Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Чех ба истеъфо рафт


Порлумони Ҷумҳурии Чех ба ҳукумати марказу ростгарои худ нобоварӣ баён карда, талаби истеъфои онро пеш гузошт. Ба ин тартиб, ҳукумати эътилофии Мирек Тополанек, ки барои барканор шудани он аз 200 вакил 101 нафар райъи мусбат доданд, мӯҳлати раҳбариашро хотима дод. Вазъияти ҳукумати Чех боз аз он назар бад шуд, ки ҳоло раҳбарии давраии Иттиҳоди Аврупоро ба дӯш дорад ва бояд ин масъулиятро то 30-уми июн бар дӯш дошта бошад.

Кирилл Шевченко, доктори улуми таърих аст, ки 15 соли охир дар шаҳри Прага кору зиндагӣ мекунад. Ӯ сабабҳои пеш омадани ин як ҳолатро чунин шарҳ медиҳад:

"Аз замони интихоботи охирин ва ташкили ҳукумати Тополанек, ки раҳбари маъруфтарин ҳизби сиёсии Ҷумҳурии Чех бо номи "Демократҳои шаҳрвандӣ" аст, ҳукумат дар як ҳолати ларзон қарор дошт, чунки дар парлумон шумори тарафдорони он хеле кам аст. Ва ҳама гуна раъйдиҳӣ барои қабули ин ё он қарору қонуни муҳим бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ мешуд, чунки ҳамеша мухолифин ба раҳбарии коммунистҳо ва сотсиал-демократҳо талош мекарданд овоздиҳиро ба манфиати худ бичархонанд. Ва ҳоло вазъияте пеш омад, ки сиёсатшиносони чех пешгӯиаш мекарданд. Ин як. Чизи муҳими дигар ин аст, ки Ҷумҳурии Чех ҳоло раҳбарии давраии Иттиҳодияи Аврупоро ба ӯҳда дорад ва пеш аз ин, матбути Аврупои Ғарбӣ - олмониҳо, фаронсавиҳо - шубҳаи худро дар заминаи тавонмандии чехҳо барои раҳбарии Иттиҳодияи Аврупо баён карда буданд. Бархе нашрияҳои дигар инчунин дар мавриди фавқулодда бесубот будани мавқеи ҳукумати Чех изҳори нигаронӣ мекарданд".

Аз рӯи қавонини Ҷумҳурии Чех, ҳоло Мирек Тополанек масъулияти идораи ҳукуматро муваққатан то замони таъини нахуствазири нав аз ҷониби раиси ҷумҳурӣ Ватслав Клаус идома хоҳад дод. Ва дар пай, дар сурати шикаст хӯрдани се мавриди ташкили ҳукумати эътилофӣ дар кишвар интихобот баргузор мешавад. Бо назардошти ин ҳама ва воқеияти сиёсии имрӯзаи ҳукумати Чех, оё шумо таҳаввулоти минбаъдаро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

"Аз назари бисёр сиёсатшиносони маҳаллӣ шонси ташкили як ҳукумати девонсолор дар Чехия хеле кам аст, чунки мухолифин хеле қавӣ ҳастанд ва ба онҳо даст дод, ки як бахши ҳизби Тополанекро ба тарафи худ кашанд. Аз ҳамин хотир бояд интизор шуд, ки тобистон ва ё дар аввалҳои тирамоҳ дар Чехия интихоботи навбатии парлумонӣ баргузор шавад".

Оё бӯҳрони баамаломадаи ҳукуматӣ дар Чехия чӣ паёмадҳое дар сиёсати байналмилалӣ хоҳад дошт?

"Ба назари ман, он чи ки дар Чехия мушоҳида мешавад, бори дигар андешаҳои бархеро дар Аврупои Ғарбӣ тасдиқ мекунад, ки бо шубҳа ба тавонмандиҳои кишварҳои зери султаи шӯравии пешин зиста ва тоза ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо даромада нигоҳ мекунанд. Дар оғози давраи раҳбарии Чехия дар Иттиҳодияи Аврупо бисёриҳо дар Аврупо Ғарбӣ мегуфтанд, ки ин кишвар аз ӯҳдаи ин кор намебарояд, онҳо ба беэътидолии вазъи сиёсии дохилии ин кишвар таъкид мекарданд. Ва ҳолати баамаломада ҳоло метавонад рахнаеро, ки дар миёни Аврупои қадиму нав вуҷуд дошт, боз ҳам амиқтар кунад".

Масъалаи аслии бурузи ихтилофи ҷиддӣ дар миёни ҳизби ҳоким ва мухолифини Чехия аз талоши ҳукумати Мирек Тополанек ба ҳамкории наздиктар бо Ғарб, ризоияташ барои истиқрори сипари зиддимушакӣ дар қаламрави Чех ва мухолифати ҳукумат ба тасвиби созишномаи Лиссабон сарчашма мегирад. Созишномаи Лиссабон ба Бруссел салоҳияти бештарро иҷоза дода маъмуриятҳои раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупоро маҳдудтар мекунад. Аз ин назар, мавқеи ҳизби Тополанек бо раиси ҷумҳурӣ Ватслав Клаус ҳамсон аст, ки дар Аврупо бо тахаллуси "евроскептик" маъруф шудааст. Клаус шадидан мухолифи узвияти кишвараш дар Иттиҳодияи Аврупо мебошад ва мегӯяд, ки он айнан ҳамон сохтори шӯравиро ба ёд меорад, ки ҳама бояд ба марказ тобеъ бошанд. Кирилл Шевчерко меафзояд:

"Агар дар интихобот мухолифин дастболо шаванд, ки дар амал шонси зиёд барои пирӯзӣ доранду аз рӯи назархоҳиҳо сотсиал-демократҳо ҳоло назар ба ҳизби ҳоким 5-7 дар сад маҳбубияти бештар доранд, дар ин сурат радари амрикоӣ дар Чехия гузошта намешавад. Аз сӯи дигар, худи амрикоиҳо ҳам дигар нисбати татбиқи ин тарҳ хунукназарона муносибат мекунанд. Хулоса, дар сурати пирӯзии сотсиал-демократҳо онҳо бештар ба тарафи Бруссел нигоҳ мекунанд. Аз ин назар албатта пирӯзии мухолифин ба манфиати Бруссел хоҳад буд".

Ва бо назардошти ин ҳама, ҳоло ҳамин чиз маълум аст, ки ҳоло маҷароҳои нави зиёд дар пеш аст, ҳамин тавр не?

"Бидуни шак. Дар пешорӯи интихобот ҳоло сиёсатмадорони маҳаллӣ ҳар гуна иттиҳомоти сиёҳкунандаи зиёдро зидди ҳамдигар истифода хоҳанд кард. Ин як шеваи нави сиёсати пешазинтихоботии маҳаллӣ шудааст, ки аз бисёр ҷиҳат ба тарзи баргузории интихобот дар Русияву Украина шабоҳат дорад. Аслан вазъи имрӯзаи Чехия ба ҳолати ҷумҳуриҳои Муштарак-ул-Манофеъ зиёд монанд аст, чунки низоми демократӣ дар ин қаламрав ҳанӯз чандон пешрафтаву собит нашудааст".
XS
SM
MD
LG