Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рубли русӣ ва юани чиноӣ ба ҷойи доллар?


Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз авоқиби бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ба ҳукумат пешниҳод кардааст, то саҳми доллари амрикоӣ дар додуситадҳо ба нафъи рубли русӣ ва юани чиноӣ маҳдуд карда шавад.

Дар ин пешниҳод аз Бонки миллӣ тақозо шудааст, то вобастагии қурби сомонӣ ба доллари амрикоиро коҳиш диҳад. Дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ирсоли чунин пешниҳодҳои зидди бӯҳронӣ дар 18-уми ноябри соли ҷорӣ ба ҳукумати кишварро таъйид кардаанд.

Раҳмон Баҳромов аз вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ки ба муҳтавои ин пешниҳодҳо ошност, дар гуфтугӯ бо радиои Озодӣ ҳадаф аз ҷумла гуфт, мо набояд танҳо ба доллар эътимод дошта бошем, балки саҳми арзҳои дигари хориҷӣ дар додуситадҳоро афзоиш диҳем.

Ин дар ҳолест, ки дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Иттиҳоди евроосиёӣ ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ мақомоти Русия мавзӯъи ба асъори минтақавӣ табдил додани рубли русиро матраҳ карданд. Вале ин пешниҳод аз сӯи ҳама кишварҳои узв пазируфта нашуд.

Аммо Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо ҳафтавори «Азия-плюс» ба аҳамияти рубли русӣ дар додуситадҳои минтақавӣ таъкид карда гуфтааст, ки дар ин авохир саҳми рубли русӣ захоири Бонки миллӣ афзудааст ва то 30 дарсадро ташкил медиҳад. Ба ин далел, ки муҳоҷирони корӣ дар ин авохир ба ҷойи доллари амрикоӣ рубли русӣ мефиристанд. Ва Бонки миллии Тоҷикистон дар тули соли 2008 дар муомилоти пулӣ беш аз як миллиард рубли русӣ ба даст овардааст.

Шариф Раҳимзода гуфтааст, ба унвони арзи минтақавӣ пазируфта шудани рубли русӣ пеш аз ҳама ба рушди иқтисод ва суботи молии Русия бастагӣ дорад. Вале, меафзояд Ш. Раҳимзода, дар сурате, ки захираҳои асъории мо аз арзҳои мухталиф иборат бошад, дар он сурат риск камтар мешавад.

Аммо Раҳматулло Валиев, коршиноси иқтисод, баъид медонад, ки захира кардани рубли русӣ ба нафъи Тоҷикистон бошад. Вай гуфт, то он замоне, ки Тоҷикистон ин пешниҳодро амалӣ месозад, шояд Амрико ва дигар кишварҳои Ғарб аз бӯҳрони молӣ наҷот ёбанд. Гузашта аз ин Узбакистон ба ҳеҷ ваҷҳ гази худро ба мо бо рубли русӣ нахоҳад фурухт. Аз ин лиҳоз барои Тоҷикистон захира кардани доллар ва евро судмандтар аз рубли русӣ аст.

Ба гуфтаи Раҳматулло Валиев, агар рубли русӣ судмандтар мебуд, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Узбакистон пешниҳоди Русия дар робита ба асъори минтақавӣ кардани рубли русиро мепазируфтанд.
XS
SM
MD
LG