Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комиссиюн пешниҳоди ҲНИТ-ро намепазирад


Муҳаммадалӣ Ҳайитов, ҷонишини раиси ҲНИТ
Муҳаммадалӣ Ҳайитов, ҷонишини раиси ҲНИТ

Комиссиюни марказии интихоботӣ таъйиди номзади пешниҳодии ҲНИТ ба ҷойи вакили истеъфододаи ин ҳизб дар Маҷлиси Намояндагонро рад мекунад.

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон асноди Муҳаммадалӣ Ҳайитов, нафари сеюми ин ҳизб дар феҳристи интихоботиаш ба ҷойи Муҳаммадшариф Ҳимматзода - раҳбари рӯҳонии ин ҳизбро, ки бо хоҳиши худ аз вакили дар Маҷлиси Намояндагон истеъфо додааст, барои таъйиди ваколаташ дар ҳафтаи гузашта ирсол карда буд.

Масъулони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон асноди номзади пешниҳодкардаи ҲНИТ дар Маҷлиси Намояндагон ба ҷойи вакили истеъфододаро таъйид нахоҳанд кард.

Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари дастгоҳи иҷроияи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, тасдиқ кард, ки номаи ин ҳизб бо дархости таъйиди номзади нафари сеюм – Муҳаммадалӣ Ҳайитов ба ҷойи Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро дарёфт кардааст. Аммо, афзуд оқои Додоҷонов, пешниҳоди ҳизб пазируфта намешавад ва нафаре дигар аз ин ҳизб ба порлумон роҳ нахоҳад ёфт. Зеро қонуни интихоботи Маҷлиси Олии кишвар ин гуна ҳуқуқро на ба вакил аз феҳристи ҳизбӣ ва на аз ҳавзаи инфиродӣ то замони камтар аз як сол барои интихоботи навбатӣ надодааст.

Ин дар ҳолест, ки Ашӯрбой Имомов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар ин бора назари дигар дорад. Ӯ гуфт, дар қонуни интихоботи Маҷлиси Олӣ сухан дар бораи баргузории интихоботи такрорӣ то як соли хатми фаъолияти Маҷлис ва низ интихоботи навбатии сартосарӣ меравад, дар ҳоле ки дар мавриди пешомада гап дар бораи интихобот намеравад. Аз ин рӯ, гуфт оқои Имомов, даъвои ҲНИТ барои ворид кардани намояндааш ба порлумон дар доираи қонун сурат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол Сафаралӣ Раҷабов, раиси кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, иқрор кард, ки як чунин таҷриба дар таърихи парламентаризми Тоҷикистон бори аввал рух додааст. Вай гуфт, ба ҳар сурат вақте анҷоми ин баҳс дар салоҳияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мавқеи ин ниҳодро дуруст мешуморад.

Аммо Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси мустақили тоҷик, тавзеҳи вакили Маҷлиси Олӣ ва мавқеъгирии масъули Комиссиюни марказии интихоботро мунсифона намеҳисобад. Оқои Қудратов гуфт, ҳизбе, ки вориди порлумон шудааст, дар ҳар мавриди дилхоҳ метавонад афроди худро дар порлумон иваз кунад.

Барои ин кор қонун монеа пеш нагузоштааст. Зеро, барои мисол, Ҳизби наҳзати исломӣ дар замони интихоботи соли 2005 тавонист тавассути феҳристи ҳизб ду намоянда вориди порлумон кунад. Ва барои ин ду намоянда ӯ раъйи ҷонибдоронашро гирифтааст. Ва ҳоло, ки Комиссияи интихоботӣ раъйи мардумро нодида ва ваколати намояндаи нави ҳизбро таъйид намекунад, даст ба қонуншиканӣ мезанад.

Ба ин тартиб масъулони Комиссияи марказии интихобот гуфтанд, ки дар наздиктарин фурсат посухи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва далоили напазируфтани номзади онҳоро хоҳанд дод.

Муҳибулло Додоҷонов, роҳбари дастгоҳи иҷроияи КМИР, сару садоҳо дар ин бораро, ки мақомот аз вуруди Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, ба унвони намояндаи ин ҳизб дар порлумон намехоҳанд, бепоя хонд. Оқои Додоҷонов гуфт, ки КМИР ба унвони иҷрогари масъулият танҳо ва танҳо дар доираи қонун иқдом хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол роҳбарони ҲНИТ гуфтанд, бо муҷарради дарёфти посухи хаттии КМИР баҳсро дар додгоҳи Қонуни асосӣ идома хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG