Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳсҳои обии Осиёи Марказӣ


Эмомалӣ Раҳмон дар як сафараш ба маҳаллаи бунёди нерӯгоҳи Роғун
Эмомалӣ Раҳмон дар як сафараш ба маҳаллаи бунёди нерӯгоҳи Роғун

Узбакистону Қазоқистон – ду кишвари мухолифи бунёди неругоҳи Роғун талош доранд, ки Туркманистонро низ ҷониби худ бикашанд.

Раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ахиран дар як сӯҳбати телефонӣ бо Қурбонгулй Бердимуҳаммадов аз ӯ хостааст, ки ба сохтмони нерӯгоҳҳои Роғун ва Қамбарота мухолифат кунад. Гуфта мешавад, Ислом Каримов ин мавзӯъро авоили моҳи ҷорй, дар сӯҳбат бо раҳбари Қазоқистон Нурсултон Назарбоев низ дар миён гузошта буд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки се кишвари поёноб - Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон талош доранд алайҳи кишварҳои болооб, яъне Тоҷикистону Қирғизистон як эътилоф ташкил кунанд. Қарор аст, охирҳои ҳамин моҳ дар Алмаато нишасти навбатии Бунёди байналмилалии “Наҷоти Арал” баргузор шавад. Аммо ҳадс зада мешавад, ки дар ин нишаст кишварҳои минтақа мушкилоти баҳри Аралро як сӯ гузошта, аслан мавзӯъи бунёди нерӯгоҳҳои Роғун ва Қамбаротаро ба баҳсу баррасй мекашанд.

Аммо ҳанӯз маълум нест, ки Ислом Каримов то куҷо тавонистааст дар робита ба бунёди нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистону Қирғизистон раисҷумҳури Туркманистонро ба тарафи худ бикашад. Таҳлилгари масоили минтақаӣ Фарид Тухбатуллин мегӯяд, Туркманистон имруз ё пагоҳ бояд аз сиёсати бетарафии худ даст бардорад, зеро, Туркманистон заминҳои зиёде барои кишоварзй ва ба об ниёзмандии эиёд дорад ва ин омил Туркманистонро хоҳ нохоҳ ба он водор месозад, ки дар тақсими оби минтақа ширкат кунад. Дар ин самт манфиатҳои Туркманистон бо манфиатҳои Узбакистону Қазоқистон мувофиқ хоҳад буд.

Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон обро асосан барои обёрии заминҳои худ истифода мекунанд, аммо барои Тоҷикистон ва Қирғизистон об манбаи тавлиди неруи барқ аст. Маҳз ҳамин мавзӯъ кишварҳои минтақаро ба ду ҷабҳа ҷудо кардаву, ҳатто дар ду сангар қарор доданист. Ҳарду ҷониб барои исботи ҳақ будани мавқеъи худ далелҳои зиёде меоваранд ва ба назар мерасад, ки ягон ҷониб нияти муросоро надорад. Коршиноси муқими Тошканд Виктор Ивонин аз мавзеъгирии ҳукумати Узбекистон, пурра ҷонибдорй мекунад ва мегӯяд, барои одамон оби ошомиданӣ намерасад ва аммо Қирғизистону Тоҷикистон бошанд мехоҳанд аз ин об нерӯи барқ тавлид кунанд. Ӯ мегӯяд, агар ҷанг ҳам шавад, Узбакистон мавқеашро дигар намекунад.

Қурбон Кабутов, раиси маркази тадқиқоти оби Пажӯҳишгоҳи физикаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд Тоҷикистон кишвари болооби минтақа аст, вале аз захоири об барои обёрии заминҳои кишоварзӣ танҳо 10-12 дар сади онро истифода мекунад, оби боқимонда ба кишварҳои поёноб дода мешавад. Ва дар ин мавзӯъ набояд мушкиле миёни Тоҷикистон ва кишварҳои поёоб мавҷуд бошад, балки кишварҳои минтақа бояд дар мавриди захира ва истифодаи об бояд ҳамкории судмандро роҳандозӣ кунанд.

Тибқи хабарҳои расида, Тоҷикистон ба бунёди нерӯгоҳи Роғун шурӯъ кардааст ва дар охири сол бояд маҷрои дарёи Вахш баста шавад. Ба гуфтаи мутахассисон, барои бунёди ин нерӯгоҳ 2 миллиард доллар зарур аст ва аммо Тоҷикистон ин маблағро надорад ва ҳанӯз рушан нест, ки ин маблағро аз куҷо дастрас хоҳад кард. Ҳомидҷон Орифов, коршиноси тоҷик, мегӯяд ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, ки сохтмони неругоҳи Роғунро ҳарчи зудтар ба анҷом расонад. Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи ӯ, Тошканд дар роҳи мухолифат ба бунёди ин нерӯҳго аз чораҳои қатъӣ кор мегирад ва аз ҷумла, бо баҳонаи он ки Тоҷикистон баҳои қарзи газро пардохт накардааст, меъёри интиқоли газ ба Тоҷикистонро 40 дар садкам кард.

Ба гуфтаи коршиноси қирғиз Бозорбой Маметов, Бишкек ҳам барои аз фишори сиёсии Тошканд берун омадан, талош дорад сохтмони неругоҳи Қамбаротаро ҳарчй зудтар ба анҷом расонад. Ӯ меафзояд, ба ин масъалаи басо ҳассос Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Ҷаҳонӣ ҳам эҳтиёткорона муносибат мекунанд, зеро баҳси об дар Осиёи марказй метавонад ҷудоиро миёни кишварҳои минтақа амиқтар созад, ки ба манфиати ҳеҷ кадоме аз онҳо нахоҳад буд.
XS
SM
MD
LG