Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти Хоруғ: овоза ва ҳақиқат


Бо таъйиди фармондеҳони собиқ опозисюни тоҷик дар минтақа аз 22-вуми июн халъи силоҳ шурӯъ шудааст.

Ба таъйиди онҳо, халъи силоҳи шурӯъшуда моҳи оянда ҳангоми сафари президенти кишвар ба Бадахшон кулли силоҳ таслими мақомот хоҳад шуд. Онҳо дар як номаи қаблии худ ба раиси ҷумҳур зикр намуда буданд, ки танҳо ба президент, чун сарфармондеҳу кафили конститутсия ва таъмини аҳмияти шаҳрвандон, эътимод доранд.
Собиқ фармондеҳони оппозисиюни тоҷики минтақа изҳор доштанд, ки ба хотири пешгирӣ аз хунрезии эҳтимолӣ ва сулҳу осоиш ва амнияти шаҳрвандон ба халъи силоҳ шудан ризоят доданд.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 22-вуми июн Толиб Айёмбеков, сардори шуъбаи омодагии ҷангии қисми марзбонӣ дар Хоруғ, гуфт, ки бино бар пеш гузоштани бархе аз талабҳо аз ҷониби мақомоти дохила, шурӯъи халъи силоҳ ба мушкилот дучор шудааст. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз бояд онҳо 60 мил силоҳро ба мақомот таслим кунанд, аммо мақомоти дохила ин миқдорро кам шуморидаанд ва тақозо кардаанд, ки, ба иттилоъи онҳо, дар дасти гурӯҳҳои мусаллаҳ 300 мил силоҳ мавҷуд будааст, аз ин рӯ нисфи он бояд супурда шавад. Т. Айёмбеков гуфт, ки онҳо ба ваъдаи худ оид ба таслими кулли силоҳ ҳангоми сафари президент ба Бадахшон истодагарӣ доранд, аммо арқоми теъдоди силоҳи аз ҷониби мақомоти дохила талабкардаро ғайривоқеъӣ мешуморанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки намояндагони маҳаллаҳои шаҳр дар мулоқот бо мақомоти дохила замонат додаанд, ки то омадани президент ба ҷамъоварии кулли силоҳ муваффақ хоҳанд шуд.
Гирдиҳамоии такрорӣ дар майдони «Ваҳдат»-и Хоруғ, ки 20-уми июн баргузор гардида буд, пас аз ваъдаи мақомот аз номи вазири дохила оид ба таъмини кафолати амният пароканда шуд. Ва аммо оё гирдиҳамомадагон бо кадом мақсад ба майдон омаданд? Зарнигор Шехова, як зан аз шаҳри Хоруғ, гуфт, ки нигаронӣ аз эҳтимоли ташаннуҷи авзоъ дар шаҳр дар робита бо вуруди нерӯҳои низомӣ онҳоро ба майдон овардааст. Ӯ мутазаккир шуд, ки президент дар лаҳзаҳои душвортарин қариб бе муҳофиз ба Бадахшон меомад ва рабт додани вуруди нерӯҳои низомиву силоҳу муҳиммот ба сафари президент, ки пас аз як моҳ сурат мегирад, дар байни шаҳрвандон овозаҳо ва шубҳа барангехтааст.
Бархе аз гирдиҳамомадагон мутмаъин буданд, ки нерӯҳои низомӣ ба хотири боздошт намудани баъзе аз намояндагони оппозисиюни собиқ ба минтақа эъзом шудаанд ва амалиёти боздошт бархӯрди мусаллаҳона ва талафоти ҷонӣ, аз ҷумла дар байни аҳолии мулкиро дар пай хоҳад дошт. Бисёре аз таҳлилгарон мегӯянд, пиёда шудани амалиёти боздошт дар манотиқи дигари ҷумҳурӣ ба ҳалокат расидани шаҳрвандони мулкӣ, шурӯъи таъқиби сиёсӣ, фишор болои дигaрандешону сармоядоронро дар пай доштааст ва ин нигаронӣ яке аз омилҳои даст ба гирдиҳамоӣ задании гурӯҳе аз мардуми ин шаҳр шудааст.

Сиёсатшинос Азорабек Мирзобеков бар ин назар аст, ки эҳсоси таъсири оқибатҳои ногувори амалиёти низомӣ ба ҳаёти ҷомиъа бархе аз шаҳрвандон ва намояндагони аҳзоби сиёсиро барои баргузории чунин гирдиҳамоӣ таҳрик додаст.Аз нигоҳи вай, ширкати намояндагони аҳзоб дар ин гирдиҳамоӣ аз мавқеъи шаҳрвандӣ будааст.
А. Мирзобеков ҳамчунин гуфт, ки дар гирдиҳамоии мазкур намояндагони ҲСДТ, ҲНИТ ва ҲДТ ширкат кардаанд.
Дар ҳамин ҳол раиси вилоят Қодири Қосим зимни суханронӣ дар назди гирдиҳамомадагон нигаронӣ аз ташаннуҷи авзоъ ва адами амният дар маркази устонро бепоя хонда гуфт, ки нерӯҳои низомии дар рӯзҳои ахир ба Бадахшон воридгардида дар таҳкими сарҳадот истифода хоҳанд шуд.
Аммо як тан аз намояндагони маҳаллаҳои шаҳр Иқбол Муборакшоев мегӯяд, ки садои як тир ва ё як нофаҳмӣ метавонад кафолати раиси вилоятро аз байн бубарад ва гирдиҳамомадагон танҳо пас аз он, ки мақомот аз номи вазири умури дохилӣ ваъдаи кафолати амниятро гирифтанд, пароканда шуданд.
Вале ба гуфтаи Мунир Шораҳматуллоев, узви ҲНИТ, чун марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар манотиқи дигар ба таҳкими бештар ниёз дорад, вуруди нерӯҳои низомӣ ба Бадахшон шубҳабарангез ба назар мерасад: «Аз расонаҳои хабарӣ мешунавем, ки дар маҳалли Шӯрообод афроди мусаллаҳи афғон шаҳрвандони кишвари моро ҳатто гаравгон мегиранд ва дар чунин ҳолат вуруди якбораи нерӯи иловагӣ ба минтақаи дигар, ки ҳифзи сарҳадот дар он хубтар ба назар мерасад, боиси зҷоди таҳлука дар байни мардум гардидааст».
Бархе аз шаҳвандон бар ин ақидааанд, ки дар гирдиҳамоӣ бояд масоъили иҷтимоъӣ баррасӣ шаванд, на сиёсӣ. Бархеи дигар чунин мешуморанд, ки «наркабаронҳо» гурӯҳи мардумро ба хотири ҳимоят аз хеш ба майдон баровардаанд. Аммо ба гуфтаи теъдоде аз шаҳрвандон мардум ҳам аз аз гурӯҳои мусаллаҳи ғайриқонуниву ҳам қонунӣ ва эҳтимолияти афзоиши ҳодисаҳои зери пардаи қонун фишор овардан ба ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон аз ҷониби намояндагони мақомоти қудратӣ нороҳат ҳастанд.
Коршиносон ишора мекунанд, ки дар ҷараёни сафари ахири президенти кишвар ба Бадахшон, ки дар арафаи интихоботи президентии ахир сурат гирифта буд, аз ривоҷи пораситонӣ ва тамаъҷӯӣ дар додситонӣ шикоятҳо садо дода, ахиран як андоза аз ин падидаи номатлуб ҷилавгирӣ шудааст, ҳарчанд бо тағйир ёфтани вазъ он метавонад аз нав буруз кунад.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, зери мафҳуми «наркобаронҳо» ин 4 намояндагони опозитсияи собиқи тоҷик дар минтақа, ки бо вазири дохила мулоқот анҷом доданд, дар назар дошта мешаванд. Аммо таҳлилгарон ишора мекунанд, ки яке аз онҳо – Толиб Аёмбеков – аз соли 1996 дар вазорати дохила ва алҳол ба ҳайси сардори шуъбаи омодагии ҷангии қисми марзбонӣ дар Хоруғ ифои вазифа мекунад. Дигар аз ин 4 тан Мамадбоқир Мамадбоқиров то соле пеш сардори камендатураи қисми марзбонӣ дар Мурғоб барои интизоми қавӣ дар байни сарбозони тобеъаш шуҳрат доштааст, дар ҳоле ки дар дигар дидбонгоҳҳо муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар байни сарбозон пайомадҳои ногувор (аз қабили ҳодисаҳои ба ҳалокат расидани сарбозон) ҷой доштаанд. Имомназар Имомназаров, маъюби барҷомонда чанд сол қабл барои фаъолиятҳои сиёсӣ дар баргузории як конфронси ҲНИТ дар Хоруғ ба мақоми раиси бахши вилоятии ҳизб сазовор дониста шуда, дар давоми қариб ду сол дар ин вазифа фаъолият доштааст. Танҳо Ёдгоршо Мамадасламов, яке аз ин қумондонҳои собиқ, ба ягон сохтори ҳукуматӣ ва мақомот шомил нашудааст, аммо размандагонаш бо имзои созишномаи сулҳ дар ҳайъати ситоди ҳолатҳои фавқулода ба хидмат пардохтаанд. Ин афрод мегӯянд, ки таййи ду соли ахир фишор болои онҳо афзоиш ёфтааст.
Дар ин байн сарусадоҳое ба гӯш мерасанд, ки нооромиҳои рӯзҳои ахирро бино бар аз ноҳияи Ванҷ будани раиси вилоят ва додситони вилоят натиҷаи маҳалгироӣ арзёбӣ мекунанд. Аммо бештари таҳлилгарон бар ин ақида ҳастанд, ки раис ва додситон барои ба воситаи зӯру силоҳ устувор намудани ҳокимият дар минтақа эҳтиёҷ надоштанд ва ҳодисаҳои маълум берун аз дораи ваколат ва иродаашон рух додаанд.
Дар ҳамин ҳол, таъсири оқибатҳои эҳтимолии ҳодисот ба озодии баён эҳсос шуда, бештари коршиносони мустақил дар вазъи кунунӣ хомӯшӣ ихтиёр карданро афзалтар медонанд.
XS
SM
MD
LG