Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия роҳҳои худро ба ИМА ва НАТО вомегузорад


Вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров мегӯяд, ИМА розигии Маскав барои транзити коло ба Афғонистон аз роҳҳои Русияро ба даст овардааст
Вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров мегӯяд, ИМА розигии Маскав барои транзити коло ба Афғонистон аз роҳҳои Русияро ба даст овардааст

Сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи ИМА Роберт Вуд гуфт, Русия омода аст, барои интиқоли муҳимоти ғайринизомӣ тавассути қаламрави худ ба Афғонистон иҷоза диҳад.

Дар ин гуфтушунуд, ки ду руз дар Маскав идома дошт, ҳайати амрикоиро раҳбарии муовини вазири корҳои хориҷи Патрик Мун ва Русияро муовинони вазири хориҷаи ин кишвар Сергей Рябков ва Алексей Бородавкин намояндагӣ мекарданд.

Роберт Вуд хабар дод, ки яке аз мавзуҳои аслии музокирот ҳамкории ду кишвар дар ҳамлу нақли борҳои ғайринизомӣ будааст: “Яке аз мавзуҳои мулоқот ин созишнома дар бораи интиқоли муҳимоти ғайринизомӣ буд. Ҷониби русӣ гуфтааст, ки имзои ин созишномаро дастгирӣ мекунад ва ба мо иҷозат хоҳад дод, муҳимоти ғайринизомиро тавассути қаламрави Русия ба нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон интиқол диҳем.”

Сафорати Амрико дар Маскав иттилоъ дод, ки Вошингтон умедвор аст, ҷонибҳо ҷузъиёти созишномаи иҷозати транзитро мушаххас хоҳанд кард, аммо тарафайн ҳоло ба тавофуқи ниҳоӣ нарасиданд.

Ин дар ҳолест, ки вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров дар нишасти матбуъотӣ дар Маскав дар робита ба имкони густариши ҳамкории Кремл ва Кохи сафед иброз дошт, “мо бо Амрико ба ҳамкории наздиктар ва васеътар омодаем. Ҳамчун бахше аз қарордоди мо бо НАТО интиқоли борҳои ғайринизомӣ алакай иҷозат дода шудааст ва чанд рӯз пеш ИМА розигии моро ба ҳамлунақли коло ва мавод барои эътилофи нерӯҳои байнулмилалии ба Афғонистонро дарёфт кард.”

Дар посух ба саволе, ки оё Русия ба интиқоли муҳимоти низомӣ иҷозат хоҳад дод, Лавров гуфт, ки имкон дорад, ки Маскав дар ин самт гомҳои иловагӣ бардорад. Вай афзуд, ки кишвараш омода аст, ба анҷоми амалиёти низомии кишварҳои Ғарб дар Афғонистон кӯмаки бештар расонад ва аз он ҷумла ҳавопаймоҳои низомии боркашашро дар ихтиёри онҳо гузорад.
XS
SM
MD
LG