Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуршеди Алидод, марде, ки таронаи дили мардумро месуруд, даргузашт. ВИДЕО


Хуршеди Алидод. Акс аз соли 2011
Хуршеди Алидод. Акс аз соли 2011

Хуршеди Алидод (Хуршед Алидодов), овозхону оҳангсози шинохта ва ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, дар 84-солагӣ даргузашт. Пайвандонаш гуфтанд, пас чанд моҳи сактаи қалбӣ дар хонааш дар ҳалқаи азизон буд. Маросими дафни ӯ рӯзи 20-уми май дар оромгоҳи Сари Осиёи шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ширинмоҳ Ниҳолова, духтари Хуршеди Алидод, рӯзи 19-уми май дар сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, "як вақт микроинсулт шуданд, баъд оҳиста-оҳиста пажмурда шуда рафтанд. Ҳамсарашон пизишк аст ва нигоҳубин мекард. Мо ҳама дар ҳамин ҷо будем. Чанд рӯзи охир вазнин шуданд. Рафта меомадем ва ногаҳон имрӯз даргузаштанд."

Ниҳолова мегӯяд, падараш соли 1994 бознишаста шуд, вале то солҳои 2004-2005 кор мекард. Ҷойи охирини кораш театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ будааст.

Ширинмоҳ Ниҳолова афзуд, марги нобаҳангоми ду фарзанд (як духтару як писар) ба саломатӣ ва рӯҳияи Хуршеди Алидод таъсири бад гузоштааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соли 2009 хабар дода буданд, Насиба, духтари 28-солаи Хуршеди Алидод дар шароити мармуз кушта шуд. "Фарзандонашонро, ки аз даст доданд, миёнашон хам шуд”, - мегӯяд Ширинмоҳ Ниҳолова.

Ин овозхон ва рақсандаи маъруфи ансамбли “Зебо” гуфт: "Падари боҳунарам, хушрӯям ва қоматбаландам… Мо, фарзандон, фақат бо номи он кас фахр мекардем. Падари суханварам. Бисёр бо забони шевои форсӣ гап мезаданд. Зеби саҳна буданд".

Хуршеди Алидод аз тоҷикони Афғонистон аст ва дар соли 1958, замоне ки 20 сол дошт, тарки зодгоҳ карда, барои ҳамеша Тоҷикистонро ватан ихтиёр намуд. Вай чанд сол пеш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки барои ин кор далел дошт.

Ба нақли ӯ, "модарам ба ман як духтари зеборо арӯс кард. Тӯй кардем, се шабонарӯз маърака доштем. Ин кор гузашту ман душман пайдо кардам. Душманам бародари ӯгайи ҳамсарам буд. Ӯ мехост, барояш "ҳақ" диҳам. Ман ҳар ончи доштам, ба хусурам дода будам. Аз онҷо маро "чап" гирифт ва ба ҳукуматдорону аскарон шикоят кард. Онҳоро маро даъват карда, латту кӯб намуданд. Ночор аз ватан берун рафтам."

Вай гуфта буд, ки дар хурдӣ падарро аз даст дода, пуштибоне надошт ва асосан дар маъракаҳо суруд хонда, рӯзиашро меёфт. Бори аввал дар рӯзи истиқлоли Афғонистон тарона хонда, худро дар сатҳи болотаре муаррифӣ намудааст.

Дар Тоҷикистон дар оғоз ӯро зиндонӣ карданд, аммо баъдан чун ҳунарманд шинохтанду эҳтиром қоил шуданд. Хуршеди Алидод нақл кард, ки ӯро як муддат бо гуноҳи убури ғайриқонунии марз ба зиндон андохтанд.

"Дар инҷо овоза шудааст, ки як овозхони афғонро ҳабс карданд. Вақте омадам, маро дар Филармонияи давлатӣ пешвоз гирифтанд. Гуфтанд, ки ҳар ҳунаре дорӣ, нишон деҳ. Чӣ асбоби мусиқӣ, ки оварданд, навохтам ва суруд хондаму рақсидам. Хулоса, маро ба кор дар Филармония қабул карданд", - гуфта буд ӯ.

Хуршеди Алидод, ки дар замони Шӯравии собиқ маҳфилҳоро ба шӯр меовард, таронаҳои зиёде иҷро кардааст, вале худаш мегуфт, боре ҳам онҳоро нашумурдааст.

Маҳбубияташро ба он марбут медонист, ки ба қавли худаш таронаҳои дили мардумро мехонд ва сурудҳоро бо чанд забон, аз ҷумла ҳиндиву русӣ ва узбекӣ иҷро мекард.

"Дар ҳар се моҳ шаби эҷодӣ доштам, дар Душанбе. Маро ба хориҷа намебурданд, аламам мекард. Аммо дар Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа мегаштам", - ба ёд оварда буд ӯ дар суҳбати чанд сол пешаш бо Радиои Озодӣ.

Достони зиндагии Хуршеди Алидодро дар ин гузориши видеоӣ бинед. Навор соли 2011 сабт шудааст:

Хуршеди Алидод ва духтараш Ширинмоҳи Ниҳол(Навор аз соли 2011)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:30 0:00
XS
SM
MD
LG