Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи солинавии нашрияҳои Тоҷикистон


Ин ҳафта нашрияҳои чопи Душанбе матолиби бештари худро ба ҷашни Соли Нави Масеҳӣ ва натиҷагирӣ аз соли 2008 ихтисос додаанд. Аммо мушкили муҳоҷирини тоҷик ва муносибати баъдии Тоҷикистону Русия аз мавзӯъи аслиест, ки дар саҳифаҳои аввали бархе аз ин нашрияҳо бозтоби тоза ёфтааст.

“Фараж” дар матлабе зери унвони “Алло, Кремл” навиштааст, ки Тоҷикистон ҳар қадаре аз Русия бастагӣ дорад, Русия низ ҳамон қадар аз Тоҷикистон вобаста аст. Ин нашрия даъвои Маскав барои саҳмаш дар сулҳи тоҷиконро низ якҷониба медонад ва менависад, ки агар Русия манфиатдор намебуд, ҳаргиз иҷоза намедод, то дар Тоҷикистон сулҳу субот шавад. “Фараж” аз маъмурияти сафорати Маскав дар Душанбе хостааст, ки бо ҷамъи коршиносон, расонаҳо ва доираҳои зидахли Тоҷикистону Русия мавзӯъи беҳбуди равобити ин ду кишварро баҳс кунад.

Ҳафтаномаи “CCCР” дар матлабе бо номи “Ҳикмати бародари калонӣ” Русияро сабаби варшикастагии иқтисоди Тоҷикистон арзёбӣ кардааст. Ба назари муаллифи ин матлаб Сафват Бурҳонов, ҳузури танҳо қисми низомии 201 –и Русия дар Тоҷикистон кофист, ки селаи сармоягузорон аз кишвари мо гурезанд. Оқои Бурҳонов гуфтааст, акнун вақти он ҳам расидааст, ки бояд қатъи ҳузури қисми низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон дар миён гузошта шавад.

Дар пайи ин баҳсҳо “Азия–плюс” баёнияи журналистони панҷ рӯзномаи Душанбе дар баробари эътирозномаи сафорати Русияро ба боди баҳс кашидааст. Дар шарҳи ин мавзӯъ номзади улуми сиёсатшиносӣ Абдулло Ҳакими Раҳнамо ба “Азия-плюс” гуфтааст: “Мо набояд ба ҳар мушкиле, ки муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба он дучор мешаванд, ранги сиёсӣ диҳем”.

Нашрияҳои дигар аз бурду бохти соли 2008 натиҷагирӣ кардаанд. “Нигоҳ” ин ҳафта рӯйихати бохтҳои Тоҷикистон дар соли 2008-ро тартиб додааст, ки дар он номуваффақии сиёсати кадрӣ, муфлисшавии риштаи пунбакорӣ, ҳалли худро наёфтани бӯҳрони энержӣ ва тавсеъаи фасоди молӣ ҷой гирифтаанд. Дар ин қатор Ҳикматулло Сайфуллозода, раҳбари маркази таҳлилии “Диалог” ба нокомии ҳукумати Тоҷикистон дар муносибат бо ҳамсоякишварҳояш, аз ҷумла Узбакистон ишора кардааст.

Ҳафтаномаи “Миллат” бошад, феҳристи чеҳраҳои мондагори Тоҷикистон дар соли 2008-ро нашр кардааст, ки дар иҷрои вазифаи худ муваффақ ва номуваффақ будаанд. Феҳристи афроди муваффақро аз Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷӣ, то Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, ва аз Расул Боқиев то Ҳоҷӣ Мирзо ташкил медиҳанд. Вале ба навиштаи “Миллат” Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон, аз зумраи камкортарин аъзои ҳукумати кишвар будааст. Ба навиштаи “Миллат”: “ӯ сарвазирест, ки иқдомоташ дар самти рушди иқтисод ва иҷтмоъи мардум то ҳол номаълум мондааст”. Дар паҳлуи номи Оқил Оқилов номи Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, ва Рамазон Абдулатифов, собиқ сафири Русия дар Душанбе, низ ҷой гирифтаанд, ки талошашон дар ҳалли баъзе аз масоили мубрами миёни Тоҷикистону кишвари онҳо номуваффақ анҷом шудааст.

Ва ин ҳама дар ҳолест, ки ҳафтномаи “Наҷот”-нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, навиштааст, ҳамаи мо Соли Нави Масеҳиро бо шукӯҳ ва дастаҷамъона таҷлил мекунем, ҳарчанд он дархӯри фарҳанги динии мо нест. Вале ҳич кудом аз мо, ки беш аз навад дарсади ҷамъияти мусулмони Тоҷикистонгро ташкил медиҳем, талош накардаем, ки рӯзи мавлуди Муҳаммад пайғамбарро дастаҷамъона ҷашн гирем ва ҳам намедонем, ки ин рӯз кадом рӯз аст.
XS
SM
MD
LG