Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаҳои аҳзоби сиёсӣ барои интихоботи 2010


Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз ҳоло ба интихоботи порлумон, ки қарор аст як сол баъд сурат бигирад, омодагии ҷиддӣ мебинанд.

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ҷиҳати омодагӣ ба интихоботи соли 2010 фаъолияти вакилони ин ҳизб дар порлумон ва маҷлисҳои маҳаллиро мавриди омӯзиш ва бознигарӣ қарор диҳад. Давлаталӣ Давлатзод, муовини аввали раҳбари ҳизби халқӣ-демократӣ мегӯяд, дар ҷараёни кори ҳайъати феълии порлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ собит шудааст, ки бархе аз намояндагони ҳизби ҳоким фаъолияти муассире надоштаанд ва аз ин сабаб ин ҳизб мехоҳад пас аз баррасии фаъолияти ҳар як узваш дар порлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар бораи пешниҳоди дубораи ин афрод ба интихоботи оянда тасмим бигирад.

Ин дар ҳолест, ки бахши аъзами аъзои порлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистонро аъзои ҳизби ҳокими халқи демократ ташкил медиҳанд, ки раҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ба ӯҳда дорад. Аз байни 63 вакили Маҷлиси Намояндагон 45-нафар узви ҳизби ҳоким мебошанд. Маҷлисҳои маҳаллӣ дар ноҳияҳо ва вилоятҳои Тоҷикистон низ умдатан аз намояндагони ин ҳизб ташкил шудаанд.

Аз 63 вакили Маҷлиси Намояндагон 45 нафар намояндагони ҳизби ҳоким мебошанд ...
Давлаталӣ Давлатзод, таъкид кард, ки акнун баъд аз омӯзиши фаъолияти намояндагони феълии ин ҳизб дар порлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, имкон дорад, бархе аз онҳо дубора барои ширкат дар интихобот пешниҳод нашаванд.

Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, низ мегӯяд, ҳизби сотсиал-демократ аз ширкат дар интихоботи миёнадавраӣ ба далели ношаффоф гузаштани он худдорӣ карда буд, аммо ин ҳизб дар интихоботи соли 2010 ширкат хоҳад варзид. Вай меафзояд, феълан ҳизби сотсиал-демократ ҳам барои пешбарӣ ба интихобот номзадҳои арзандаи ин гурӯҳи сиёсиро муайян мекунад.

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҳизби сотсиалиастии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳизбаш барои иштирок дар интихобот барномаи махсусеро бо назардошти таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба Тоҷикистон таҳия карда, бархе аз аъзояшро барои рафтори ношоям аз сафҳояш хориҷ кардаааст. Ба қавли вай, ягона чизе, ки барои омодагии ин ҳизб ба интихобот монеа мешавад, ин гаравпулии вакилон аст, ки ин ҳизб имкони дарёфти 5000 сомонӣ ё ба ибораи дигар 200 ҳадди ақали маошро барои ҳар як номзади худ надоштааст.

ҲНИТ лағви гаравпулӣ барои ширкат дар интихоботро пешниҳод кардааст ...
Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, низ таъкид кард, ки ҳизбаш ба порлумон лағви гаравпулиро пешниҳод кардааст, вале то ба ҳол порлумон, тарҳи ҷадиди қонуни интихоботро мавриди баррасӣ қарор надодааст, ва муайян накардааст, ки ин пешниҳодро қабул мекунад ё на. Аммо оқои Ҳайит таъкид кард, ки сарфи назар аз мавҷудияти гаравпулӣ ва номунсифона гузаштани интихоботи миёнадавраӣ ҳизбаш дар интихоботи соли 2010 ширкат мекунад. Ҳарчанд лағв нашудани гаравпулӣ иштирок дар ин интихоботро на барои зиёиён балки барои шахсони сарватманд пешбинӣ мекунад.

Омодагии аҳзоби сиёсӣ ба интихоботи соли 2010 дар ҳолест, ки ҳанӯз порлумон тарҳи ҷадиди интихоботро, ки аз сӯи комиссияи марказии интихобот, аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ таҳия шуда буд, қабул накардааст. Аммо маъракаи қаблазинтихоботӣ барои тасаруфи курсиҳои порлумон аз ҳоло шурӯъ шуда, ҳар ҳизби сиёсӣ талош мекунад, ҳизбашро тарғиб карда, аз 63 курсии порлумон курсии бештарро соҳиб шавад.
XS
SM
MD
LG