Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовинони нав дар Додситонии кулл ва Додгоҳи олӣ


Маҷлиси миллии Тоҷикистон қарор дар барои таъини Нуралиев Абдулҳамид ба вазифаи муовини раиси Додситонии кулл ва қарор дар бораи таъйини Анварҷон Юсуфов ба вазифаи муовини аввали раиси Додгоҳи олии Тоҷикистонро қабул кард.

Абдулҳамид Нуралиев пеш аз ин раиси маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти додситонии Тоҷикистон буд ва дар вазифаи нав Баҳодур Шарифовро иваз кард. Муовини нави аввали раиси Додгоҳи олӣ Анварҷон Юсуфов қаблан ба ҳайси муовини аввали раиси додгоҳи шаҳри Душанбе ифои вазифа мекард ва дар Додгоҳи олӣ ҷойгузини Наим Мансуров шуд.

Ҳамчунин Маҷлиси миллии Тоҷикистон барои таъини Сангаков Сафар ва Деҳқонбой Ғаффоров ба вазифаи додрасонҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон қарор қабул кард.

Дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов, раиси Додситонии кулли Тоҷикистон, дар бораи риоят ва назорати иҷрои қонунҳо дар қаламрави кишвар дар соли 2008 гузориш дод. Дар иҷлосияи порлумон пешниҳоди президенти кишвар дар бораи бозхонди Наим Мансуров аз мақоми муовини аввали раиси Додгоҳи олӣ пазируфта шуд. Ҳарчанд бар асоси муқаррароти роиҷ додрасҳо дар Тоҷикистон барои 10 сол баргузида мешаванд ва аз мӯҳлати таъини ахир чаҳор сол сипарӣ нашудааст, аммо дар бораи далоили ин бозхонд чизе гуфта нашуд. Ҳамин тавр Маҷлиси миллӣ қарори интисоби афроди нав ба ин мақом ва низ ба вазифаи муовини додситони кулли кишварро таъйид кард.

Аъзои Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон, гузориши додситони кулли кишвар дар бораи фаъолияти ин ниҳод дар соли 2008-ро баъди баррасии кутоҳе қабул карданд. Доситони кулли кишвар натиҷаи фаъолияти мақомоти тафтишотӣ ва дар маҷмӯъ риоят ва иҷрои қавонинро мусбат арзёбӣ кард. Аммо аъзои Маҷлиси миллӣ бо ишора ба афзоиши раванди муҳоҷирати корӣ ба хориҷ аз кишвар ва мушкилоти ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирин аз Додситонии кулли кишвар тақозо кардаанд, ки дар ин замина таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунад.

Аммо аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҳоле аз фаъолияти Додситонии кулли кишвар изҳори ризоият мекунанд, ки бархе аз вакилони дифоъ ва ҳуқуқшиносони тоҷик аз коҳиши обрӯ ва мақоми мақомоти тафтишотӣ дар ҷомеа суҳбат мекунанд. Ба эътиқоди коршиносон, тайи солҳои ахир ин ниҳоди муҳофизи ҳуқуқ ва нозири иҷроиши қонунҳо бештар ба иҷрогари супоришҳои ҳокимияти иҷроия табдил ёфтааст.

Шӯҳрат Қудратов, як тан аз вакилони дифоъ дар шаҳри Душанбе, мегӯяд, бозрасии парвандаҳо ва тафтиши корҳои ҷиноӣ дар ин мақомот бештар бо мудохилаи мақомоти иҷроия сурат мегирад, агарчи додситонӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо аксарияти кишварҳои шӯравии пешин аз салоҳият ва ваколатҳои густарда бархурдор аст.

Аммо Баҳодур Ҳомидов, сардори раёсати тафтишоти ҷиноятҳои сангини Додситонии кулли Тоҷикистон, ба чунин арзёбиҳо комилан мухолиф аст. Оқои Ҳомидов гуфт, ки додситонӣ ба унвони ниҳоди нозири татбиқи қонун дар кишвар танҳо дар чаҳорчӯби қонун фаъолият мекунад ва ҳеҷ ниҳоде, на аз ҳукумат ва на аз идороти дигари давлат, наметавонад дар кори он мудохила кунад.

Зимнан дар доираи барномаи ислоҳоти низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон қарор аст, бархе аз салоҳият ва ваколатҳои Додситонии кулл, аз ҷумла ҳуқуқи додани дастури боздошт, ҳабс ва кофтукоби манзил, ба ихтиёри додгоҳ гузошта шавад.

Бобоҷон Бобохонов, Додситонии кулли кишвар, ки барои анҷоми фаъолияти ӯ дар ин вазифа як соли дигар боқӣ мондааст, танҳо нафарест, ки дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон ду навбати 5-солӣ дар мақоми Додситони кулли кишвар фаъолият мекунад.
XS
SM
MD
LG