Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Регар» бо Ҷом ва медалҳои тилло мукофотонида шуд


Ба дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки ба унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон даст ёфт, 25-уми декабр ҷоизаҳои Федеросиюни футболи кишвар – ҷом ва медалҳои тиллои мусобиқот - супурда шуданд.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими «Регар» ТадАЗ, ба радиои Озодӣ гуфт: «Соли 2008 барои мо соли бобарор гардид. Мо аввал дар Ҷоми Рустам Долтабоев пирӯз шудем. Сипас барои бори дуввум Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиёро ба даст овардем. Ва, инак, барои ҳафтумин бор ба унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон даст ёфтем. Мо дар айни ҳол ба Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз 17-ум то 25-уми январи соли 2009 дар шаҳри Маскави Русия баргузор хоҳад шуд, омодагӣ мебинем. Рӯзи 7-уми январ ба шаҳри Қазон сафар хоҳем кард. Давраи омодагии мо ба Ҷоми Иттиҳод дар пойтахти Тотористон то рӯзи 15-уми январ идома меёбад. Мо дар ин ҷо ба нақша гирифтаем, ки се бозии контролӣ анҷом бидиҳем».

Ёдовар мешавем, ки «Регар» ТадАЗ дар гурӯҳи худ 17-уми январ бо «Левадия»-и Таллинни Эстония, 18-уми январ бо «Шериф»-и Тирасполи Молдова ва 20-уми январ бо «Шахтёр»-и Донетски Укроин қувваозмоӣ мекунад.

26-уми декабр бозии охирини мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон байни ду дастаи шаҳри Душанбе - «Энергетик» ва «Динамо» - баргузор мешавад. Вале натиҷаи он мавқеъи пешсафонро тағйир нахоҳад дод. Танҳо дар сурати пирӯзӣ «Энергетик» аз «Вахш»-и Қӯрғонтеппа пеш гузашта, ба ҷои чаҳорум мебарояд. Инчунин ҳамлагари ин даста Сӯҳроб Ҳамидов, ки алъон бо 29 гол дар ҷои дуввум аст, имкон дорад, дар бозии охирин шумораи голҳояшро афзун намуда, дар сабқати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот пирӯз шавад. Дар ҳамин ҳол бозигари тими «Парвоз» Нӯъмон Ҳакимов, ки 30 гол ба самар расондааст, дар ҷои аввал мебошад.
XS
SM
MD
LG