Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи олӣ: «Парвоз» - дуввум, «Хуҷанд» - севум


Дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон гардид.

«Парвоз» дар охирин дидори худ 22-юми декабр дар меҳмонӣ бар дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Нӯъмон Ҳакимов ва Анвар Норқулов ба ҳадаф расонданд.

Дастаи «Парвоз», ки таҳти раҳбарии сармураббӣ Тоҳир Нурматов бо 90 имтиёз дар ҷои дуввум қарор гирифт, чун соли гузашта бо медалҳои нуқра сарфароз мешавад.

Дастаи «Хуҷанд», ки бо 88 имтиёз ҷои севумро касб кард, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида хоҳад шуд. Уроз Турақулов, сармураббии тими «Хуҷанд», дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз он изҳори хурсандӣ кард, ки дастааш имсол барандаи Ҷоми Тоҷикистон ва медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии кишвар гардид.

Ба дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода (сармураббиаш Маҳмадҷон Ҳабибуллоев), ки барои ҳафтумин бор ба унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон даст ёфт, рӯзи 25-уми декабр ҷоизаҳои Федеросиюни футболи кишвар – ҷом ва медалҳои тиллои мусобиқот - супурда хоҳанд шуд.

Дар бозии дигаре, ки 22-юми декабр дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, тими мизбон - «Динамо» - дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Ҳарду тӯбро Низом Раҳимов вориди дарвоза кард.

Бозии охирини мусобиқоти имсола 25-уми декабр байни ду дастаи шаҳри Душанбе - «Энергетик» ва «Динамо» - баргузор мешавад, вале натиҷаи он ба мавқеъи се дастаи пешсаф асар нахоҳад кард. Ва аммо дар сурати пирӯзӣ «Энергетик» ба ҷои чаҳорум мебарояд.

Инчунин ҳамлагари ин даста Сӯҳроб Ҳамидов, ки алъон бо 29 гол дар ҷои дуввум аст, имкон дорад, дар бозии охирин шумораи голҳояшро афзун намуда, дар сабқати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот пирӯз шавад. Дар ҳамин ҳол бозигари тими «Парвоз» Нӯъмон Ҳакимов, ки 30 гол ба самар расондааст, дар ҷои аввал мебошад.

Мавқеъи дастаҳо то 25-уми декабр

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Регар» ТадАЗ

40

32

5

3

129-36

101

2.

«Парвоз»

40

28

6

6

89-29

90

3.

«Хуҷанд»

40

28

4

8

71-33

88

4.

«Вахш»

40

21

3

16

59-46

66

5.

«Энергетик»

39

20

4

15

73-49

64

6.

«Динамо»

39

16

10

13

56-50

58

7.

«Тоҷиктелеком»

40

18

2

20

67-68

56

8.

«Саройкамар»

40

8

5

27

43-91

29

9.

«Гвардия»

40

7

7

26

34-82

28

10.

«Равшан»

40

7

6

27

43-103

27

11.

CСKA «Помир»

40

7

2

31

21-98

23

XS
SM
MD
LG