Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва Ғарб: оғози ҷанги нави сард?


Низоъи низомӣ байни Гурҷистону Русия рӯи фазои равобити Маскаву Ғарб соя афкандааст.

Кишварҳои Ғарб тақрибан бо иттифоқи ороъ ҳамлаи нерӯҳои Русия ба хоки Гурҷистонро маҳкум карда, хурӯҷи билофосила ва беқайдушарти ин нерӯҳо ва арҷгузорӣ ба истиқлол ва тамомияти арзии Гурҷистонро тақозо мекунанд. Аммо Русия, ки шаҳди пирӯзӣ дар ҷанги нави Қафқоз то ҳол аз комаш нарафтааст, ин талабҳоро ё ношунуда мегирад ва ё таъарруз ба ҳаққи кишвари, ба гуфтаи раисиҷумҳураш Дмитрий Медведев, “танҳо зомини субот дар Қафқоз” мешиносад.
Ба сурати умум, бархӯрди кишварҳои Ғарб ба низоъи хунини байни Русия ва Гурҷистонро мешавад ба се гурӯҳи шартӣ тақсим кард.
Гурӯҳи аввал, ки пешдасташ Амрикову Бритониёст, иборат аз кишварҳову созмонҳои байнулмилалиест, ки иқдомоти Маскав дар Гурҷистонро бо як лаҳни шадид маҳкум карда, бо сароҳат аз давлати Михаил Саакашвилӣ пуштибонӣ мекунанд.
Тоомас Ҳендрик, раисҷумҳури Эстония, Тбилисӣ, 12-уми августи соли 2008
Руъасои ҷамоҳири Лаҳистон, Украина, Латвия, Литва ва Эстония ҳатто дар рӯзе, ки ҷанг ҳанӯз идома дошт, ба хотири намоиши ҳимоят аз Гурҷистон ва раисҷумҳураш Михаил Саакашвилӣ ба Тифлис рафтанд.
Гурӯҳи дуввум кишварҳои Аврупои ба истилоҳ “қадим”, аз ҷумла Фаронсаву Олмонро, фаро мегирад, ки низ шеваи рафтори Русия дар Қафқозро маҳкум карданд, вале дар ин қазия бештар нақши миёнҷиро бозӣ мекунанд.
Гурӯҳи севум ангуштшумор кишварҳои умдатан аврупоӣ, назири Итолиёро фаро мегирад, ки ба далоили мухталиф, аз ҷумла вобастагиашон аз манобеъи гозу нафти Русия, аз ибрози назар дар ин робита худдорӣ варзидаанд ва ё ба мисли вазири хориҷаи Итолиё Франко Фраттинӣ, Михаил Саакашвилиро ба маҳзи бехудона ба ҷанги зидди Русия кашидани кишвараш мазаммат карданд.
Аммо дар шабу рӯзи буҳрони Гурҷистон, садои Амрико баландтар аз ҳама ба гӯш мерасид. Президенти Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, Амрикову муттаҳидинаш дар ин шабу рӯз дар канори мардум ва ҳукумати бо роҳи демократӣ интихобшудаи Гурҷистон истодаанд ва Русия мулзам аст, то ин буҳронро поён диҳад.
Ҷорҷ Уокер Буш
Ҷорҷ Буш инчунин изҳор кард, ки шеваи тарсондан ва фишор дар сиёсати хориҷии асри 21 ғайриқобилиқабул аст: Ҷангисардбапоёнрасидааст. Даврони давлатҳои зердаст ва қаламравҳои таҳти нуфуз дар гузашта монданд. Равобити танишомез бо Русия ба манфиъати Амрико нест. Чунин равобити танишолуда бо Амрико ҷавобгӯи манофеъи Русия ҳам нест”.
Вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс, ки дар рӯзҳои буҳрони Гурҷистон аз Порису Бруксел ва аз Тифлис низ дидан кард, мегӯяд, Русия бозии хатарнокеро бо Амрикову муттаҳидинаш оғоз карда, обрӯ ва нақши байнулмилалии ин кишварро зери хатари бузурге бурдааст.
Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс ба ин нукта ишора намуд, ки Маскав бо ҳамлаи нерӯҳояш ба Гурҷистон худро дар як тангно андохта, ба сӯи худкомагӣ ақиб меравад ва ин ҳамла Вошингтонро маҷбур мекунад, то равобити стротежиаш бо Маскавро бознигарӣ кунад.
Амрико зимнан иддаъоҳои мабнӣ ба даст доштани худ дар таҳрики Тифлис ба ин низоъи низомиро радд мекунад. Метю Брайза, фиристодаи Амрико дар Қафқоз, ба таъкид гуфт, Тифлис Вошингтонро аз тасмими вуруди нерӯҳояш ба Осетияи ҷанубӣ дар ҷараён гузошта буд, вале Амрико ҳамон вақт Гурҷистонро ҳушдор додааст Русияро таҳрик надиҳад ва вориди низоъе нашавад, ки пирӯзиаш дар он ғайримумкин аст.
Яап де Ҳуп, дабири кулли NATO
Бо ин ҳол, ба дарозо кашидани хурӯҷи нерӯҳои Русия аз Гурҷистон шикоф дар равобити Маскав бо Ғарбро боз ҳам амиқтар кардааст. Дар паймони низомии NATO бар инанд, ки Русия бар таъаҳҳудоташ дар чаҳорчӯби қарордоди оташбас амал намекунад ва ин паймон то замони хурӯҷи комили нерӯҳои Русия аз хоки Гурҷистон тамосҳои доимиаш бо Маскавро мунҷамид мекунад. Яап де Ҳуп Схеффер, дабири кулли NATO: “Мо Шӯрои NATO-ву Русияро намебандем, вале то замоне ки нерӯҳои Русия амалан як бахши бузурги Гурҷистонро ишғол кардаанд, ман даъвати ин Шӯроро ба ҳеҷ сурат лозим намешуморам. Инро ҳам бояд гуфт, ки мо қасди ба рӯи равобит бо Русия пӯшидани ҳама дарҳоро надорем”.
Аз раҳбарони аршади Аврупо раисҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар амри ҳалли низоъи Гурҷистон фаъъолтар буданд.
Қарордоди оташбас байни Гурҷистону Русия баъд аз 5 рӯзи шурӯъи низоъ таҳти пуштибонии Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва бо миёнҷигии шахсан Саркозӣ таҳия шуд. Никола Саркозӣ аввал вазири хориҷааш Бернар Кушнерро ба Гурҷистону Русия фиристод ва худ низ 12-уми август ҳам аз Маскав ва ҳам аз Тифлис дидан карда, тавофуқи руъасои ҳарду ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев ва Михаил Саакашвилӣ ба қатъи рӯёрӯиҳоро ба даст овард.
Никола Саркозӣ: "Сулҳ ва боз ҳам сулҳ!"
Вақте хурӯҷи нерӯҳои Русия аз Гурҷистон ба тӯл кашид, маҳз Саркозӣ ба Медведев занг зада, ӯро аз пайомадҳои ҷиддие, ки адами муроъоти қарордоди оташбас метавонад дар равобити Маскав бо ИА эҷод кунад, ҳушдор дод.
Ангела Меркел низ ибтидо дар Сочӣ Русияро ба далели истифодаи ғайримутаносиби нерӯи низомӣ алайҳи Гурҷистон накӯҳиш кард ва гуфт, масъалаи тамомияти арзии Гурҷистон мавзӯъест, ки ҷои шакк надорад. Садри аъзами Олмон рӯзе баъд дар Тифлис гуфт, хурӯҷи нерӯҳои русӣ аз хоки Гурҷистон бо суръате нест, ки ҷомиъаи байнулмилалӣ умед дошт. Садри аъзами Олмон мутазаккир шуд, ки ҷомиъаи ҷаҳонӣ ба иқдомоти Маскав наззора дорад ва хурӯҷи ҳарчи зудтари нерӯҳои Русия аз хоки Гурҷистон масъалаи “ҳусни эътимод” аст.
Дар ҳар сурат, ин ҳусни эътимод дар равобити Маскав бо Ғарб баъд аз низоъи низомӣ бо Гурҷистон чандон мушоҳида намешавад ва лаҳни тунди тарафҳо, хусусан мақомоти русӣ, ки дар бархе ҳолот аз ҳар навъ чаҳорчӯби адаб ва дипломатия хориҷ мешавад, бар оташи ин танишҳо равғани бештар мерезад.
Ангела Меркел, Тбилисӣ, 17-уми август
Дар ҳамин ҳол, тавре ба назар мерасад, интиқоди ошкор ва тунди Ғарб Маскавро сахт нороҳат кардааст ва акнун, ки садои тиру тӯп дар Гурҷистон фурӯ нишастааст, Маскав оташи ҷанги наверо фурӯзон кардааст. Ва ин ҷанг ҷанги сарди лафзӣ ва расонаии Русия алайҳи Ғарб аст.
Ва акнун ниёзе ба як Саркозии дигар эҳсос мешавад, ки тарафҳои зидахли ин ҷанги лафзиро ба оташбас даъват кунад.
XS
SM
MD
LG