Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди ҲНИТ аз интихоботи миёндаврии МН


Ноиби раиси ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳайит дар нишасти хабарӣ, Душанбе, 10 феврали соли 2009.
Ноиби раиси ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳайит дар нишасти хабарӣ, Душанбе, 10 феврали соли 2009.

ҲНИТ интихоботи миёндавраии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанберо баргузорнашуда эълон кардааст.

Мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳузури дипломатҳои хориҷӣ ва хабарнигорон натиҷаи интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи интихоботии рақами 4-и ноҳияи Синоро баргузорнашуда эълон кард.

Интихоботи миёндавраӣ барои дарёфти курсӣ дар Маҷлиси Намояндагон рӯзи якшанбе баргузор шуд, ки дар он Амир Каттаев аз ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ Додихудо Абдуллоев номзад аз ҳизби наҳзати исломиро “мағлуб” кард.

Муҳаммадалии Ҳайит, раҳбари ситоди интихоботӣ ва муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, гуфт, ин интихоботро, ки бо тақаллуби афзун ва ширкати ками раъйдиҳандаҳо сурат гирифтааст, ҳизбаш эътироф намекунад: “Аз ин ки ширкати интихобкунандаҳо дар интихоб 18 дарсадро ташкил медод, ҳайъати раҳбарии ҳизби мо ба хулосае омад, ки интихобот дар ҳавзаи интихоботии рақами 4-и ноҳияи Сино баргузорнашуда эълон карда шавад”.

Додихудо Абдуллоев, номзади ҲНИТ дар интихобот.
18 дарсад ширкати интихобкунандаҳо танҳо ҳисоби нозирон ва ситоди интихоботии Ҳизби наҳзати исломӣ буд, ки гуфта шуд. Вале Муҳибулло Додоҷонов, муовини раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ, бо радди ин даъво гуфт, ки дар интихобот ҳузури 77 дарсади раъйдиҳандаҳо сабт шудааст, на он тавре ки наҳзатиҳо ҳисоб мекунанд: “Шумораи умумии интихобкунандаҳо 71 ҳазору 292 нафар буд. Иштирок кардааст 55 ҳазору 393 нафар ё ки 77 дарсади раъйдиҳандаҳо. Агар ба ҳисоби овозҳои миёни ҳарифон ҳам назар кунем, фосила хеле бузург аст. Ба тарафдории яке аз онҳо 3 ҳазору 765 ва ба дигаре 50 ҳазору 447 нафар овоз додаанд. Ин фосила камтар мешуд, мегуфтем, ки воқеъан тақаллубкорӣ шудааст, аммо ҳоло на”.

Бо ин вуҷуд, Муҳаммадалии Ҳайит гуфт, ки нозирони ҳизбаш дар қитъаҳои раъйдиҳӣ мавориди нақзи ҳуқуқи раъйдиҳандаҳоро низ мушоҳида кардаанд. Ба бовари вай, кулли аъзои кумисюни ҳавзавӣ аз намояндагони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ таркиб ёфта буд, ки мехостанд бозиро ба манфиати номзади худ анҷом диҳанд: “Нозирон қайд кардаанд, ки дар кулли қитъаҳои раъйдиҳӣ агарчӣ ширкати интихобкунандаҳо кам буд, вале аз ду то сад варақаи раъйдиҳӣ ба дасти интихобкунандаҳо расидааст ва онҳо ҳам овоз додаанд”.

Раҳбари ситоди интихоботии Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчунин гуфт, нозирони ҳизбаш кулли ин қонуншиканиҳо аз сӯйи масъулони кумисюни ҳавзавиро ба мақомоти Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ ирсол кардаанд. Дар ҳоле ки Муҳибулло Додоҷонов, муъовини раиси Кумисюни марказии интихобот, мегӯяд, то ҳанӯз аз сӯйи нозирон ва масъулони Ҳизби наҳзат ба онҳо санаде дар бораи қонуншиканиҳо нарасидааст: “Гуфтам, ки ягон қонуншиканӣ шавад, ҳатман ба кумисюн хабар диҳед ва санад тартиб дода биёред. Мутаассифона, то ҳоло ба Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ин бора ягон санад пешниҳод нашудааст”.

Ба қавли Додоҷонов дар муқоиса бо интихоботи қаблии миёндавраӣ, дар ин интихобот нозирони байнулмилалӣ, аз ҷумлаи нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, намояндаҳои сафорати Амрико, Русия, Фаронса ва Бритониё ширкат ва ҷараёни онро назорат кардаанд. Ва ба гуфтаи ӯ, онҳо низ дар санаде аз мавориди қонуншиканӣ ва ё нақзи ҳуқуқи раъйдиҳандагон чизе нагуфта ва баргузории ин интихоботро дуруст шуморидаанд.

Аммо Паём Фурӯғӣ, масъули ҳуқуқи башари САҲА дар Душанбе, ки аз ҷумлаи он нозирон будааст, интихоботро куллан шаффофу озод арзёбӣ накард. Вай гуфт, онҳо низ раъйдиҳии як нафар ба ҷойи аҳли хонаводааш ва ё ба ҳамин монанд мушкилотеро, ки қаблан низ дар интихоботҳои Тоҷикистон вуҷуд доштааст, дидаанд.

Бо ин ҳама, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дақиқ нагуфт, ки иқдоми баъдияш дар робита ба натоиҷи ин интихоботи миёндавраӣ чи ҳоҳад буд: талош барои баргузории дубораи интихобот ё ба додгоҳ кашидани масъулоне, ки ба қавле “хиёнат” кардаанд. Танҳо ин нукта гуфта шуд, ки ҳизб ин ҳамаро бепосух намемонад ва барои ҳимояи раъйи интихобкунандаҳояш талош мекунад.

Вале аксар шореҳон бо ишора ба паёмади норозиятҳои намояндагони аҳзоби мухолифи ҳукумат мегӯянд, ки ин талош низ натиҷаи амалие ба дунбол нахоҳад дошт.

Худи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам борҳо эълом дошта буд, ки дар интихоботҳои миёндавраӣ ба далели тақаллубкории мақомот ширкат намекунад. Вале ғайримунтазира ва бо хилофи “ваъда”-и худ ин дафъа вориди бозӣ ва ноком шуд, ки шореҳон инро “дарси ибрат” барои онҳое медонанд, ки мехоҳанд бо намояндагони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар саҳнаи интихоботи парлумонии соли 2010 вориди рақобат шаванд.
XS
SM
MD
LG