Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусоҳиба бо сафири Тоҷикистон дар Белгия, ИА ва НАТО


Сафири Тоҷикистон дар шоҳигарии Белгия, Иттиҳоди Аврупо ва паймони низомии НАТО Саидмӯъмин Ятимов дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Аврупоро як рӯйдоди муҳими таърихӣ дар самти аврупоии сиёсати хориҷии ин кишвар арзёбӣ кард.

Оқои Ятимов гуфт, дар ҷараёни ин сафар як силсила қарордодҳои муҳим ба имзо расиданд, ки роҳро барои тавсеаи равобит миёни Тоҷикистон ва Аврупо ҳамвор мекунад.

Сафири Тоҷикистон дар Бруссел Саидмӯъмин Ятимов ҳамчунин аз натоиҷи бадастомада дар ҷараёни сафари президент Эмомалӣ Раҳмон низ сӯҳбат кард. Ин мусоҳиба бо пахши рамзи аудио дар тарафи рости болоии ин матлаб дастрас аст.
XS
SM
MD
LG