Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе соҳиби калонтарин маркази боркашонии ҳавоӣ дар Осиёи Миёна. ВИДЕО


Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маркази бузурги боркашонии ҳавоӣ бо зарфияти 20 ҳазор тонна дар як сол итфитоҳ шуд, ки ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар минтақа назир надорад.

Меваи Тоҷикистон ба осонӣ ба хориҷ меравад

Гуфта мешавад, ки ин амр гоми муҳим дар роҳи ҳамлу нақли сареи молу коло ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба хориҷ аст. Аммо ин иншоот дар баробари эҳсоси хурсандӣ ҳамчунин суолеро ба миён овардааст, ки оё қимати ҳамлу нақл ба андозае роҳи замини аст, ки ширкатҳои дохилӣ аз он баҳра бурда тавонанд.

Дар солҳои баъд аз касби истиқлоли Тоҷикистон ҳукумати Ҷопон тавассути созмони "Ҷайка" даҳҳо тарҳҳои муҳими Тоҷикистонро ба маблағи ҳудуди 350 миллион доллар, ки асосан ба сурати кӯмакҳо ихтисос шудаанд, сармоягузорӣ кардааст.

Ифтитоҳи роҳи ҳавоии ҳамлу нақл аз ҳама бештар ба гуфтаи кормандони фурудгоҳи Душанбе ба фоидаи кишоварзон аст, ки акнун метавонанд меваҳои боғи худро сареъ ба хориҷ интиқол диҳанд ва фоидаи ҳангуфт ба даст биёранд.

Имрӯзҳо дар канори ҷоддаҳои Тоҷикистон ҳазорон кишоварз ба фурӯши меваҳои тару тоза назири тимишқ (малина) ва каракоту (смородина) қулфинай машғуланд. Аммо аз ин тиҷорат фоидаи зиёд ба даст намеоранд. Зерои бо маоши миёнаи каме бештар аз 110 доллар, на ҳама метавонанд ин меваҳои ширинро, ки зуд вайрон мешаванд, харидорӣ кунанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон як килограмм тимишқ баробари 15 сомонӣ аст. Тоҷикистон асосан ҷумҳурии кишоварзӣ буда, садҳо ширкат дар қаламрави кишвар ба истеҳсол ва фурӯши меваи хушку тар сабзавот машғул аст. Аз садҳо тонна маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан меваҳо, ки аз роҳи заминӣ ба хориҷ интиқол меёбанд, дарсади назарраси он бинобар набудани яхдонҳо, дар роҳ нобуд мешаванд. Кишоварзонро ҳоло як суол доранд, ки фарқияти байни интиқоли бор аз роҳҳои заминӣ ва ҳавопаймо чӣ қадар хоҳад буд.

Душанбе соҳиби калонтарин маркази боркашонии ҳавоӣ дар Осиёи Миёна шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:54 0:00

Ба иттилои масъулини Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе, дар сурати изофаи 30 сомонӣ интиқоли ҳар як килограмми ин навъи маҳсулот тавассути ҳавопаймо то ба Русия арзиши он дар он кишвар ҳудуди 120 рубл мешавад. Яъне, ҳатто дар ин сурат тавсеаи бозори ин навъи маҳсулоти кишоварзони тоҷик дар Русия имконпазир мешавад.

Калонтарин маркази боркашонӣ дар Осиёи Миёна

Ин мушкили кишоварзонро метавонад маркази боркашонии фурудгоҳи Душанбе ҳалл кунад, ки 25-уми июн бо ширкати нахуствазир ва ширкати "Ҷайка"-и Ҷопон ба истифода дода шуд. Ин бузургтарин маркази боркашонии байналмиллалии ҳавоӣ дар Осиёи Марказӣ аст, ки аз таҷҳизоти замонавӣ ва яхчолҳои нигаҳдории маҳсулоти гуштӣ ва мевагӣ бархурдор аст.

Одил Бобоев, коршиноси пешбари бахши сохтмонии фурудгоҳи Душанбе.
Одил Бобоев, коршиноси пешбари бахши сохтмонии фурудгоҳи Душанбе.

Маркази боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 25-уми июн бо ширкати Коҳир Расулзода ва мақомоти ҷопонӣ ифтитоҳ шуд. Маркази боркашонии фурудгоҳи Душанбе бо 28 миллион доллар сармояи Ҷопон бунёд шудааст. Нахуствазири Тоҷикистон дар суханронии худ гуфт, ин марказ зарфияти боркашонии 20 ҳазор тонна маҳсулот дар як солро дорад.

Одил Бобоев, коршиноси пешбари бахши сохтмонии фурудгоҳи Душанбе 25-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар шарҳи зарфияти бузурги ин марказ гуфт, ки кишварҳои дигари минтақа, ҳатто Узбекистон чунин маркази бузурги боркашониро дар ихтиёр надоранд. Вай афзуд, ки бунёди ин марказ Тоҷикистонро ба кишвари транзитии интиқоли маҳсулот табдил медиҳад.

"Зарфияти ин марказ нигаҳдории 20 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол аст. Гузашта аз ин, ду ҳуҷраи бузурги ин марказ бо таҷҳизоти сарддиҳанда муҷаҳҳаз шудааст. Яъне, тоҷирон метавонанд мевае, ки мехоҳанд ба кишварҳои дигар интиқол диҳанд, муддате дар ин марказ нигаҳдорӣ кунанд. Ҳамчунин, агар тоҷире мехоҳад аз кишварҳои дур ба Тоҷикистон ё кишвари дигари минтақа маҳсулоти гӯштӣ ворид созад, метавонад онро бидуни нигаронӣ дар маркази мо нигаҳдорӣ кунад",-афзуд Одил Бобоев.

Тоҷикистон аз хориҷ бор қабул мекунад

Одил Бобоев афзуд, ки аз замони шӯравии пешин дар фурудгоҳи Душанбе танҳо як анбори боркашонӣ бо зарфияти андак вуҷуд дошт. Ба гуфтаи Одил Бобоев, ҳадафи асосии дигари ин марказ дар қабули борҳо аз хориҷи Тоҷикистон аст. "Маркази боркашонии фурудгоҳи Душанбе борҳои мавриди ниёзи кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Афғонистону Узбекистон ва Қирғизистону Покистонро қабул карда, сипас онро то ба ин кишварҳо интиқол медиҳад",- гуфт Одил Бобоев. Ба ин тартиб, қабул ва интиқоли борҳои мухталиф аз хориҷи Тоҷикистон ва баръакс имконпазир шудааст.

Лариса Кислякова, раиси созмони "Иттиҳоди мушовирони ҳирфаии Тоҷикистон" дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, ки ҳоло пайдо кардани ширкате, ки тавонад тавассути ҳавопаймо ба хориҷи Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзиро интиқол бидиҳад, кори содда нест. “Тоҷирони тоҷик ҳатто ба далели гаронӣ аз интиқоли меваи баҳорӣ тавассути роҳи оҳан худдорӣ мекунанд, чӣ расад ба ҳавопаймо. Онҳо асосан бо мошинҳои боркаш маҳсулотро ба кишварҳои хориҷӣ мебаранд",- гуфт Лариса Кислякова.

Тибқи иттилои дастрас, дар сурати интиқоли гелос тавассути ҳавопаймо, ба ҳар як килограмми ин маҳсулот то 30 сомонӣ изофапулӣ ҷамъ мешавад. Аммо хонум Кислякова аз воридоти маҳсулот тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон бештар хушбин аст.

Хонум Кислякова афзуд: "Дар мавриди воридоти маҳсулот тавассути ин марказ бояд бигӯям, ки ҳанӯз ҳеҷ ширкатеро намебинам, ки нақши калидӣ дар танзими воридоти чунин маҳсулот ба Тоҷикистонро ба ӯҳда дошта бошад. Бояд соҳибмулки маҳсулоти воридотӣ ширкати тоҷикистонӣ бошад. Дар ин сурат ин марказ метавонад ба суди Тоҷикистон фаъолият кунад. Аммо барои иҷрои чунин вазифае ширкати тоҷикистониро зарур аст аз манобеи бузурги молӣ бархурдор бошаду бозори фурӯши ин маҳсулотро дар ихтиёр дошта бошад. Яъне, баъд аз воридот ба Тоҷикистон чунин маҳсулот бояд ба кишварҳои дигар базудӣ интиқол дода шавад".

Лариса Кислякова афзуд, ки ин марказ ҳамзамон метавонад дар тиҷорати минтақавӣ нақши муҳиме дошта бошад, зеро тавассути маркази боркашонии байналмиллалии ҳавоии фурудгоҳи Душанбе пайвастани маҳсулоти мухталиф ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва ҳатто Афғонистону Покистон имконпазир мешавад.

Зимнан, дар солҳои баъд аз касби истиқлоли Тоҷикистон ҳукумати Ҷопон тавассути созмони ҳамкориҳои байналмиллалии "Ҷайка" даҳҳо тарҳҳои муҳими Тоҷикистонро ба маблағи ҳудуди 350 миллион доллар, ки асосан ба сурати кӯмакҳо ихтисос шудаанд, сармоягузорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG