Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳзоби сиёсии маҳрум аз расонаҳои ахбор


Ин нашрияҳо ҳизбӣ нестанд.
Ин нашрияҳо ҳизбӣ нестанд.

Намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аз истифодаи нобаробари минбари расонаҳои расмӣ шиква мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қонунҳои кишвар ин имконро барои ҳама аҳзоби кишвар баробар додааст.

Намояндагони ин ҳизбҳо иддаъо мекунанд, ки мақомоти телевизион ва радиои Тоҷикистон низ ҳизбҳоро ба “худӣ”-ву “бегона” ҷудо карда, дари ин расонаҳои давлатиро ба рӯи аҳзоби “мухолиф” бастаанд. Аммо ин даъво аз сӯи раҳбарони расонаҳои давлатӣ низ беҷавоб намондааст. Асадуллоҳи Раҳмон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, дар як суҳбаташ бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” гуфтааст, ки худи ҳизбҳо низ дар ин кор фаъъол нестанд ва барои баррасии ҳадафҳояшон майл надоранд. Изофа бар ин, раиси созмони душанбегии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Мӯсо Асозода мегӯяд, ки расонаҳои расмӣ барои ҳизбҳои сиёсии кишвар то ҳол маҳдудияти хоссеро ҷорӣ накардаанд. Ӯ меафзояд: “Тарафдори он ҳастам, ки дар телевизионҳои давлатӣ аҳзоби сиёсӣ дар мавзӯъҳои мухталифе, ки ҷомиъаро ба ташвиш овардааст, баҳс кунанд. Ин ба манфиъат аст”.

Шокирҷони Ҳаким

Вале дар ҳамин ҳол, Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон, иддаъо мекунад, ки намояндагони чанд ҳизби сиёсии кишвар борҳо барои таҳияи барномаҳои таҳлилӣ ба телевизионҳои давлатӣ муроҷиъат кардаанду то ҳанӯз дархосташон бидуни посух мондааст. Оқои Ҳаким ин ҳамаро ба маҳдудияти озодии баён дар Тоҷикистон марбут медонад. Вай ҳамчунин мегӯяд, ин гурӯҳи расонаҳо, ки дар дасти афроди наздик ба ҳукумат қарор доранд, ба ҳеч ваҷҳ ҷонибдори он нестанд, то намояндагони аҳзоби сиёсии мухолифи давлат, аз навоқиси сиёсӣ дар кишвар овоз баланд кунанд: “Қабл аз ҳама набудани иродаи сиёсӣ ва муҳити солиму мусоъид баҳри таҳкими институтҳои демократӣ ва рушди равияҳои гуногуни сиёсӣ боъис ба он шудааст, ки аҳзоби мухолиф имкон ва шароити суҳбат кардан дар расонаҳои давлатиро надоранд. Телевизон ва радио ҳукуматист ва изофа ба ин аксарияти рӯзномаҳо низ барои суҳбат кардан имконият намедиҳанд”.

Муовини раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон инчунин мегӯяд, ҳизбаш соҳиби як сафҳаи интернетӣ аст, вале то ҳанӯз натавонистааст барои таъсиси як рӯзнома аз сӯи вазорати фарҳанги кишвар иҷозаи расмӣ дарёфт кунад. Ба қавли оқои Ҳаким ҳизбаш тавони молӣ барои ташкили як расонаи ҳизбиро дорад, вале мушкили дарёфти муҷаввиз барои фаъъолияти ин гуна расона онҳоро пешпо медиҳад: “Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон ҷиҳати сабтиноми рӯзномаи худ дар шаклҳои гуногун ҳафт маротиба ба вазорати адлия ва вазорати фарҳанг, ки масъули ин кор аст, муроҷиъат кард. Қаблан ҳамингуна муроҷиъати мо тибқи маълумоти расмӣ ва боэътимод бо мақомоти амният мувофиқа шуд, аммо таҳти таъсири дигар хулосаҳо ва омилу сабабҳо натавонистем, ки рӯзномаи худро ба расмият дарорем. Бо вуҷуди он ки дар ин бора қарори Шӯрои сиёсии ҳизб ҳаст ва номи рӯзнома низ муайян шудааст”.

Муҳйидини Кабирӣ

Муҳйиддини Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳизбаш соҳиби саҳифаи интернетӣ, нашрияи сиёсии “Наҷот” ва се маҷаллаи мазҳабӣ аст, мегӯяд, то ҳанӯз онҳо ба муаррифии сартосарии барномаи ҳизбии худ эҳтиёҷ доранд. Аммо, мегӯяд ӯ, ҳукумат шароити мусоъидеро барои таъсиси васоити электронӣ барои ҳизбҳои мухолифи ҳукумат фароҳам накардааст: “Барои мисол, оё ягон ҳизби оппозитсионӣ дар Тоҷикистон метавонад, ки расонаи электронӣ, мисли радио ва телевизион, дошта бошад? Қонун инро иҷоза медиҳад, вале суъол ин аст, ки оё мо метавонем бидуни иҷозаи ҳукумат соҳиби теоевизон ва радио бошем? Албатта, ҷавоб мушаххас аст, ки: не. Барои ҳамин, ҳизби оппозитсионӣ дар ҳамон ҳадд ва чорчӯбае фаъъолият мекунад, ки ҳукумат ба он иҷоза медиҳад ва инро мехоҳад”.

Ҳамин тавр, бархе аз намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар чормағзи маломатро дар сари мақомоти радио ва телевизиони давлатӣ мешикананд, ки ба ҳизбҳои сиёсӣ ва тарафдорони онҳо имкони суханронӣ ва арзи матлабро намедиҳанд. Ҳатто онҳо далелеро пеш меоранд, ки ин расонаҳо аз ҳисоби андози ҷамъоваришуда аз сӯи сокинони кишвар фаъъолият мекунанд ва онҳо бояд бидуни мамониъат дар саҳнаи ин телевизионҳо пайдо шаванд. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки, ба гуфтаи онҳо, феълан саҳнаи телевизиони Тоҷикистон ба майдони ҳунарнамоии овозхонҳо табдил шудааст.

Таҳлилгар Бобоҷони Икром заъфро аз дар ҳарду ҷониб эҳсос мекунад. Вай мегӯяд, ки, аз як сӯ, радио ва телевизиони давлатӣ ҷонибдори муаррифии аҳзоб дар ин расонаҳои расмӣ нестанд, аз сӯи дигар, худи аҳзоб низ чандон майлу талоше барои муаррифии худ дар ин расонаҳоро надоранд. Ба гуфтаи вай, аҳзоби сиёсӣ танҳо дар замони баргузории интихоботҳо бедор мешаванд ва то интихоботҳои дигар хомӯш мемонанд. Ва аммо Раҷаби Мирзо, раиси созмони душанбегии Ҳизби демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, дар шарҳи ин мавзӯъ мегӯяд, ки раҳбарони радио ва телевизиони Тоҷикистон намехоҳанд баробари минбар додан ба аҳзоби мухолифи кишвар барои худ дарди сар харанд: “Онҳо ё дастури нонавиштае доранд, ё аҳдофи тиҷорӣ. Яъне мехоҳанд, ки бештар пул кор кунанду касе ба онҳо халал нарасонад. Вагарна аз лиҳози қонунӣ дар ин замина тақрибан ишколе вуҷуд надорад. Мушкил ба ирода ва касбияти раҳбарони рӯзномаҳову телевизиону радио бастагӣ дорад, ки то куҷо ба рисолатҳои касбии худ содиқанд”.

Раҷаби Мирзо, ки ҳамзамон сардабирии нашрияи Ҳизби демократ “Адолат”-ро ба уҳда дорад, мегӯяд, ҳизбаш метавонад чопи ин нашрияро дубора роҳандозӣ кунад, вале нашри он дар матбаъаҳои кишвар имконнопазир аст.

Ба ҳар ҳол, баробари наздик омадани замони баргузории интихоботи тозаи порлумонӣ 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон ба саҳнаи муборизот омодагӣ мегиранд ва талош мекунанд бо тавони молии ҳизбии худ нашрияву саҳифаҳои интернетияшонро таъсис диҳанд ва ё ба минбари расонаҳои давлатӣ роҳ ёбанд.
XS
SM
MD
LG