Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Партоби моҳвораи миллии Эрон ба кайҳон


Эрон мегӯяд, ки нахустин моҳвораи худро бо номи "Умед" ба мадори замин партоб кардааст.

Чунин ба назар мерасад, ки Эрон хеле зуд ба таҷҳизоти кайҳонӣ даст меёбад. Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, гуфтааст, ҳадафи ҳузури кишвараш дар фазои кайҳон "тавсеъаи яктопарастӣ, сулҳ ва адолат" аст. Партоби моҳвораи миллии Эрон бо 30-юмин солгарди Инқилоби Исломии Эрон дуруст меояд.

Бисёриҳо шак доранд, ки Эрон ба таври пинҳонӣ мехоҳад соҳиби аслиҳаи ҳастаӣ шавад. Ҳуссейн Ориян, таҳлилгари радиои Озодӣ дар умури Эрон, мегӯяд, технология ё мушакҳои болдори дурбурд зарур аст, то моҳвораро ба фазои кайҳон интиқол диҳад. Чунин мушакҳо барои партоби аслиҳа низ метавонад истифода шавад. Аммо Эрон гуфтааст, ки чунин нақшае надорад. Ҳуссейни Ориян мегӯяд, равандҳои ахир нишон медиҳад, ки Эрон ба зудӣ метавонад аз ин технология ё таҷҳизот барои ҳадафҳои низомӣ истифода кунад. Вай меафзояд, агар ин кишвар битавонад моҳворабари "Сафир-2"-ро бомуваффақият партоб кунад ва ин ҳоло бояд таъйид шавад, дар он сурат, чунин кор қадаме дар ҳамон самт аст.

Эрон дар бораи партоби моҳвораи худ маълумоти зиёд мунташир насохтааст. Нозирони байнулмиллалӣ низ то ҳол натавонистаанд, партоби моҳвораи миллии Эронро таъйид кунанд. Ин кишвар гуфтааст, моҳвораи мазур танҳо барои ҳадфҳои мухобиротӣ ё телекомуникатсионӣ истифода мешавад ва бо фаъолиятҳои низомӣ иртиботе надорад.

Бо вуҷуди он, ки дар бораи барномаҳои моҳвораии Эрон маълумот хеле кам аст, вале оқои Ориян мегӯяд, барномаҳои кайҳонии ин кишвар дар ҳоли пешрафт аст. Ба гуфтаи вай, Эрон барои барномаҳои кайҳонии худ сармояҳое ихтисос додааст. Вазорати дифоъи ин кишвар раҳбарии баномаҳои кайҳониву ҳавоиро бар ӯҳда дорад ва амалан ҳукумат гуфтааст, ки барои иҷрои тарҳҳои кайҳонӣ барои панҷ соли оянда 500 миллион доллар ихтисос додааст.

Бори аввал нест, ки Эрон ба кайҳон моҳвора партоб мекунад. Вале бори аввал аст, ки ин корро худаш анҷом медиҳад. Соли 2005 бо кӯмаки Русия Эрон аз маркази парвозҳои кайҳонии Русия дар Плесетск низ моҳворае партоб карда буд.

XS
SM
MD
LG