Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости афзоиши харҷи интихобот


Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон аз ҳукумат дархост кардааст, ки барои интихоботи порлумонии соли 2010 маблағи бештар ҷудо кунад.

Зеро, мегӯянд масъулони ин комиссия, маблағе, ки ҳукумат барои ин интихобот пешбинӣ кардааст, барои анҷоми муассири як чунин маъракаи муҳими сиёсӣ кофӣ нест. Ин дар ҳолест, ки намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар шарти аслии баргузории интихоботи шаффофу мунсифона дар кишварро дар иштироки ҳатмии созмонҳои сиёсӣ дар қитъаҳо ва комиссияҳои ҳавзаии интихобот арзёбӣ мекунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои баргузории интихоботи Маҷлиси Намояндагон дар соли 2010 се миллион сомонӣ ҷудо кардааст. Аммо Муҳибулло Додоҷонов, масъули дафтари Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, мегӯяд, барои доир кардани як чунин маъракаи муҳими сиёсӣ ин маблағ кам аст. Оқои Додоҷонов гуфт, ки дар интихоботи гузаштаи соли 2005 барои ҳар яке аз қитъаҳои райдиҳӣ 200 сомонӣ ҷудо шуда буд, вале ҳоло онҳо мехоҳанд, ки ин маблағ то 400 сомонӣ боло бурда шавад. Зеро афроди масъуле, ки дар тӯли ду-се моҳи марҳалаи омодагӣ барои баргузории ин интихобот ҷалб мешаванд, танҳо аз ҳисоби ин маблағ музд мегиранд.

Ҳукумат барои баргузории интихоботи порлумонии соли 2010 се миллион сомонӣ ҷудо кардааст ...
Ҳамин манбаъ афзуд, бар асоси муқаррароти мавҷуда, танҳо яке аз аъзои қитъаи райдиҳӣ, ки масъулияти асосиро бар ӯҳда мегирад, аз ҳисоби Комиссияи интихоботӣ маош мегирад. Аммо як нафар имкон ва тавони анҷоми ҳамаи корҳои омодагӣ ба интихоботро нахоҳад дошт. Аз ин рӯ, афзуд оқои Додоҷонов, Комиссияи интихоботӣ талаб дорад, ки то чаҳор нафар дар ҷараёни интихобот масъулият дошта бошад ва бо маош таъмин шавад. Ва барои дуруст ба роҳ мондани ин корҳо Комиссияи марказии интихобот аз ҳукумат дархост кардааст, ки маблағи интихоботиро аз се миллион то ба панҷ миллион сомонӣ афзоиш диҳад.

Ҳикматулло Сайфуллозода, масъули маркази таҳлилии мавсум ба «Диалог» ва аз кормандони собиқи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, низ таъйид кард, ки маблағи ҷудошуда барои интихоботи порлумони оянда кофӣ нест. Вале сабаби асосии ғайришаффоф ва ғайридемократӣ гузаштани интихобот дар Тоҷикистон фароҳам накардани шароити баробарии иштироки аҳзоб дар ниҳоди нозири интихобот аст. Оқои Сайфуллозода гуфт, ки дар Тоҷикистон интихобот таҳти назорати ҳокимияти иҷроия ва бидуни ҳузури мустақими аҳзоби сиёсӣ доир мешавад.

Аммо Амнияти Абдулназар, муовини раиси ҲСДТ, мегӯяд, дархости Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ набояд аз ҷониби ҳукумат пазируфта шавад. Ба бовари оқои Абдулназар, масъулони ин комиссия маблағи дархостиро барои доир кардани интихоботи озод ва мунсифона масраф намекунанд. Ва агар ки баргузории як чунин маъракаи мутобиқ бо меъёрҳои байнулмилалиро мехостанд, аз пешниҳоди аҳзоб барои барҳам ва ё кам кардани гаравпулии интихоботӣ ҷонибдорӣ мекарданд.

Ин дар ҳолест, ки Муҳибулло Додоҷонов, масъули дафтари Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, маблағе, ки онҳо тақозо доранд, фақат сарфи маош нахоҳад шуд, балки бо ин маблағ ҳамчунин давраҳои омӯзишӣ барои аъзои қитъа ва ҳавзаҳои райдиҳӣ, таҳияи асноду ҳуҷҷатҳо масраф мешаванд. Оқои Додоҷонов афзуд, ки дар интихоботи соли 2010, ки тақрибан 3,5 ҳазор қитъаи раъйдиҳӣ хоҳад дошт, беш аз 40 ҳазор ба узвияти комиссияҳои интихоботӣ ҷалб мешаванд. Барои омӯзонидани аксарияти онҳо, ки масъулият ва вазифаҳои худро намедонанд, маблағи дархостшуда масраф хоҳад шуд.

Интихоботи қаблии порлумонӣ дар Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2005 доир шуд, ки натоиҷи он аз сӯи аҳзоби сиёсии умдаи кишвар, аз ҷумла ҲНИТ, ҲСД ва ҲКТ, ғайридемократӣ ва ғайриқаноатбахш арзёбӣ шуд. Зимнан нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо низ он маъракаро ҳамроҳ бо тақаллуб ва қонуншиканӣ арзёбӣ карда ва аз ҷумла адами ҳузури намояндагони аҳзоб дар қитъаҳои райдиҳӣ, мудохилаи мақомоти маҳаллӣ, раъйдиҳии як нафар ба ҷои аъзои хонавода ва ҷамъбасти якҷонибаи интихобот ба суди ҳизби ҳокими таҳти раёсати президент Раҳмонро камбуди асосии унвон карданд.

Қарор аст, интихоботи ояндаи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2010 баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG