Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дурнамои ҳамкориҳои Русияву ИМА дар аҳди Обама


Таййи солҳои ахир равобити Амрикову Русия рӯ ба таниш овардааст.

Ихтилофи назарҳо миёни Маскаву Вошингтон бар сари тавсиъаи паймони низомии NATO, истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупои шарқӣ ва шеваи бархӯрди Русия ба кишварҳои ҳамҷавораш аз мояҳои аслии чунин ба таниш печидани ин равобит ном бурда мешавад.

Аммо Амрикову Русия дар аҳди Барак Обама, ки 20-уми январ Ҷорҷ Бушро дар симати раёсати ҷумҳурии Амрико иваз мекунад, ба кадом самт тағйир хоҳад кард ва оё Вошингтону Маскав ҳарду омода ҳастанд он саҳифаи танишҳо дар таърихи равобити худро варақ гардонда, саҳифаи тозаеро дар ин равобит боз кунанд?

Ҳамагӣ як рӯз баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, вақте раҳбарони ҷаҳон ба хотири пеш аз дигарон табрик гуфтани пирӯзии Барак Обама ташкил сабқат карда буданд, раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев баръакс дар паёми солонааш ёде аз Обама накард ва ҳатто пирӯзӣ дар интихоботро ба ӯ табрик накард, балки изҳор дошт, ки Маскав ба хотири хунсо кардани нақшаи истиқрори сипари зиддимушакии Амрико мушакҳои кӯтоҳпарвози “Искандар”-ашро дар вилояти бо кишварҳои узви NATO ҳаммарзи Калининград мустақар хоҳад кард. Чунин ба назар мерасид, ки Русия бо чунин нодидагириҳо мехоҳад аз Барак Обама имтиҳон бигирад ва сардии таййи солҳои ахир уфтода дар равобити Русияву Амрико дар даврони Обама ҳамчунон идома ва ҳатто тавсиъа хоҳад ёфт.

Аммо дар остонаи расман ба курсии раҳбарии Амрико нишастани Барак Обама ва пешбарии Ҳилларӣ Клинтон ба симати вазири ояндаи умури хориҷӣ, назари ағлаби таҳлилгарон ин аст, ки ҳарду ҷониб ғолибан ҷиҳати об кардани яхи ин Ҷанги нави сард талош хоҳанд кард. Коршиноси рус Фёдор Лукянов мегӯяд, як далели тағйири мавзеъи қаблии Вошингтону Маскав маҳз буҳрони афзояндаи иқтисодист, ки дасти ҳардуро яқинан дар саҳнаи байнулмилалӣ кӯтоҳтар кардааст: «Албатта, он ҳаҷми коре, ки Русия дар соли 2007 ва нимаи аввали соли гузашта анҷом дод ва чунин ба назар мерасад, ки нерӯяш ба тамоми кор мерасад, дар шароити кунунӣ дигар ғайриқобилииҷро шудааст. Дар шароити кунунӣ Русия маҷбур ба сарфаи маблағҳо шуда, бояд чанд самти асосиро интихоб кунад. Айни чунин ҳолат барои маъмурияти Барак Обама низ пеш хоҳад омад».

Русия ба барномаи истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар Лаҳистону Ҷумҳурии Чех ва ба талошҳои Вошингтон ба хотири ба канори паймони низомии NATO овардани Укроину Гурҷистон, ду кишвари дигари шӯравии собиқ, сарсахтона мухолифат меварзад. Амрико, ба навбаи худ, Русияро дар ақибнишинӣ аз роҳи демократия ва озодиҳои шаҳрвандӣ ва ҳам ба истифодаи сарватҳои энержиаш ба ҳайси аҳроми фишор дар муносибат бо кишварҳои ҳамҷавор айбдор мекунад. Бозиҳои Маскав бо раҳбари худкома ва ошкоро зиддиамрикоии Венесуэла Ҳуго Чавес низ Вошингтонро асабонӣ мекунад.

Вале бо вуҷуди ин ҳама ихтилофоти назар, чанд масъалаи калидӣ низ дар миён ҳаст, ки ба ҳамдигар сахт зарурат доштани Русияву Амрикоро таъкид ва ҳардуро маҷбур ба ҷустани роҳҳои ҳамкорӣ мекунад. Амрико ба ҳамкории бештари Маскав дар амри хунсо кардани талоши ба сохтани силоҳҳои ҳастаӣ даст ёфтани Эрон ва ба мусоидати Русия дар роҳи таъмини нерӯҳои NATO дар Афғонистон ниёз дорад. Аз сӯи дигар, Русия низ хостори бастани қарордоди нави назорати таслиҳот бо Амрикост.

Ф. Лукянов мегӯяд, бисёриҳо дар Русия дақиқан намедонанд, ки аз Обама чиро метавон мунтазир шуд: «Ман намедонам, лаҳни Обама чи гуна хоҳад шуд. Мо ҳанӯз ӯро дар курсии раёсати ҷумҳурӣ дуруст тасаввур карда наметавонем. Обама то ҳол бештар ҳамчун як рамз намудор мешуд, на президент. Аз ин рӯ, душвор аст пешгӯӣ кардан, ки ӯ чӣ хоҳад кард».

Албатта, Барак Обама дар давоми корзори тӯлонии муборизаҳои пешазинтихоботӣ баъзе авлавиятҳои сиёсати худ дар қиболи Русияро ошкор кардааст. Обама мегуфт, ки ӯ роҳи ҳамкорӣ бо давлати Русия ва роҳи дӯстӣ бо мардуми он кишварро хоҳад ҷуст. Вале ӯ ҳамзамон аз азми Укроину Гурҷистон ҷиҳати узвияти NATO шудан ва ҳам аз барномаи истиқрори сипари зиддимушакӣ дар Аврупои шарқӣ пуштибонӣ мекунад, ки ҳатман барои Маскав хуш намеояд.

Аммо Б. Обама коҳиши қобили мулоҳизаи таслиҳоти ҳастаии ҳам Амрикову ҳам Русияро ба манфиъати Маскав меномад, ки раҳбарони Русия низ шояд аз ин хуш истиқбол кунанд.

Таҳлилгарони ғарбӣ мегӯянд, гуфтугӯ дар мавзӯъи назорати таслиҳот, ки раҳбари вақти ИМА Роналд Рейган ҳанӯз дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар муносибат бо раҳбари вақти шӯравӣ Михаил Горбачёв муваффақона ба кор бурда буд, дар марҳалаи кунунӣ низ бидуни сӯд нахоҳад буд.

Як омили муҳим дар равобити Амрикову Русия дар тӯли солиёни зиёд равобити хуби шахсӣ миёни раҳбарони ин кишварҳо будааст. Ричард Никсон, барои мисол, ба Леонид Брежнев мошини “Линколн” туҳфа карда буд. Горбачёв бо Рейган ва Буши калонӣ, ва Елтсин бо Клинтон равобити наздик ва ҳатто дӯстона доштаанд. Ҷорҷ Буши хурдӣ мегуфт, ки дар чашмони Путин самимиятро дидааст. Аммо Дейвид Саттер, муҳаққиқи аршади Пажӯҳишгоҳи амрикоии Ҳудзон ва аз мунаққидони сарсахти низоми кунунии ҳоким дар Русия, Барак Обамаро ҳушдор додааст, ки ягон раҳбари Русияро ҳамчун дӯст ном набарад. Ба бовари ӯ, кам воқеъ шуда, ки аз дӯстии шахсии раҳбарони Русияву Амрико сӯди амалие ба даст ояд: «Русҳо дӯст медоранд, дар зеҳни раҳбарони ғарбӣ чунин тасаввуреро ҷо кунанд, ӯ равобити хуби шахсӣ дорад. Сипас он раҳбари ғарбӣ талош мекунад, ин равобити шахсиро зери хатар наандозад. Дар натиҷа, русҳо барои ҳилаву бозӣ ва суъиистифода майдон ба даст меоранд. Ин ба фоидаи мо нест, чунки дасти онҳоро заррае намебандад. Вале фикр накунам, ки ин бозӣ ин дафъа ҳам кор диҳад».

Ба назари таҳлилгарон, як манбаъи аслие, ки ғаразҳои қудратталабии Русияро дар ин солҳои ахир об медод ва дар муносибат бо Ғарб чунин далераш мекард, фоидаҳои ҳангуфте буд, ки аз нархҳои ба осмон расидаи нафту газ ба ҷайби Маскав мерехт. Вале акнун, ки нархи нафт ба мароти пойин омада, буҳрони ҷаҳонии иқтисод аз гиребони Русия низ муҳкам гирифтааст, ба назар намерасад, ки Маскав тавонад дар оянда низ бо ҳамон далериву ҳамон густохӣ дар саҳнаҳои байнулмилалӣ пой бикӯбад. Ва аз ин буҳрон дар ниҳоят чигуна ва бо кадом ҳадди тавонмандии иқтисодӣ берун шудани Русия як омили умдаест, ки дар оянда лаҳн ва ҳарорати ҳам равобити Русия бо Амрико ва дар маҷмӯъ бо Ғарбро муайян хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG