Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯи барқ аз рақси мардум


Истифода аз нерӯи барқи боду офтоб дар кишварҳои аз лиҳози саноатӣ пешрафта ба як манбаъи муҳими таъмини ниёзмандии он кишварҳо ба нерӯи барқ табдил ёфтааст.

Ва аммо таваҷҷӯҳи ин кишварҳо танҳо ба нерӯи боду офтоб набудааст, балки донишмандон манобеъи навбанави тавлиди нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тозаро ҷустуҷӯ мекунанд. Озмоишгоҳи Энвю ва Пажӯҳишгоҳи фанновариҳои Делфт дар Ҳолланд ҳатто шеваи тавлиди нерӯи барқ аз толорҳои рақсро кашф кардааст.

Танҳо дар як шаҳри Роттердами Ҳолланд дар ду рӯз охири ҳар ҳафта 10 000 нафар ба толорҳои рақс мераванд ва табиист, ки дар ин майдонҳои пур аз шавқу шӯр нерӯи бузурге ба вуҷуд меояд, ки касе то кунун аз он баҳрабардорӣ накардааст.

Раҳбари озмоишгоҳи Энвю Штеф ван Донген гуфтааст, нерӯе, ки аз дасту пой кӯфтани раққосон ҳосил мешавад, хеле бузург аст. Ван Донген афзудааст, дар сурати ба фарши майдонҳои рақс густурдани як пружини баландиаш ҳамагӣ то 1 сантиметр метавон аз нерӯи даступокӯбии ҳар як раққос аз 5 то 10 ватт нерӯи барқ ба даст овард.

Қарори маълум, толорҳои рақс нерӯи фаровони барқро масраф мекунанд, вале акнун дар сурати истифода аз кашфиёти донишмандон, ин майдонҳо метавонанд мизони масрафи нерӯи барқро то 30 дарсад коҳиш бидиҳанд.

Гуфта мешавад, ин фанноварӣ бори нахуст дар моҳи сентябри соли равон дар консерти овозхон Игги Поп дар толори рақсие, ки бо амри тасодуф “Ватт” ном дорад, мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Ороиши садоиву рӯшноии консерт комилан аз ҳисоби нерӯи даступокӯбии аҳли ин толор таъмин хоҳад шуд.

Нерӯи бод

Албатта, тавлиди нерӯи барқ аз нерӯи рақс фанноварие ҳанӯз фаровон истифодашуда нест. Аммо нерӯи барқе, ки аз бод ё офтоб ба даст меояд, аллакай дар сохтори таъминоти нерӯи барқи хеле аз кишварҳои аз лиҳози саноатӣ пешрафта як мақоми умдае ба худ касб кардааст.

Нерӯгоҳҳои бодӣ таърихи 77-сола дошта, нахустин чунин нерӯгоҳ соли 1931 дар нимҷазираи Қрим, қаламрави кунунии Украина, эҳдос шудааст. Гуфта мешавад, захираи нерӯи барқи бод дар ҷаҳон назар ба захираи нерӯи барқи обӣ сад маротиба бештар аст.

Дар бархе аз кишварҳои Ғарб то 20 дарсади ҷамъи нерӯи барқ аз нерӯгоҳҳои бодӣ ҳосил мешавад

Аммо акнун Чину Ҳинд низ ба ин сабқати нерӯи бод ҳамроҳ шудаанд ва дар ҳоли ҳозир тахминан 10 дарсад аз ҷамъи нерӯи барқи бод дар ҳамин ду қудрати дар ҳоли рушд тавлид мешавад.

Дания ва Испанияву Португалия то 20 дарсади ҷамъи нерӯи барқи худро дар нерӯгоҳҳои бодӣ ба даст меоранд. Ин нишондиҳанда дар Олмон 14 дарсад ва дар Амрикову Ҳинд ва Иттиҳодияи Аврупо 3 дарсад будааст.

Ва аммо ҷолиби таваҷҷӯҳ ин аст, ки кишварҳо ба мавзӯъи рушди энергетикаи бодӣ акнун бо ҷиддияти ба маротиб нигоҳ мекунанд. Чин, масалан, мехоҳад то соли 2020 иқтидори нерӯгоҳҳои бодияшро ба 30 гиггаватт бирасонад. Иттиҳодияи Аврупо дар бораи ба 180 гиггаватт расондани иқтидори нерӯгоҳҳои бодиаш то соли 2020 фикр мекунад.

Ҳинд мехоҳад то 4 соли дигар чунин иқтидорҳояшро то маротиба биафзояд. Ожонси байнулмилалии энержӣ гуфтааст, то соли 2030 тақозо ба нерӯи барқе, ки аз бод тавлид мешавад, 4800 гиггаваттро ташкил хоҳад дод.

Ва офтоб…

Як манбаъи дигари энержӣ, ки дар ин авохир мавриди таваҷҷӯҳи ҳарчӣ бештар қарор гирифтааст, нерӯи барқи офтоб аст. Дар соли 2006 ҷамъи иқтидори нерӯгоҳҳои офтобӣ дар ҷаҳон ба 1744 мегаватт баробар шуд ва ин дар ҳолест, ки соли 1985 иқтидори чунин нерӯгоҳҳо дар тамоми дунё ҳамагӣ 21 мегаватт будааст. Феълан тақрибан 40 дарсади ин иқтидорҳо дар дасти Олмон, 30 дарсадаш дар Ҷопон ва 9 дарсади нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Амрико буда, саҳми боқии ҷаҳон дар тавлиди нерӯи барқи офтобӣ 22 дарсад баровард шудааст.

Қарор аст, алакай то соли 2010 иқтидори нерӯгоҳҳо ва батареяҳои офтобӣ дар ҷаҳон то 2 маротиба афзуда, даромади тавлидкунандагони нерӯи барқи офтобӣ аз 18 то 23 миллиард доллар дар солро ташкил диҳад.

Ахиран батареяҳои офтобӣ, ки то 1 киловатт нерӯи барқ иқтидор доранд, дар бозорҳои Душанбе низ пайдо шудаанд ва аммо қимати ин генераторҳои умдатан сохти чиноӣ аз 1000 сомонӣ шурӯъ мешавад, ки дархӯри ҷайби аксар нест.

Ахиран батареяҳои офтобӣ дар бозорҳои Душанбе низ пайдо шудаанд, аммо қимати онҳо дархури ҷайби аксар нест

Ҳамин масъала, яъне арзиши баланд, боиси дурафтодагии мавзӯъи эҳдоси нерӯгоҳҳои бодӣ дар Тоҷикистон низ будааст. Бино ба ҳисобҳо, арзиши аслии як киловат нерӯи барқи бодӣ, масалан дар Амрико, аз дуввуним то наздики 5 сентро ташкил медиҳад, ки дар қиёс бо нерӯи барқи тавлиди нерӯгоҳҳои обӣ, албатта, гаронтар аст.

Уғулой Хоҷаева, муъовини раиси ширкати “Барқи Тоҷик”, ахиран дар як нишасти хабарӣ дар ин бора гуфт: “Мо ба манобеъи алтернативии тавлиди нерӯи барқ низ машғул ҳастем, вале таваҷҷӯҳи мо бештар рӯи эҳдоси нерӯгоҳҳои хурд аст, ки низ манбаъи алтернативии нерӯи барқ шинохта мешаванд. Чунки мавқеъияти мо ҷиҳати бунёди нерӯгоҳҳои хурд хеле муносиб ва судовар аст ва чунин нерӯгоҳҳоро метавон дар тақрибан ҳар як дараи Тоҷикистон сохт. Ҳам аз лиҳозӣ молӣ ва ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ, эҳдоси нерӯгоҳҳои хурд барои мо назар ба коллекторҳои офтобӣ ва истгоҳҳои бодӣ муфидтар аст”.

Аммо Тоҷикистон, ки ҳар зимистон ба шадидтарин бӯҳрони энержӣ рӯбарӯ мешавад ва мардумаш баъзан дар тӯли моҳҳо бӯе аз нерӯи барқ намебаранд, чаро ба истифода аз манобеъи нерӯи барқи бод ва хусусан офтоб таваҷҷӯҳи чандоне нишон намедиҳад? Хусусан дар ҳоле ки мо аз минбарҳо дар бораи чигуна офтобӣ будани кишвари худ ва дар сол то 300 рӯзи офтобӣ доштанаш бо ифтихор ҳарф мезанем?

Қурбонҷон Кабудов, мудири бахши манобеъи барқароршавандаи энержӣ дар Пажӯҳишгоҳи физикаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, мегӯяд, мутассифона имконоти саноатии кишвар ба сохтани дастгоҳҳои лозим барои тавлиди нерӯи барқи боду офтоб даст намедиҳад ва аз хориҷ ворид кардани онҳо ҳазинаи бузурге мехоҳад.

Қурбонҷон Кабудов мегӯяд, худи ҳукумат имкони маблағгузорӣ ба ин риштаро надорад, вале барномаи давлатие, ки то соли 2015 қабул шудааст, ба рушди манобеъи барқароршавандаи энержӣ дар кишвар таваҷҷӯҳ мекунад. Оқои Кабудов гуфт, дар Тоҷикистон баҳрабардорӣ ба хусус аз нерӯи офтоб ояндаи хуб дорад.

Дар поёни соли гузашта ҳаҷми нерӯи барқе, ки дар ҷаҳон тавассути нерӯгоҳҳои бодӣ тавлид шуд, ба 94 гиггаватт баробар шуд. Дар соли 2007 тавассути чунин нерӯгоҳҳо дар маҷмӯъ 200 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид шудааст, ки тақрибан 1,3 дарсад аз ҷамъи тавлидоти нерӯи барқи ҷаҳонро ташкил медиҳад. Беш аз нисфи ин тавлидот бо шарофати нерӯгоҳҳои фаровони бодиест, ки дар Олмон, Амрико ва Испания тақрибан сари ҳар қадам қомат афрохтаанд.
XS
SM
MD
LG