Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Узбакистон қарордоди марзиро тасвиб кард


Бинои Маҷлиси олии Узбакистон
Бинои Маҷлиси олии Узбакистон

Порлумони Узбакистон қарордод дар бораи марзҳои давлатии ин кишвар бо Тоҷикистонро тасвиб намуд.

Дар ин бора сафорати Узбакистон дар пойтахти Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ёдовар мешавем, ки Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон ҳанӯз дар охири моҳи феврал ин қарордодро ба тасвиб расонида буд.

18-уми феврали соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосҳои навбатии ҳамроҳи кумисиюни байнидавлатии Тоҷикистону Узбакистон оид ба масоъили ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва кумисиюни байнидавлатии Узбакистону Тоҷикистон вобаста ба масоъили марзҳои давлатии байни ин ду кишвари ҳамсоя доир гардида буданд. Дар он мулоқот бо сарвари тарафи кишвари ҳамсоя Рустам Азимов, ноиби сарвазири Узбакистон, пешниҳод намуда буд, ки қарордод оид ба масоъили марзӣ ҳарчи зудтар ба тасвиб расонида шавад.

Дар ҳамин ҳол, бино бар таъйиди Сармудирияти артиши марзбонии Кумидаи давлатии амнияти миллиии Тоҷикистон, тӯли марзи давлатии байни Тоҷикистон ва Узбакистон беш аз 1106 километр мебошад.
XS
SM
MD
LG