Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон нуфуси худро мешуморад


Ба маъракаи саршумории аҳолӣ дар Қазоқистон, ки 25 феврал оғоз гардид, беш аз 55 ҳазор маъмури шумор сафарбар карда шуданд.

Онҳо аз аҳолӣ ба беш аз 40 пурсиш посух хоҳанд гирифт. Дар ин пурсишнома миллату забон, шуғл, ҷои кор, амволи ғайриманқул ва мансубияти мазҳабӣ ва соири саволҳо мавҷуданд.

Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон, қабл аз оғози маърака ба мардуми кишвар муроҷиат намуда, таъкид карда буд, ки саршумории аҳолӣ маъракаест басо муҳим ва аз мардум даъват кардааст, ки дар он фаъолона ширкат варзанд.

Саулехон Чинозбоева, муовини сарвари илораи омори шаҳри Алмаато, низ таъкид мекунад, ки агар мардум дар ин маърака фаъолона ширкат карда ба пурсишҳо дар бораи кору фаъолият ва зиндагии хеш дуруст ҷавоб диҳанд, ин ҷавобҳо ба натиҷаҳои ниҳоии саршумории аҳолӣ шомил мешаванд.

Дар Қазоқистон баъди касби истиқлолият бори дуюм аст, ки маъракаи саршуморӣ гузаронида мешавад. Бори нахуст соли 1999 чунин маърака доир шуда буд ва тибқи он дар кишвар анқариб 15 миллион аҳолӣ ба сар мебурд. Алъон бошад шумораи аҳолӣ ба 15 миллиону 700 ҳазор расидааст. Вале ин миқдор назар ба 20 сол қабл ним миллион камтар аст. Аммо тайи ин муддат дар Қазоқистон шумораи қазоқҳо аз 39 дарсади соли 1989 ба 60 дарсад расид.

Тавре Ҳикматулло Холиқов, сарвари Ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон, гуфт, дар ин маърака баробари 130 қавму миллати кишвар тоҷикон низ фаъолона ширкат доранд. Вай афзуд, ки дар кишвар шумораи тоҷикон дар ҳоли афзоиш аст ва алъон дар ин ҷо беш аз 50 ҳазор тоҷикони бумӣ ба сар мебаранд.

Вале Юсуф Чоршанбе як тан аз фаъолони маркази фарҳангӣ, ки бист сол ба ин тараф дар қазоқистон зиндагӣ ва дар донишгоҳи Тароз таҳсил кардаасту ҳоло дар Алмаато муҳандис аст, мегӯяд, шумори расмӣ баёнгари дақиқи шумораи тоҷикон нест. Зеро, ба гуфтаи вай, дар ҷануби кишвар бисёр тоҷикон зиндагӣ мекунанд, ки зери таъсири қавмҳои қазоқу ӯзбак монда забони хешро фаромӯш кардаанд ва дар шиноснома узбак зикр шудаанд. Дар як худи Тароз, ба гуфтаи Юсуф, аз 26 ҳазор ашхосе, ки узбак зикр шудаанд, беш аз 60 дарсадашон тоҷиканд. Ҳамчунин баъди нооромиҳо дар Тоҷикистон бархе аз тоҷикон ба ин кишвар омадаанд ва дар ин ҷо кору зиндагӣ мекунанд ва аз ин рӯ метавон гуфт, ки шумораи воқеии тоҷикони Қазоқистон болотар аз 80 ҳазор аст ва дар ин саршуморӣ вай умед дорад, ки шумораи ба воқеият наздик муайян хоҳад шуд.

Вале ба пурсиши мо дар бораи ин, ки қабл аз саршуморӣ ҷиҳати муваффақона ҷараён гирифтани ин маъарака ҷамъияти тоҷикон кореро анҷом дод ё на, ҳамсӯҳбатони мо посухи манфӣ доданд.

Саршумории аҳолӣ дар Қазоқистон то 6 март идома хоҳад кард ва баъзе аз натоиҷи ҳосилшуда баъдан ба мардум расонида хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG