Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай ба Амрико шарт мегузорад


Раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай тақозо кард, ки сарбозони ИМА ва НАТО барои тафтиш ба манзилҳои сокинони ин кишвар дохил нашаванд ва агар зарур бошад, чунин тафтишҳоро дар якҷоягӣ бо нерӯҳои амниятии маҳаллӣ анҷом диҳанд.

Вай инчунин хост, то сарбозони нерӯҳои байнулмилалӣ ба фарҳангу одатҳои ин кишвари исломӣ эҳтиром гузоранд.

Карзай эълом дошт, ки барои пешгирӣ аз талафот миёни шаҳрвандони мулкӣ ҳангоми амалиётҳои ҷангӣ нерӯҳои хориҷӣ бояд кушиши бештар ба харҷ диҳанд. Ва ҳатто замоне ки онҳоро кормандони неруҳои амниятии афғонӣ ҳамроҳӣ мекунанд, дохилшавии мардон ба манзиле, ки занҳо дар он ҷо ҳастанд, метавонад сабаби эътироз ва адоват гардад.

Карзай гуфт, дар тӯли моҳи охир аз мақомоти Амрико борҳо дархост кардааст, ки ҳангоми анҷоми кадом амалиёте, ки набошад, амрикоиҳо бояд бо ҳукумати Афғонистон ва нерӯҳои амниятии он ҳамкорӣ кунанд. Ӯ гуфт, амрикоиҳо ҳақ надоранд манзилҳои афғонҳоро ҳадафи мушаку гулула қарор дода, шаҳрвандони Афғонистонро боздошт кунанд.

Сарвари Афғонистон нагуфт, ки ба номааш аз Вошингтон ягон посух гирифтааст ё хайр, аммо мақомдорони Амрико дар ин робита борҳо ишора мекарданд, ки аз додани тафсилоти амалиётҳои низомӣ ба намояндагони ҳукумати Кобул худдорӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар дохили ҳукумати Афғонистон ашхосе ҳастанд, ки бо Толибон дар иртиботанд ва ҳамаи маълумоти махфиро ба онҳо ифшо мекунанд. Аммо Ҳомид Карзай зимни суханрониаш ваъда дод, ки фасоди ҳукуматиро аз байн мебарад.

Тибқи омори СММ, дар 8 моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон 577 сокини маҳаллӣ кушта шудааст, ки ин дар муқоиса бо соли гузашта 21 дар сад бештар аст. Толибон ва дигар гурӯҳҳои ошӯбгар соли ҷорӣ ҳадди ақал 800 шахси осоиштаро ба қатл расондаанд.
XS
SM
MD
LG