Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин сафари хориҷии Ҳилларӣ Клинтон


Ҳилларӣ Клинтон, вазири хориҷаи ИМА
Ҳилларӣ Клинтон, вазири хориҷаи ИМА

Қарор аст Ҳилларӣ Клинтон, вазири хориҷаи Амрико, нахустин сафари хориҷии худро аз Ҷопон, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ ва Чин оғоз кунад.

Пеш аз сафар ба кишварҳои Осиё вазири хориҷаи ИМА дар нишасти “ҷамъияти Осиё” дар Ню Йорк ширкат кард ва гуфт, «Амрико ба муттаҳидони қавӣ ҳам дар саросари минтақаи уқёнуси Ором ва ҳам дар саросари минтақаи уқёнуси Атлантик ниёз дорад. Чунки Амрико на танҳо қудрат дар ҳавзаи Атлантика, балки дар ҳавзаи уқёнуси Ором ҳам мебошад».

Дар ҳоле ки вазирони хориҷаи қаблӣ сафарҳои нахустинашонро ба Аврупо ё Ховари Миёна анҷом медоданд, барномаи боздидҳои хонум Клинтонро таҳлилгарон ба ҳайси ишораи рамзие шарҳ медиҳанд, ки ҳадафаш ин бори дигар итминон додан ба дӯстону муттаҳидон аст, ки Амрико пойбанди тааҳҳудоти қаблиаш барои ҷалби Чин ба ҳамкорӣ боқӣ мемонад.

Интизор меравад, ки зимни мулоқотҳо бо сарварони кишварҳои осиёӣ Ҳилларӣ Клинтон мавзӯҳҳои мубрам, назири бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, тағйири иқлим, Кореяи Шимолӣ ва силоҳи ҳастаӣ ва ҳуқуқи башарро баррасӣ кунад.

Хонум Клинтон дар суханрониаш дар Ню Йорк гуфт, Амрико омодааст, ба ҳарфҳои муттаҳидонаш бо диққат гуш диҳад. Гуш додан ба эътиқоди собиқ хонуми аввал ин на танҳо аломати ҳурмату эҳтиром, балки сарчашмаи фикру ақидаҳои нав мебошад, ки метавонад кӯшишҳои муштаракро такони мусбат бахшад. Вай гуфт, “борҳо дар гузаштаи наздик ҳукумати Амрико бидуни шунидани назари дигарон ва қабл аз баррасии мадраку гувоҳиҳои дастрас гомҳои аксуламалӣ мебардошт, аммо раисҷумҳур Барак Обама ва ман пойбанди сиёсати хориҷие ҳастем, ки на идеолужӣ бошад ва на беандеша”.

Ин дар ҳолест, ки дар пешорӯи сафари хонум Клинтон ба минтақа нафари дуввум дар ҳукумати Кореяи Шимолӣ Ким Ёнг Нам эълом намуд, ки кишвараш омодааст, бо кишварҳои “хайрхоҳ” равобиташро беҳбуд диҳад. Бо вуҷуди он ки тибқи гузоришҳо, Кореяи Шимолӣ ба озмоиши мушакҳои дурпавоз тайёрӣ мебинад, таҳлилгарон ин суханони мақомдори кореягиро ба ҳайси аломати пешниҳоди сулҳ бо Вошингтон арзёбӣ мекунанд.

Зимни суханрониаш дар Ню Йорк Клинтон ба Кореяи Шимолӣ ҳушдор дод, ки аз бардоштани гомҳои барангезанда худдорӣ кунад. Вай афзуд, агар Пхенян ба раванди халъи силоҳи ҳастаӣ баргардад, Вошингтон ҳозир аст муносиботашро бо он кишвар беҳбуд бахшад.
XS
SM
MD
LG