Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни дин: Муносиботи давлат ва дин


Коршиносон бархе аз нуқоти Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ дар мавриди муносибати давлат ва динро хилофи Сарқонуни Тоҷикистон ва асноди зирабти байнулмилалӣ арзёбӣ мекунанд.

Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳбари маънавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар нашрияи ин ҳизб «Наҷот» навиштааст, он нуктаи моддаи 5-уми қонун, ки омадааст, давлат «ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои ҳолатҳои дар қонунҳо пешбинишуда, дахолат намекунад», тавзеҳ мехоҳад, зеро тибқи Сарқонун, дар Тоҷикистон дин аз давлат ҷудо аст. Оқои Ҳимматзода менависад, мутобиқи ҳамин принсипи ҷудоӣ ҳукумат барои инкишофи муассисаҳои динӣ маблағгузорӣ намекунад, пас беҳтар мебуд дар умури иттиҳодияҳои динӣ дахолат намекард.

Ғаффор Мирзоев, корманди Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи улуми Тоҷикистон, мегӯяд, дар шароити имрӯза ҳукумат наметавонад, ки аз фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ сарфи назар кунад. Вай меафзояд, «дар ҳамин бархӯрди мазҳабҳо, ки солҳои охир дар Тоҷикистон ба назар мерасад, масалан, миёни равияҳои навбаромад аз қабили салафиҳову ҳизб-ут-таҳририҳо ва мазҳаби анъанавии ҳанафия, тавре мо шоҳид будем, агар дахолати давлат намебуд, ин мухолифатҳо дар доираҳои динӣ ҳалли худро намеёфт».

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, мегӯяд, моддаи 7-уми Қонун, ки «Низоми таҳсилоти давлатӣ ва таълими динӣ» унвон дорад, низ ба принсипи ҷудоии давлату дин муғойират дорад. Вай афзуд, вақте низоми таҳсилоти Тоҷикистон дунявӣ аст, масалан, дар тобеияти вазорати маориф қарор доштани донишкадаи исломӣ мантиқ надорад. Вай афзуд, ба ҳамин минвол сар то пои қонун як гуна эҷод кардани маҳдудиятҳо дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ аз сӯи давлат аст.

Фаррух Умаров, корманди маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, зимни қонун ва гӯиё дахолати бармалои ҳукумат ба умури иттиҳодияҳои динӣ ҳамчунин таъсири сиёсатҳои геополитикӣ нуҳуфтааст. Ба қавли ӯ, «идеологияи исломӣ ҳамчун абзор метавонад дар бархӯрдҳои геополитикӣ истифода шавад. Яъне давлат ин ҷо мекӯшад, бо риояи қавонини демократия амнияти кишварро таъмин кунад».

Коршиносон мегӯянд, қонуни ҷадиди озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, ки аз сӯи раисҷумҳури Тоҷикистон имзо шудааст, таҳрир мехоҳад. Онҳо мегӯянд, ба ин ҳам ҳукумат ва ҳам мунтақидони Қонун манфиатдор ҳастанд.

Бахши аввал: Нақши махсуси Ҳанафия
Бахши дуввум: Иттиҳодияҳои динӣ
Бахши севвум: Маҳдудият дар таблиғот
XS
SM
MD
LG