахт гардани Флойдро ба замин зер мекунад. Илтиҷои марди сиёҳпӯст, ки “ман нафас гирифта наметавонам” ба шиори ин тазоҳурот табдил ёфт.

Чаҳор афсари пулис, ки дар ин воқеа ширкат доштанд, аз кор ронда шуда, гумонбари асосӣ боздошт шуд ва зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз гашт.

Вале норозиён мегӯянд, ин чораҳои қонеъкунанда нестанд ва ҳамчунин бахши бузурге аз мардуми ИМА аз маҳдудиятҳои марбут ба бемории ҳамагири коронвируси нав норозиянд.

XS
SM
MD
LG