Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамриноти фаврӣ-низомии Узбакистон


Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон аз тамрини фаврӣ-низомии Узбакистон дар вилояти Бекобод, наздик ба ноҳияи Спитамени шимоли кишвар, изҳори бехабарӣ карданд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъ, гуфт, “Ҳич иттилое надорем. Мумкин аст, ягон гурӯҳи фавриро аз Идораи марзбонӣ даъват кардаанд. Аммо аз вазорати дифоъ ҳич намоянда ширкат накардааст”.

Талоши мо барои дарёфти шарҳи бештар аз Кумитаи амнияти миллӣ ва Идораи марзбонии Тоҷикистон тақрибан бенатиҷа буд. Дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ мақомоти Кумитаи амнияти миллӣ низ беиттилоияшон аз баргузории ин тамрини низомиро таъйид карданд.

Аммо чанд рӯзи пеш сафҳаи интернетии Uznews.net навишт, ки Шӯрои амният ва Вазорати умури дохилаи Узбакистон барои ҷилавгирӣ аз ҳамагуна ҳамлаҳои эҳтимолии террористӣ дар марзи наздик бо Тоҷикистон тамрини низомӣ доир кардаанд. Ин сафҳа менависад, комбинати маъдани Узбакистон ё “Узметкомбинат” макони баргузории тамрин интихоб шуд, ки он ҷо ба қавле “террористон” ҳамла овардаанд. Дар ҷойи дигари ин матлаби Uznews.net таъкид мешавад, ки ҳадаф аз интихоби комбинати маъдани Узбакистон беҳуда нест. Агар аз як тараф ин комбинати бузург ва сердаромадест, аз сӯйи дигар ҳамагӣ чандсад метр аз марзи Тоҷикистону Узбакистон қарор дорад, ки онро фақат як симхор ҷудо мекунад. Масъулони ин комбинат бошад, дар сӯҳбат ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтаанд, тамрин тақрибан панҷ рӯз идома кард ва бомуваффақият анҷом ёфт. Як сокини ин вилоят ҳам мегӯяд, дар тамрин натанҳо низомиён, балки сокинони одӣ ҳам ширкат доштанд: “Дар телевизион нишон доданд. Бисёр хуб гузашт. Ҳамаи мо рафтем, тамошо кардем. Сарбозон тамрин мекарданд. Масъулони ҳукумат ҳам омада буданд”.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли коршиносон, Тоҷикистону Узбакистон узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ҳастанд ва метавонанд бо ҳузури намояндагони ду тараф чунин як тамрини низомии муштаракро анҷом диҳанд. Абдуғанӣ Мамадазимов, раҳбари иттиҳодияи сиёсатшиносони Тоҷикистон, огоҳ кардани кишвари ҳамсоя ба ҳангоми баргузории тамринҳои низомӣ дар марзро як принсипи ҳатмии ҳамсоядорӣ донист ва гуфт, ки дар акси ҳол ин тамринот метавонанд заминае барои нигаронии ҷонибҳо ва ихтилофоти назарҳо шаванд.

Аммо иддае дигар аз коршиносон ба ин назаранд, ки тамрини низомӣ ҳаққи ҳар кишвари мустақил аст ва метавонад онро бо огоҳӣ ё бидуни огоҳии кишварҳои ҳамсояаш баргузор кунад. Тамрини низомӣ дар Бекободи наздик ба Тоҷикистонро Неъматулло Мирсаидов, коршиноси маҳаллӣ дар Хуҷанд, нигаронкунанда намедонад. Вай мегӯяд, ин тамрини низомӣ барои ҷониби Тоҷикистон хатаре ба дунбол надорад, дар ҳоле ки мушкили об дар Узбакистон ва мушкили энержӣ дар Тоҷикистон намегузорад, ки ин ду кишвар пой ба рӯйи ҳамдигар гузоранд.

Бо ин ҳама, Тоҷикистону Узбакистон танҳо як моҳ пештар дар мавриди таъйини 90 дарсади хатти марзӣ ба тавофуқ расиданд. Тибқи ин аснод, баҳси марзии ду кишвар дар тӯли муайяншудаи марз ҳалли худро пайдо кардааст, вале то ҳоло чанд мавзеи дигари баҳсӣ дар марз боқӣ мондааст. Бо ин вуҷуд, коршиносон мегӯянд, равобити миёни Тоҷикистону Узбакистон баъди бештар аз даҳ соли сардӣ, ҳарчанд кунду карахт, аммо бо тағйир рӯбарӯ мешавад.
XS
SM
MD
LG