Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фишору таҳдид ба журналистон падидаи маъмулӣ шудааст" САДО


Дар як моҳи ахир ду дафъа латукӯб шудани хабарнигори тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ дигарбора осебпазир будани рӯзноманигорони расонаҳои мустақил ва ошкоргӯйро дар Тоҷикистон ба намоиш гузошт. Мақомот қазияро тасодуфӣ номиданд, вале созмонҳои мустақили журналистӣ ва ҳомиёи ҳуқуқ талоши ошкорои маҳдуд кардани озодии баён хонданд.

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, созмоне, ки аксар хабарнигоронро дар атрофаш гирд овардааст ва пуле миёни журналистон ва ҳукумат муаррифӣ мешавад, ҳанӯз ба ин қазия вокуниш накардааст. Раҳбарияти иттиҳодия нахост, дар ин бора бо Радиои Озодӣ низ суҳбат кунад.​

Баҳси фишору зӯргӯӣ ба хабарнигорон

Баҳси фишору зӯргӯӣ нисбат ба журналистон дар ҳоле доғ шуд, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори "Азия-Плюс" бори дувум рӯзи 29-уми май ҳангоми таҳияи гузориш дар маҳалли селзадаи ноҳияи Хуросон мавриди ҳамлаи се нафар қарор гирифт. Рӯзи 11-уми май низ дар Душанбе ӯро зада буданд.

Хабари дувумбора латукӯб шудани ӯ баҳсҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард ва корбаронро ба ду гурӯҳ ҷудо кард. Гурӯҳи аввал бовар доранд, ки хабарнигор барои анҷоми рисолаташ ва бахусус ошкор кардани камбудҳо латукӯб шудааст. Гуруҳи дувум, ки ба он бархе аз намояндагони ниҳодҳои давлатӣ низ шомиланд, аз хабарнигор интиқод карда, тавҳин ва латукӯби ӯро дуруст шумурданд.

Иршод Сулаймонӣ, узви раёсати Шӯрои Васоити Ахбори Омма, чунин тарзи бархӯрд бо хабарнигоронро хоси ҷомеаҳои арзишмадор намедонад ва мегӯяд, бояд бархӯрд бар пояи ахлоқ, қонун ва равобити инсонӣ сурат бигирад.

Зеро, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, "мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки иддаои демократӣ будану мардумсолориву донишбунёдӣ зиёд шунида мешавад. Даҳони ҳар, ки бефаровезтар, ӯ журналисти хубтар пиндошта мешавад. Ин дашномро аз сатҳи равобити одӣ ба минбарҳои расмӣ кашидан аст. Ин ҷойи нангу шарм аст, аммо аллакай табдил ба як раванд шудааст".

Ҳамсӯҳбатони мо бархӯрди мақомот бо хабарнигоронро танқид мекунанд, ки онҳоро як навъ "душман" меҳисобанд ва дар баробари ин ки аз додани ҳар гуна иттиллоъ ба рӯзноманигорон худдорӣ меварзанд, ҳамчунин ба таҳдиду таҳқири рӯйирости онҳо иҷоза медиҳанд.

Иршод Сулаймонӣ мегӯяд, душмантарошӣ аз журналист хоси ҷомеаҳои худкомаву қудратгарост, "вагарна як нафаре, ки рисолаташро дар ин шароити сахт бо назорати шадиди мақомот ва ҷомеа иҷро мекунад, чаро душман бошад?"

Нигарониҳо аз афзоиши фишор болои хабарнигорони ошкоргӯ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

"Ҳеч навъ дашному таҳқир нест"

Бархе аз мақомҳои давлатӣ ҳамагуна фишору зургӯӣ ва дашному таҳқири хабарнигоронро дар Тоҷикистон рад мекунанд. Онҳо мегӯянд, назари як мақомдор дар шабакаҳои иҷтимоӣ наметавонад мавқеи давлат ва ҳукумат бошад. Ин дар ҳолест, ки бар асоси Қонуни хизмати давлатӣ назари корманди ин ё он ниҳоди давлатӣ мавқеи давлатро муайян мекунад.

Музаффар Давлатзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи 3-юми июн гуфт, қонунҳои Тоҷикистон замонати озодии баёнро додаанд. Вай ҳамлаҳои лафзии бархе аз кормандони идораҳои давлатиро ба хабарнигорони тоҷик "назари шахсии онҳо" номид.

Ин масъули Вазорати фарҳанг, ки фаъолияти матуботро танзим мекунад, гуфт, "ҳоло теъдоди расонаҳои хусусӣ бештар аз расонаҳои давлатӣ аст. Мо ҳамчун мақомоти ваколатдори соҳа - татбиқкунандаи соҳаи матбуоти кишвар ҳеч гоҳ ин гуна шароиту ҳолатҳоро нисбат ба як журналисте, ки аз рӯи касбият фаъолият дорад, намебинем."

Хабарнигорон мегӯянд, муттаҳидиву ҳамраъйии журналистон боис ба пешгирӣ кардани фишор болои хабарнигорони ҳақиқатҷӯ хоҳад шуд. Дар акси ҳол, дар сурати идомаи чунин раванд, рӯзноманигорон тадриҷан аз идомаи фаъолият даст кашида, фазои иттилоотии кишвар холӣ ва камранг мешавад.

Солҳои охир чанд расонаи мустақил баста шуд ва шуморе аз журналистон тарки кишвар карданд. Мақомот ҳамвора баста шудани расонаҳоро ба мушкили молӣ рабт медиҳанд, вале моликонаш гуфтаанд, зери фишорҳои афзояндаи масъулони давлатӣ аз кор уфтоданд.

"Падидаи маъмулӣ шудааст"

Марат Мамадшоев, хабарнигори тоҷик бар ин аст, ки аллакай фишору таҳдид ба хабарнигорон дар ҷомеаи Тоҷикистон "ба падидаи маъмулӣ" табдил ёфтааст.

Ӯ гуфт, "маҳдудиятҳо дар мавриди дастрасӣ ба иттилоъ ва озодии баён ҳамоно сахттар мешаванд" ва афзуд, "пандемияи коронавирус дар кишвар нишон дод, ки хабарнигорон ба ҳеч иттиллоъ дастрасӣ надоранд ва ин бӯҳрон то рафт амиқтар мегардад".

Ба бовари Мамадшоев, вақте мақомот ба суоли хабарнигорон посух гуфта наметавонанд, дар ин ҳолат аз роҳҳои дигар аз ҷумла фишор кор мегиранд. "Ин ҳолатҳо бештар дар замоне шиддат меёбанд, ки ҳукумат бо кадом мушкили ҷиддие рӯбарӯст ва дар ин сурат фишор болои расонаву хабарнигорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам афзоиш меёбад", - хулоса кард ӯ.

Шикоятҳо аз фишор ба журналистон

Масъулони НАНСМИТ -- Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯянд, ҳар моҳ ба ҳисоби миёна аз тақрибан даҳ журналист шикоят мегиранд.

Истифодаи алфози қабеҳ аз тарафи масъулин, масъалаи дастрасӣ ба иттилоъ, таҳдид, фишори равонӣ, таъқиб ва баҳси маош аз мавзӯъҳои шикояти хабарнигорон будааст.

Коршиносон мегӯянд, чунин роҳу шеваи фишор болои матбуоти озод, пеш аз ҳама ба обрӯи ҳукумат дар саҳнаҳои байналмилалӣ зарба хоҳад зад. Махсусан, ки кишвар дар остонаи маъракаи муҳими сиёсӣ, чун интихоботи раёсатҷумҳурӣ қарор дорад.

Созмони гузоришгарони бидуни марз (Reporters Without Borders) моҳи апрели имсол дар шохиси озодии матбуот дар ҷаҳон Тоҷикистонро дар ҷои 161 қарор дода ва таъкид кард, ки фазои сухани озод дар ин кишвар дар ду соли ахир бисёр маҳдуд шуда, таъқиби рӯзноманигорон шиддат ёфтааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG