Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси Дорулқазо дар Молоканд


Ҷангиёни толиб дар Бунер
Ҷангиёни толиб дар Бунер
Ин дар ҳолест, ки нирӯҳои Покистон алайҳи толибони ифротгарое, ки вориди минтақаи Молоканд, воқеъ дар ҳамагӣ 100-километрии пойтахти кишвар, шаҳри Исломобод шудаанд, амалиёти густардаи низомиеро ба роҳ андохта, мегӯяд, дар садади комилан шикаст додани ин ҷангиёни толиб аст.

Мақомоти устони шимолу ғарбии Покистон гуфтанд, додгоҳи таҷдиди назари исломӣ, ё худ Дорулқазо дар минтақаи Молоканд таъсис ёфтааст. Вазири иттилооти минтақа Миён Ифтихор Ҳусайн гуфт, барои пешбурди умури Дорулқазо ду қозиро таъйин кардаанд.

Бар асоси қарордоди сулҳе, ки моҳи феврал миёни давлат ва тундравони мазҳабӣ дар водии Свот имзо шуд, мақомоти Покистон дар ивази хатми рӯёрӯиҳо ба ҷорӣ кардани қонунҳои шариъат дар ин водӣ ва манотиқи атрофи он ризоият доданд.

Ифтихор Ҳусайн гуфт, ҷониби давлат акнун ҳама тааҳҳудоташро иҷро кард ва дигар навбати ҷангиёни толиб аст, ки бар ваъда амал кунанд. Миён Ифтихор Ҳусайн гуфт, Сӯфӣ Муҳаммад, як рӯҳонии маъруфи рӯ ба Толибон дар минтақа, акнун муваззаф аст, чирикиҳои толибро ба халъи силоҳ даъват кунад.

Аммо тавре ба назар мерасад, он қарордоди сулҳ ҷангиёни водии Свотро чунон рӯҳбаланд кард, ки онҳо ба дунбол вориди ноҳияи ҳамҷавори Бунер шуданд ва роҳҳову пулҳои ин минтақаро зери назорати худ оварданд. Ба ин тартиб, ба ҷойи халъи силоҳ, ҷангиёни толиб баръакс ба самти пойтахти Покистон наздиктар рафтанд ва дар ҳамагӣ 100-километрии Исломобод қарор гирифтанд.

Артиши Покистон ҳафтаи гузашта алайҳи ҷангиёни толиб дар Бунер амалиёти густардаеро оғоз кард ва мегӯяд, то кунун даҳҳо ҷангиро ба ҳалокат расондааст.

Қарордоди моҳи феврали сулҳ дар водии Свот мояи интиқодҳои фарогири байналмилалӣ шуд. Мақомоти Амрико ин қарордодро ҳамчун аломати ақибнишинӣ ва ҳатто таслим шудани давлати Покистон дар баробари ҷангиён хонда, изҳори нигаронӣ мекунанд, ки водии Свот акнун ба як паноҳгоҳи амни ҷангиёни Ал-қоида табдил шуда, онҳо ҳамалоти худ алайҳи нирӯҳои дар марзи Афғонистони мустақаршудаи НАТО ва Амрикоро дигар аз ҳамин паноҳгоҳ роҳандозӣ хоҳанд кард.

Рӯзи чоршанбе як мавзӯъи аслии матрӯҳа дар мулоқоти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама бо ҳамтоёни афғону покистониаш Ҳомиди Карзай ва Осифалӣ Зардорӣ дар Кохи Сафед вазъи кунунии Покистон, аз ҷумла ҳамин масъалаи қарордоди сулҳ бо ҷангиёни водии Свот хоҳад шуд.

Бо ин ҳол, сокинони маҳаллӣ дар мавриди таҳаввулоти ахир назарҳои мухталиф доранд. Эҳтимоли бурузи хушунатҳои бештар дар аҳди ҷангиён ҳазорон нафарро маҷбур ба тарки ин қаламрав мекунад.

Аммо тарафдорони Толибон низ дар шимолу ғарби Покистон кам нестанд. Нурмуҳаммад, як тоҷири маҳаллӣ мегӯяд, ки ӯ ҷонибдори ҷорӣ шудани қонунҳои шариъат аст: “Мо бояд қонунҳои Исломро ҷорӣ кунем, чунки инро мардум мехоҳад. Мо аз ин хуш хоҳем шуд. Мо чизи дигаре намехоҳем. Дар ин ҷо бояд Ислому мусалмонӣ бошад, бародарӣ бошад. Ин аст ҳама ончи ки мо мехоҳем.”

Мақомоти устони шимолу ғарбии Покистон мегӯянд, агар Толибон қарордоди сулҳро зери по кунанд, ҷониби давлат, ки ҳама ӯҳдадориҳои худ тибқи қарордоди сулҳро иҷро кард, метавонад ба пуштибонии бештари мардум дар муқобили Толибон умед бандад.
XS
SM
MD
LG