Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳимтарин ҳаводиси сол


Соли 2008 бо як қатор рӯйдодҳои мӯҳим дар ёдҳо ва дар саҳфаҳои таърих хоҳад монд.

Яке аз ин рӯйдодҳо дар оғози соли 2008, 17-уми феврал, истиқлолият касб кардани Косово – яке аз минтақаҳои Сербистон буд. Истиқлолияти Косоворо даҳҳо кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои абарқудрат, пазируфтанд.

Интихоботи раёсатҷумҳури Русия, ки дар моҳи марти соли 2008 сурат гирифт, дар маркази таваҷҷӯҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ буд. Аксари коршиносон ва таҳлилгарон натоиҷи интихоботи президентӣ дар ин кишварро пешгӯӣ мекарданд. Ва тибқи пешгӯиҳо, Дмитрий Медведев, ҷонишини нахуствазир ва гумоштаи раисиҷумҳур Владимир Путин, дар ин интихобот дастболо шуд.

Яке аз ҳаводиси маъруфи сол эътирозҳои густурдаи рӯҳониёни Тибет алайҳи давлати Чин буд, ки моҳи март оғоз шуд. Бино ба иттилоъи ҳукумати дар ҳиҷрат қарордоштаи Тибет, бар асари бархӯрдҳо миёни мақомоти Чин ва эътирозгарони тибетӣ беш аз 100 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар соли 2008 пурсарусадотарин рӯйдод даргириҳои низомӣ дар Осетияи Ҷанубӣ буд. Пас аз ташаннуҷи авзоъ дар Осетияи Ҷанубӣ Русия нерӯҳои худро ба ин минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистон ворид кард ва бархурди низомӣ миёни артишҳои Русия ва Гурҷистон шурӯъ шуд. Ҷанг беш аз як ҳафта идома кард ва беш аз якуним ҳазор кушта бар ҷой гузошт ва даҳҳо ҳазор нафарро гуреза кард. Пас аз муддате Русия истиқлолияти ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро ба расмият шинохт, вале кишварҳои ҷаҳон ин иқдоми Маскавро дастгирӣ накарданд.

Ҳамзамон бо оғози даргириҳо дар Қафқоз бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ дар пойтахти Чин шурӯъ шуд, ки бошукӯҳтарин ва беҳтарин олимпиадаи ҷаҳонӣ унвон шуд. Дар он беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 200 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.

Интихоботи раёсатҷумҳури Амрико яке аз рӯйдодҳои мӯҳимтарини сиёсӣ ва таърихӣ дар соли 2008 буд. Дар ин интихобот, ки 4-уми ноябр баргузор шуд, Барак Обама, номзади Ҳизби демократи Амрико рақибаш аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейнро шикаст дод ва нахустин сиёҳпӯсте шуд, ки ба мақоми раисиҷумҳури Амрико мерасад.

Яке аз ҳодисаҳои ҳузнангези сол сислсилатаркишҳо дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон буд. Дар авохири моҳи ноябр афроди номаълуми мусаллаҳ бо силоҳ ва норинҷакҳо ба меҳмонсароҳо, бемористон ва пойгоҳҳои роҳаи оҳан ҳамла карданд. Бар асари ҳамлаҳо дасти кам 143 нафар кушта ва беш аз 200 нафар захмӣ шуданд. Масъулияти ин ҳамлаҳоро як гурӯҳи мавсум ба «еккан Муҷоҳидин» бар дӯш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG