Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суду зиёни лағви сафари Раҳмон


Лағви сафари Эмомалӣ Раҳмон барои сӯҳбат бо Дмитрий Медведев дар Маскавро намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва коршиносон агарчи ба манфиати кор намедонанд, аммо бар зарар ҳам намехонанд.

Агар иддае аз онҳо мегӯянд, ки бо ин рафтори худ оқои Раҳмон ба муносибати ҳасанаи Душанбеву Маскав зарба зада ва ҳазорон муҳоҷири тоҷикро саргардон мекунад, вале иддаи дигар кушоиши дарвозаҳои навро ба рӯйи Тоҷикистон аз эҳтимол дур надонистанд.

Мӯсо Асозода, раҳбари душанбегии Ҳизби халқӣ-демократӣ, ки раёсати онро президент Раҳмон ба ӯҳда дорад, паёмадҳои лағви ин сафарро маънии дурӣ ҷустан ва ё ранҷиши Тоҷикистон аз Русия арзёбӣ намекунад ва мегӯяд, агар ин дидор имрӯз анҷом нашуд, ҳатман як рӯзи дигар анҷом мешавад.

Сайид Иброҳими Назар, як масъули аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ ба сардӣ гароидани муносибати минбаъдаи Тоҷикистону Русияро сарфи назар карда ва ин ҳардуро “гӯшту нохун” медонад, ки яке бе дигаре буда наметавонад.

Умед Бобохонов, cардабири нашрияи сиёсии “Азия-плюс”, ба нуктаи дигари ин мушкил ишора мекунад ва мегӯяд, то ин вақт Маскав ба Душанбе ҳамчун “бародари хурдӣ” муносибат мекард, на ҳамчун ҳамкори нерӯманд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, аксар қарордоде, ки миёни ҳукумати Душанбе ва Маскав имзо шудаанд, ҳанӯз иҷро намешаванд ва ё ба кундӣ иҷро мешаванд, ки ин вазъиятро дар миён гузоштааст. Умед Бобохонов лағви сафари Раҳмон барои сӯҳбат бо Медведевро “ҳолати изтирорӣ” медонад ва бовар дорад, ки ин нофаҳмиҳо миёни ҳукуматҳои ин ду кишвар идома пайдо намекунад.

Бо ин ҳама, сафари оқои Раҳмон ба нишасти ғайринавбатии Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё нокушуда боқӣ мемонад. То лаҳзаҳои охирине, ки гузориш таҳия мешуд, аз дастгоҳи раёсати ҷумҳур хабари ширкат кардан ва ё накардани оқои Раҳмон дар ин нишастҳоро тасдиқ ва ё радд накарданд.

Аммо вазорати умури хориҷӣ гуфт, ки ба далели бӯҳрони энержиии “ҳоким” дар Тоҷикистон, раисиҷумҳур сафараш ба Маскав ва кишварҳои аврупоиро лағв кардааст. Ин ҳам дар ҳоле ки сухангӯйи Паймони амнияти дастаҷамъӣ Виталий Струговетсро дар як тамоси телефонӣ ба Радио Озодӣ гуфт, ки дар нишасти ин созмон шояд нафари дигаре Раҳмонро иваз кунад. Ӯ гуфт, вале хабари расмӣ дар бораи ширкат накардани худи президенти Тоҷикистонро дарёфт накардаанд.

Бо ин вуҷуд, ба бовари аксарият, наметавон гуфт, ки лағви сафари Раҳмон ба Маскав қатъи муносиботи ҳасанаи Тоҷикистону Русия хоҳад буд. Бештари шореҳон ба ин назаранд, ки шояд ин танҳо як гашти сиёсиест, ки назарҳоро ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дигар кунад.
XS
SM
MD
LG