Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракати нерӯҳои Покистон ба марзи Ҳинд


Покистон теъдоде аз сарбозонашро аз марзи Афғонистон ба хатти сарҳадаш бо Ҳиндустон эъзом намудааст.

Ҳарчанд мақомоти кишвар таъкид мекунанд, ки эъзоми ин нерӯҳо танҳо як иқдоми дифоъист, аммо коршиносон ин ҳаракати Покистонро нишонаи дигаре аз авҷ гирифтани танишҳо миёни Ҳиндустону Покистон, ду кишвари мусаллаҳ бо бомби ҳастаӣ, номидаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Ҳиндустон тундравони покистониро масъули ҳамлаҳои хунин дар шаҳри Мумбай медонад, ки дар пайи онҳо беш аз 170 нафар ҳалок шуданд. Вале Покистон хостааст, то давлати ҳамсоякишвараш ин иддаъояшро бо далелҳо исбот кунад. Нахуствазири Покистон

Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон, изҳор намуд, кишвараш хоҳони ҷанг бо Ҳиндустон намебошад, вале омода аст, то худро дифоъ кунад. Ҳангоми суханронӣ дар маросими солгарди қатли Беназир Бҳутто, нахуствазири пешини Покистон, Гелонӣ гуфт, ки “кишварҳои дӯст бо тамоми тавони хеш саъй доранд, то Ҳиндустонро ҷиҳати худдорӣ варзидан аз ҳар гуна таҷовуз мойил кунанд. Ӯ афзуд: «Айни замон нерӯҳои мусаллаҳи мо таҷрибаи сатҳи олиро доранд. Онҳо комилан омодаанд, вале ман ҳамзамон бори дигар итминон медиҳам, ки мо иқдом нахоҳем кард, мо вокуниш нишон хоҳем дод».

Хабаргузориҳо аз қавли манобеъи хадамоти ҷосусии Покистон навиштаанд, ки ҳаракати қувваҳои ин кишвар аз вилояти Вазиристон ба самти шаҳрҳои Касур ва Сиалкот дар наздикии марз бо Ҳиндустон рӯзи панҷшанбе шурӯъ шуда буд. Ба гуфтаи низомиён, онҳо қасд доранд, тақрибан 20 ҳазор сарбози Покистонро аз манотиқи қабиланишин, ки паноҳгоҳҳои «Толибон»у «ал-Қоъида» маҳсуб мешавад, ба марзи Ҳиндустон фиристанд.

Дар айни ҳол як афсари Покистонӣ гуфтааст, ҳузури сарбозон дар амалиётҳои зиддитерористӣ кам карда намешавад ва танҳо воҳидҳое ба марз оварда мешаванд, ки дар ҷойҳои сербарф ҳастанд ва онҷо амалиёт сурат намегирад.

Иқдоми Покистон барои тағйири мавқеъи сарбозон баъд аз он сурат гирифт, ки, ба иттилоъи хабаргузориҳо, мақомоти Покистон дар иртибот бо ҳамлаҳо дар шаҳрҳои Лоҳур ва Мултон чанд тан аз шаҳрвандони Ҳиндустонро боздошт кардаанд. 26-уми декабр мақомоти Ҳиндустон ба шаҳрвандонаш тавсия дод, то аз сафар ба Покистон худдорӣ варзанд.

Ҳукумати Амрико аз ин ду ҳамсояи мусаллаҳ бо бомби атомӣ даъват кардааст, то монеъи афзоиши таниш миёни ҳамдигар шаванд. Гордон Ҷондроу, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии ИМА, гуфт, ки ҳукумати кишвараш умедвор аст, Ҳиндустон ва Покистон дар ин замони пуршиддат аз иқдомоте, ки сабаби афзоиши нолозими таниш мешавад, парҳез хоҳанд кард.

Ҳиндустон ва Покистон баъди истиқоли хеш дар соли 1947 се маротиба бо ҳам ҷангидаанд.
XS
SM
MD
LG