Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши СММ дар бораи барномаи ҳастаии Эрон


Нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Бушаҳри Эрон
Нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Бушаҳри Эрон

Ожонси байнулмилалии назорати нерӯи ҳастаӣ, муассисаи вобаста ба СММ, мегӯяд, Эрон ба ғанисозии ураниум идома медиҳад, вале раванди тавсеаи фаъолиятҳояш кундтар шудааст.

Бино ба гузориши ҷадиди ин ожонс, Эрон алакай 1010 кило ураниуми дар сатҳи поён ғанисозишударо ҷамъ овардааст, ки ба назари коршиносон, баёнгари аз марҳалаи назариявӣ дар масъалаи ғанисозии ураниум убур кардани он кишвар аст. Коршиносон мегӯянд, дар сурати идомаи фаъолиятҳои ғанисозии ураниум, Теҳрон метавонад миқдори барои тавлиди як бомби ҳастаӣ кофии ураниуми ғанисозишударо ҷамъ биоварад.

Ба назари Алиасғар Султония, фиристодаи Эрон дар Ожонси байнулмилалии назорати нерӯи ҳастаӣ, гузориши ахири рӯзи панҷшанбе нашркардаи ин ожонс ҳокист, ки барномаҳои ҳастаии Эрон ба гунаи мусолиматомез ва дар чаҳорчӯби талаботи Ожонси назорати нерӯи атомӣ пеш мераванд. Аммо коршиносони масоили густариши силоҳҳои ҳастаӣ аз ин гузориш паёми баръаксеро дарёфт кардаанд.

Дэвид Олбрайт, собиқ нозири ҳастаии СММ, ки феълан раҳбарии Пажӯҳишгоҳи илм ва амнияти байнулмилалӣ дар Вошингтонро бар ӯҳда дорад, мегӯяд, паёми ин гузориш ғайрихушбинона аст.

Захираи ураниуми ғанишудаи Эрон барои тавлиди як бомби ҳастаӣ кофист ...
Гузориши Ожонси байнулмилалии назорати нерӯи ҳастаӣ мегӯяд, Эрон то поёни моҳи ноябри соли гузашта 839 кило ва аз он ба баъд боз 171 кило ураниуми дар сатҳи поён ғанисозишуда тавлид карда, дар маҷмӯъ, то поёни моҳи январ захираи ураниуми ғанисозишудааш болиғ аз 1 тонна шудааст.

Дэвид Олбрайт мегӯяд, ин миқдор барои тавлиди як бомби ҳастаӣ кофист. Аммо мақомоти СММ ва коршиносони низомӣ мегӯянд, ки ҳатто агар Эрон ба сохтани чунин бомб иқдом кунад, ба як силсила мавонеи фаннӣ дучор хоҳад шуд.

Дэрил Кимболл, раҳбари Иттиҳодияи назорати таслиҳот дар Вошингтон, ахиран дар мусоҳиба бо рӯзномаи бритониёии “Гардиан” гуфт, Эрон наметавонад захираи ураниуми дар сатҳи поён ғанисозишудаашро ба таври махуф ба тавлиди бомби ҳастаӣ равона кунад.

Мақомоти Эрон батакрор мегӯянд, ки фаъолиятҳои ҳастаии ин кишвар комилан сулҳомезанд, вале Теҳрон то кунун ҷиҳати итминони хотир додани ҷомиаи байнулмилалӣ дар бораи табиати сирф ғайринизомӣ доштани ин барномаҳояш ба қадри бояду шояд иқдом накардааст.

Бо ин ҳол, гузориши Ожонси байнулмилалии назорати нерӯи ҳастаӣ меафзояд, Эрон дар корхонаҳои ҳастаияш ҷараёни насбу истифодаи сетрифугаҳо – як абзори калидӣ дар амри ғанисозии ураниумро кундтар кардааст. Аммо Дэвид Олбрайт мегӯяд, далели ин иқдом бештар сиёсист, на фаннӣ.

Мақомоти Эрон батакрор мегӯянд, фаъолиятҳои ҳастаии онҳо комилан сулҳомез аст ...
Гузориши Ожонси байналмилалии назорати нерӯи атомӣ мегӯяд, ин ожонс дар мавриди як силсила масоили мояи нигарониҳои афзоянда дар бораи таркибҳои низомии барномаҳои ҳастаии Эрон даст ба пешрафти қобили мулоҳиза наёфтааст. Барои мисол, Эрон дар амри ташхиси бархе аз таҳқиқоти ахири фанниаш ҳусни кофии ҳамкорӣ нишон надодаааст. Сухан дар бораи чанд пажӯҳише меравад, ки ба бовари созмони байналмилалии ҳастаӣ, метавонад барномаҳои ҳастаии он кишварро табиати низомӣ бидиҳад.

Гузориш мегӯяд, Эрон протоколи изофӣ ба паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаиро, ки бозрасии бидуни огоҳии таъсисоти ҳастаии Эронро ба нозирони Ожонси байнулмилалии назорати нерӯи атомӣ иҷоза медод, низ иҷро намекунад.

Амрико дар вокунишаш ба ин гузориш гуфтааст, Эрон то ҳол ҷомеаи байнулмилалиро дар бораи табиати сирф осоишта доштани барномаҳои ҳастаияш итминони комили хотир надодааст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ки Вошингтон ин гузоришро боз як имкони аздастрафта дар амри таскин додани нигарониҳои байнулмилалӣ арзёбӣ мекунад.

Бо вуҷуди чандин қатъномаи СММ ва се дафъа таҳти таҳримоти байнулмилалӣ қарор гирифтанаш, Эрон аз иҷрои тақозои аслии Шӯрои Амният - қатъи ғанисозии ураниум - то ҳол сарсахтона саркашӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG