Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав


Дар меҳвари музокироти раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия ҳамкориҳои низомӣ ва фанниву иқтисодӣ матраҳ хоҳад буд, ки дар ин авохир ба далели масоили ҷуғрофиву сиёсӣ ба ҳам гиреҳ хурдаанд.

Русия ва Тоҷикистон дар поёни тобистони соли гузашта бар сари истифодаи пойгоҳи ҳавоии “Айни»-и канори шаҳри Душанбе тавофуқ кардаанд, вале масъалаи иҷорабаҳои ин фурӯдгоҳ то ба ҳол мавриди баҳси ду кишвар қарор дорад, мушобеҳи он ки ба гуфтаи коршиносон ва манобеъе дар мақомот, Душанбе мехоҳад дар масъалаи иҷорабаҳои ҳузури артиши 201-и Русия дар Тоҷикистон таҷдиди назар кунад. Ба ин далел, ки Тоҷикистон ахиран барои иҷрои барномаҳои энержии худ ба сармоягузорӣ ниёз дорад ва кишвар гирифтори бӯҳрони шадиди иқтисодӣ мебошад.

Аз сӯи дигар Русия, ба гуфтаи мақомоти Душанбе, дар иҷрои ваъдаи сармоягузорияш дар барномаҳои обу барқи Тоҷикистон таъхир
Бешубҳа, ин як мулоқоти ғайриодӣ хоҳад буд...
кардааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки бархе соҳибназарон ҳузуру нуфузи билқувваи Русия дар Тоҷикистонро як иллати худдории сармоягузорон ва кишварҳое дигар иқтисоди Тоҷикистон медонанд.

Марат Мамадшоев, муҳарири нашрияи русизабони «Азия плюс», мегӯяд, ки сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Русия ғайриоддӣ хоҳад буд. Ба гуфтаи ӯ, барномаи сафар аслан ба масоили иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ вобаста хоҳад буд.

Масоили мавриди баррасӣ ба ҳар навъе ба ҳузури пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон иртибот мегирад. Тоҷикистон мехоҳад аз Русия ҳамон гуна кумак ё воситаеро дарёфт кунад, ки Қирғизистон ба даст овардааст. Ҳатто шояд бо назардошти он, ки Душанбе худро бозигари муҳимтар ва бо имконоти бештар меҳисобад, тақозои бештаре гузошта шавад. Дар ниҳоят, мегӯяд оғои Мамадшоев, имкон дорад, Маскав ба гузаштҳое қобили мулоҳиза розӣ шавад, вале ҳамоно ба сурати куллӣ авзоъ ва муносибот беҳтар нахоҳад шуд.

Бархе дигар таҳлилгарон мегӯянд, таҳаввулоти ахир дар муносиботи кишварҳои минтақа бо Русия шояд Русияро ба бознигарии сиёсаташ дар қиболи ин кишварҳо ва аз ҷумла Тоҷикистон водор кунад. Ва сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин росто метавонад то ҳадде муассир воқеъ шавад.

Давлат Усмон, таҳлилгари тоҷик ва вазири собиқи иқтисоди Тоҷикистон, мегӯяд, Русия бояд аз бархурди тактикӣ ба шарикони стратегияш даст бардорад ва ин муносиботро стратегӣ кунад. Аммо, мегӯяд Оқои Усмон, Тоҷикистон нахоҳад тавонист он чиро, ки Русия барои Қирғизистон ваъда додааст ба даст биёрад. Вазири собиқи иқтисоди Тоҷикистон гуфт, муҳимтарин дастоварди ин сафар метавонад оддӣ кардани муносибот ва мусоидат ба танзими раванди муҳоҷират бошад.

Таҳлигароне ҳам мегӯянд, ҷомеаи Тоҷикистон аз ҳадсу гумон ва шунидани назару шоеъот дар мавриди муносибот бо Русия хаста шудааст. Ва муҳимтарин натиҷаи ин сафар посухи мустақим гуфтан ба суолоти мардум хоҳад буд, ки чӣ сарнавиште ин муносиботро интизор аст.

Ҳамчунин ба навиштаи матбуоти Русия як масъалаи дигар эҳтимоли ба миён омадаи бознигарӣ дар шароити қарордоди миёни Тоҷикистон ва Русия дар мавриди истифодаи пойгоҳи назорати фазоии «Окно» мебошад. Ин пойгоҳ дар соли 2004 ба Русия бар ивази қарзи Тоҷикистон дода шуд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, агар ваъдаи кумакҳои қобили мулоҳиза барои сармоягузорӣ ва тавофуқоте усули ҳосил шавад, эҳтимол дорад аҳамияти ин масоил дар музокирот дуввумдараҷа шавад.
XS
SM
MD
LG