Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ даъвои М. Собировро рад кард


Мақомоти Ҳизби демократи ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров мегӯянд, додгоҳи Синои шаҳри Душанбе даъвои Масъуд Собиров, раиси расман эътирофшудаи ин ҳизбро рад кардааст.

Қаблан, Масъуд Собиров аз рӯйи Раҳматилло Валиев, муъовини раиси Ҳизби демократи ҷиноҳи Искандаров, ба додгоҳ шикоят бурда буд, ки дигар аз номи ин ҳизб сухан нагӯяд ва дар баробари ҳукумат мавқеъгирӣ накунад. Вале Раҳматилло Валиев, ки ахиран санади додгоҳиро дастрас кардааст, мегӯяд, додгоҳ ин даъворо ба далели баҳси дохилиҳизбӣ буданаш бидуни баррасӣ гузоштааст.

Ин дар ҳолест, ки тобистони имсол Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баҳси миёни Масъуд Собиров ва Саидҷафъар Исмоновро, ки худро раҳбари Ҳизби демократ эътироф мекард, ба фоидаи оқои Собиров ҳал намуд ва ба оташи баҳси онҳо об рехт.

Аммо Раҳматилло Валиев мегӯяд, баҳси додгоҳии онҳо бо Масъуд Собиров ба нуқтаи худ нарасидааст. Ба қавли ӯ, ҳизбаш аз “мусибат”-е, ки ба сари он дар чанд соли пеш бо номи ҷиноҳи “Ватан” ва бо раҳбарии Масъуд Собиров омад, ба Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милал муроҷиат кардааст ва ин даъво ҳоло баррасӣ мешавад.

Коршиносон Шокирҷони Ҳаким, устоди ҳуқуқи Донишгоҳи байнулмилалӣ дар Душанбе мегӯяд, дар остонаи то як соли интихоботи порлумонӣ ҳукумат мехоҳад, ҷиноҳҳои ҳизби демократро дубора ба баҳсҳои дохилиҳизбӣ кашонад ва ҳамин тавр онҳоро саргарми мушкилоти худ нигоҳ дорад.

Масъуд Собиров, раиси расман эътирофшудаи Ҳизби демократ, бо ин фарзия мувофиқ нест ва мегӯяд, талоши онҳо барои ваҳдати демократҳо идома мекунад.
XS
SM
MD
LG