Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсеаи бозори лизинг дар Тоҷикистон


Ширкати «Нахустлизинг»-и «Тоҷиксодиротбонк» ахиран барои «ТоҷикЭйр» ҳавопаймои Боинг-757-ро харидорӣ кард
Ширкати «Нахустлизинг»-и «Тоҷиксодиротбонк» ахиран барои «ТоҷикЭйр» ҳавопаймои Боинг-757-ро харидорӣ кард

Ба иттилои IFC ё Корпоратсияи молии байнулмилалӣ ва Бонки ҷаҳонӣ, бозори лизинг дар Тоҷикистон дар тӯли се соли ахир ташкил ва тавсеа ёфтааст.

Ин бозор се сол қабл бо кумаки фаннии Корпоратсияи молии байнулмилалӣ ва кумакҳои молии давлати Шветсария ташкил шуда буд ва ҳоло дар Тоҷикистон шаш кишвари хусусӣ ва як ширкати давлатии лизинг дар бозор фаъол аст. Ба ин далел Корпоратсияи молии байнулмилалӣ сарнавишти ояндаи ин бозор ва расонидани кумакҳои фаннӣ ба ин бахшро бар души Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи созмонҳои хурди қарздиҳӣ ҳавола кардааст.

Корпоратсияи молии байнулмилалӣ ва Бонки ҷаҳонӣ дар ҷараёни баррасии барномаи сесолаи ташкилу тавсеаи бозори лизинг дар

Лизинг низ ҳамон қарз аст, аммо на қарзи пулӣ...

Тоҷикистон гуфтаанд, ки тӯли ин се сол ширкатҳои лизингӣ ба маблағи 32 миллиону 400 ҳазор доллар додуситадҳоро анҷом додаанд, ки дар натиҷа ширкатҳои лизингии Тоҷикистон 7 миллион доллар даромад ба даст овардаанд.

Қабл аз он ки дар бораи бозори лизинг сӯҳбат кунем, ба тавзеҳи ин бозори ҷадид дар Тоҷикистон ниёз дорем. Ба ин далел дар гуфтугӯ бо Заррина Одинаева, ҳамоҳангсози барномаи ташкили бозори лизинг дар Тоҷикистон, ин суолро дар миён гузоштем. Заррина Одинаева гуфт, «лизинг низ ҳамон қарз аст, аммо на қарзи пулӣ. Агар тоҷир ё соҳибкор барои дарёфти қарзи пулӣ ба бонк муроҷиат кунанд, дар бозори лизинг ҳамин тоҷир ё соҳибкор барои хариди дастгоҳ ва ё таҷҳизоти лозим барои истеҳсолоташ ба ширкати лизинг муроҷиат мекунад. Ширкати лизинг ба соҳибкор ё тоҷир дастгоҳ мехарад. Ва тоҷир ё соҳибкор муваззаф аст, ки на дар як сол, балки тӯли се ё чор сол пули дастгоҳро баргардонад».

Ҳамоҳангсози барномаи ташкили бозори лизинг дар Тоҷикистон афзуд, тӯли ин се сол ширкатҳои лизингӣ барои 114 нафар тоҷир дастгоҳу таҷҳизотҳои мухталиф харидорӣ кардаанд, ки ба пешрафти бахши хусусӣ кумак кардааст. Барои мисол Заррина Одинаева гуфт, ширкати дорусозии «АнисФарм»-и шаҳри Регар се дафъа аз ширкатҳои лизинг дастгоҳу таҷҳизот ворид карда ва дар ҳоли ҳозир яке аз ширкатҳои бузурги дорусозӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меояд. Ҳамчунин вай гуфт, ширкати «Нахустлизинг», ки аз сӯи «Тоҷиксодиротбонк» ташкил шудааст, барои ширкати «ТоҷикЭйр» ҳавопаймои Боинг-757-ро харидорӣ кард.

Ба гуфтаи Заррина Одинаева, дар соли 2008 аз сӯи давлати Тоҷикистон ширкати «Агролизинг» ташкил шуд, ки он дар дарёфти васоили фаннӣ, аз ҷумла мошинолотҳои кишоварзӣ ба иттиҳодияҳои деҳқонӣ кумак мекунад. Ширкати «ЛизингФинанс» аз сӯи «Агроинвестбонк»-и Тоҷикистон ташкил шудааст.

Баҳром Шарифов, мушовири раиси «Агроинвестбонк», аҳамияти ин бозор дар пешрафти иқтисоди дар Тоҷикистонро чунин тавзеҳ дод: «Ширкатҳои лизинг барои бо дастгоҳу фановариҳои ҷадид таъмин кардани бахши истеҳсоло кумак мекунад. Ба ин васила тоҷик ё соҳибкор имкон дорад, истеҳсолоти худро бо фанновариҳои нав бидуни қарз гирифтан аз бонкҳо таъмин кунад. Хариди ҳамчунин таҷҳизот аз тариҷи ширкатҳои лизинг дар пардохти молиёт ва тарофаҳои гумрукӣ аз имтиёз бархурдор аст, ки барои соҳибкор ё тоҷир арзон тамом мешавад ва вай имкон дорад тӯли се то панҷ сол пули ин дастгоҳ, ё фановариро баргардонад».

Ин дар ҳолест, ки тӯли се сол бо кумаки Корпоратсияи молии байнулмилалӣ ва кумакҳои молии давлати Шветсария дар Тоҷикистон ширкатҳои лизингии «Нахустлизинг» («Тоҷиксодиротбонк»), «ЛизингФинанс» («Агроинвестбонк»), «БРТ-Лизинг» (Бонки тавсеаи Тоҷикистон), «ОриёнЛизинг» («Ориёнбонк») ва «КоммерсЛизинг» («Тоҷикпромбонк») ташкил шудааст, ки дар ҳоли ҳозир дар пешрафти иқтисод, нақлиёту роҳ, коркарди маводи хом, тавлиди колоҳои санъатӣ ва ғизоӣ, ҳамчунин боғдориву пахтакорӣ фаъоланд.

XS
SM
MD
LG